Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
  • Таваррум дар моҳи октябр
    0,1%
  • 7,3%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд сомонӣ
    17,7
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 02 декабри с.2019)12,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (Октябр)13,06
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2019
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-окт)
    10,40
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,45
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    19,39
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    21,77
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,51




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 11.12.2019

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2389.35 2446.41
10 4691.72 4803.77
20 9237.35 9457.95
50 22855.17 23400.99
100 45545.57 46633.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    25 26 27 28 29 30 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31 1 2 3 4 5
  • Яндекс.Метрика

Посух ба АМИТ “Ховар” ва Радиои “Озодӣ

16.01.2018

Бонки миллии Тоҷикистон оид ба масъалаи Биткоин  ва дигар паҳлуҳои муҳимми ба он дахлдошта чунин иттилоъ медиҳад:

Биткоин (Bitcoin) – як навъи асъори рақамӣ (крипто-асъор) буда, он танҳо дар доираи шабакаи Интернет бароварда (эмиссия) мешавад ва дар ин шабака дар муомилот қарор дорад. Барориши Биткоин дар натиҷаи кори миллионҳо компютерҳо дар тамоми ҷаҳон бо истифодаи барномаҳои ҳисобу китоби алгоритмҳои мураккаби математикӣ таъмин карда мешавад. Яъне, дар асл Биткоин ҳамчун асъор ба таври воқеӣ вуҷуд надорад. Танҳо рӯйхатҳои (реестрҳои) махсус вуҷуд доранд, ки дар онҳо Биткоинҳо ва амалиёт бо онҳо ба ҳисоб гирифта мешаванд. Чунин рӯйхатҳоро блокчейн низ меноманд. Блокчейн – пойгоҳи маълумоти тақсимшудае мебошад, ки дар он иттилоот оид ба амалиётҳои аз ҷониби иштирокдорони низом анҷомдодашуда, ба таври занҷири блокҳо дарҷ мегарданд.

Аввалин маротиба ғояи барориши крипто-асъорҳо ҳануз соли 1992 пайдо гардида буд, аммо истифодаи онҳо оммавӣ нагардид. Танҳо соли 2008 ғояи барориши крипто-асъор бо номи Биткоин аз ҷониби барномасоз таҳти тахаллуси Сатоши Накамото дар амал татбиқ гардид.

Низоми Биткоин дар асоси шабакаи пирингӣ (якранга) сохта шудааст. Ин маънои онро дорад, ки ҳамаи иштирокчиёни он ҳуқуқи баробарро соҳибанд. Низом ғайримутамарказ мебошад, яъне маркази ягонае, ки фаъолияти низом аз он вобаста бошад ё идора карда шавад вуҷуд надорад. Биткоинро ягон мақомот назорат ва танзим намекунад.

Айни замон дар фазои виртуалии Интернет зиёда аз 1200 адад крипто-асъорҳо дар муомилот мебошанд. Крипто-асъорҳое, ки бештар маъруфанд инҳоянд: Bitcoin, Ethereum, Ripple, Litecoin, NEM, Ethereum Classic ва ғайра.

Қурби Биткоин дар “биржаҳои” махсусе, ки дар онҳо Биткоин мубодила мегардад, муайян гардида истодааст. Дар тафовут бо асъорҳои муқаррарӣ Биткоин бо ягон дороиҳо таъмин нест, танзим карда намешавад, ба ягон давлат ё иқтисодиёт вобастагӣ надорад ва тавре дар боло қайд гардида буд, дар воқеият вуҷуд надорад. Мубодилаи Биткоин ба пулҳои муқаррарӣ дар ин “биржаҳо” ва платформаҳои сершумори мубодилаи крипто-асъорҳо анҷом дода мешавад. Айни замон қурби Биткоин ноустувор буда ба лаппишҳои ниҳоят калон дучор гардида истодааст ва характери ҳаннотӣ (спекулятивный) дорад. Аз ин рӯ, дар арсаи байналмилалӣ коршиносони пуртаҷриба ҳангоми харидорӣ намудан ва додугирифти Биткоин эҳтиёткориро тавсия медиҳанд.

Аз нуқтаи назари сиёсати давлатӣ аз ҷониби аҳолӣ истифодаи низоми пардохтии ниҳонӣ (анонимӣ) хатарҳо ва хавфҳои иҷрои амалиётҳои марбут ба маблағгузории терроризм ва шустушӯи пул ва дигар амалиётҳои молиявии ғайриқонуниро зиёд мекунад. Зеро, ки амалиётҳо бо крипто-асъорҳо бидуни бонкҳо ва дигар институтҳои молиявӣ, мустақиман байни дорандагони ҳамёнҳои Биткоин амалӣ карда мешаванд. Масалан дар яке аз платформаи интернетӣ фурӯши моддаҳои психотропӣ ва маводи нашъадор бар ивази Биткоин ба роҳ монда шуда буд. 

Танзими крипто-асъорҳо
Дар арсаи байналмилалӣ мавқеи ҳуқуқии Биткоин дар кишварҳои гуногун фарқ мекунанд. Дар як қатор кишварҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ кӯшиши ба муомилоти низоми молиявӣ ворид намудани Биткоин амалӣ шуда, расман амалиёт бо Биткоин иҷозат дода шудааст. Одатан, крипто-асъорҳо ҳамчун мол ё дороиҳои инвеститсионӣ шинохта шудаанд. Дар баъзе давлатҳо Биткоин ҳамчун асъори баҳисобгирӣ (масалан, дар Олмон) ё ҳамчун воситаи пардохт (масалан, дар Ҷопон) эътироф карда шудааст.

Дар давлатҳои дигар бошад, аз қабили Хитой, Ҳиндустон, Бангладеш, Таиланд, Ветнам ва ғайра гузаронидани амалиёт бо Биткоин ва фаъолияти биржаҳои крипто-асъорҳо манъ аст.

Масалан, Вазорати молияи Ҳиндустон крипто-асъорҳоро ба аҳромҳои (пирамидаҳо) молиявӣ шабоҳат дода, аҳолии кишварро барои худдорӣ намудан аз хариду фурӯши крипто–асъорҳо даъват менамояд ва таъкид менамояд, ки шахсони бо хариду фурӯши крипто–асъорҳо машғулбуда худро ба хавфҳои молиявӣ, амалиётӣ ва ҳуқуқӣ дучор менамоянд.

Бинобар ниҳонӣ ва беисм (анонимӣ) будани дорандагони Биткоин ва амалиётҳо бо он, инчунин мавҷуд будани ҳолатҳои истифодабарии Биткоин бо мақсадҳои ҷиноӣ, мақомоти дилхоҳ давлатро водор менамояд, ки падидаи крипто-асъорҳоро таҳти таҳлил ва танзими қатъӣ қарор диҳад.

Бо вуҷуди он, ки муомилоти Биткоин рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст, аммо то ҳол муқаррарот ва ё нигоҳи ягонаи бонкҳои марказӣ ва мақомоти давлатӣ ҷиҳати танзими крипто-асъорҳо ва мавқеи ҳуқуқии онҳо муаяйн карда нашудааст.

Дар баробари ин, дар асоси технологияи муосири блокчейн дар як қатор давлатҳо лоиҳаҳои барориши крипто-асъорҳои миллӣ дар доираи бонкҳои марказӣ баррасӣ шуда истодаанд (масалан, Британияи Кабир, Кореяи Ҷанубӣ, Исроил, Украина, Канада ва ғ.). Аз ҷумла, Бонки Канада ҳамчун бонки марказии ин кишвар лоиҳаи CADcoin-ро, ки дар якҷоягӣ бо бонкҳои калонтарин, аз қабили Bank of Montreal, CIBC, Royal bank of Canada, Scotiabank ва TD Bank, инчунин, дар ҳамкорӣ бо консортсиуми бонкии R3CEV амалӣ намуда истодааст.

Тибқи моддаи 64 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” – пули миллии ба муомилот баровардашуда ва дар гардиш қарордошта воситаи ягона ва истисноии пардохти ҳар гуна уҳдадориҳои пулӣ ва ҳисоббаробаркуниҳо буда, қабули он бо арзиши номиналиаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи тамоми пардохтҳои пулӣ ҳатмӣ мебошад.

Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон крипто-асъорҳо, аз ҷумла Биткоин ба монанди дигар асъорҳои хориҷӣ ҳамчун воситаи қонунии пардохт эътироф нагардидааст ва оиди истифодаи он низ сухане дарҷ нагаштааст, вобаста ба ин дар қаламрави кишвар амалиётҳои молиявию бонкӣ бо истифодаи онҳо гузаронида намешаванд.

Чунон ки дар боло қайд гардид , Биткоин танҳо дар шабакаи Интернет барориш ва дар муомилот қарор дорад, аз ин рӯ бинобар ниҳонӣ будани он муайян намудани шахсияти дорандагони Биткоин дар ҳудуди кишвар ва ё аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар давлат ғайриимкон мебошад.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза бо таваҷҷуҳи хосса таҷрибаи ҷаҳониро ва ҳамагуна иттилооти вобастаро, ҷиҳати танзими ҳуқуқии Биткоин ва дигар крипто-асъорҳо, инчунин назари таҳлилгаронро оид ба таъсири мусбат ва ё манфӣ доштани истифодаи ин асъорҳо ба низоми молиявии ҷаҳон омӯхта истодааст.

Бо вуҷуди ин, бояд дар хотир дошт, ки ҳамаи ҳисоббаробаркуниҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо пули миллӣ – сомонӣ иҷозат дода шудааст ва танҳо он воситаи қонунии пардохт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 654

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Ба ман фарқ надорад;
        4768 (54.54%)
      2. Не, аз он ягон фоида нест;
        2151 (24.61%)
      3. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        830 (9.49%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        5856 (66.99%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        1360 (15.56%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        314 (3.59%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ