Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
  • Таваррум дар моҳи ноябр
    0,6%
  • 7,5%
  • Пулҳои захиравӣ (ноябр), млрд сомонӣ
    18,5
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 02 декабри с.2019)12,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (Ноябр)12,96
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2019
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-окт)
    10,40
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,45
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    19,39
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    21,77
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,51




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 16.12.2019

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2396.01 2453.23
10 4705.05 4817.42
20 9264.01 9485.25
50 22921.82 23469.23
100 45678.88 46769.77

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    25 26 27 28 29 30 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31 1 2 3 4 5
  • Яндекс.Метрика

Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба МҚД/МТ/МПСҚО баргузор гардид

21.02.2018

20 феврали соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – роҳбари Комиссия Маҳмадалӣ Ватанзода баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба даври 2-юми баҳодиҳии низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО-и кишвар ва ташрифи ҳайати коршиносон-баҳогузорони Гурӯҳи Авросиё оид ба МҚД/МТ ба шаҳри Душанбе дар моҳи марти соли равон муҳокима гардиданд.

10113.jpg

Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Ватанзода М. оғоз намуда, сипас, мутобиқи рӯзномаи ҷаласа намояндагони як қатор вазорату идораҳо ва аъзоёни Комиссия доир ба масъалаҳои мухталиф суханронӣ намуданд.

Аз ҷумла, муовини Раиси БМТ Сироҷиддин Икромӣ иштирокдоронро бо натиҷаҳои фаъолияти анҷомдода дар мавриди омодагӣ ба даври 2-юми баҳодиҳии тарафайн аз наздик ошно сохта, барои самаранок ба итмом расидани ин марҳилаи барои кишвар муҳим маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуд. Дар баробари ин, аз ҷониби муовини директори Департаменти мониторинги молиявӣ Закирова Т.М. оид ба омодагӣ ба даври 2-юми баҳодиҳӣ маълумот пешниҳод гашта, раванди ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами рӯз дар ин самт аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ қайд гардид.

DMM.jpg

Дар рафти ҷаласа аъзоёни Комиссия оид ба як қатор масъалаҳои марбут ба даври 2-юми баҳодиҳии тарафайн ибрози назар намуда, омодагии худро барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин марҳилаи муҳим изҳор доштанд. Қобили қайд аст, ки ноил гаштан ба натиҷаҳои мусбат дар даври 2-юми баҳодиҳии тарафайн ба рушди соҳаҳои мухталифи кишвар, аз ҷумла нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ мусоидат хоҳад намуд. Дар робита ба ин, бояд зикр кард, ки омодагӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани баҳодиҳии тарафайн вазифаи ҳар як сохтори давлатӣ ва намояндагони бахши хусусӣ ба шумор меравад.

Маврид ба зикр аст, ки дар доираи ҷаласаи Комиссия инчунин, як қатор масъалаҳои марбут ба фаъолияти амалии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти МҚД/МТ/ММПСҚО, аз ҷумла, мавриди мувофиқа қарор додани лоиҳаҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои кишвар, муҳокимаи масъалаҳои ҳамкории Департаменти мониторинги молиявӣ дар назди БМТ бо мақомоти танзим ва назорати давлатӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО баррасӣ гардиданд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 1093

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Ба ман фарқ надорад;
        4770 (54.34%)
      2. Не, аз он ягон фоида нест;
        2175 (24.78%)
      3. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        840 (9.57%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        5867 (66.84%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        1367 (15.57%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        316 (3.60%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ