Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Ноябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 30 31 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 1 2 3 4 5 6
  • Яндекс.Метрика

Баррасии лоиҳаи Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ

26.06.2018

САДОИ МАРДУМ, №77 (3871) 23.06.2018

20 июни соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор шуд.

Дар баробари масъалаҳои дигари рӯзнома дар ҷаласа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» баррасӣ гардид.

Аз рӯи масъалаи мазкур Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин ИКРОМӢ ба сухан баромада, аз ҷумла изҳор дошт, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда дар робита ва алоқамандӣ ба лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» таҳия шудааст.

IMG_7311.jpg

Лоиҳаи мазкур бо дарназардошти тавсияҳои мушовирони байналмилалии Хазинаи байналмилалии асъор таҳия гардида, иҷрои муқаррароти Матритсаи Барномаи Бонки ҷаҳонӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба маблағгузории сиёсати рушд таъмин намуда, ҳамчунин қонуни амалкунанда «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ»-ро такмил ва ба қонунгузории ҷорӣ, таҷрибаи байналмилалӣ мутобиқ менамоянд.

Ҳамчунин, лоиҳаи қонуни мазкур вазифаҳоеро, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 вобаста ба такмили қонунгузории соҳаи бонкӣ ва бо мақсади дастгирии ташкилоти қарзӣ дар вазъи буҳрони молиявӣ дарҷ гардидаанд, дар бар мегирад.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба ҳалли масъалаҳои зерин равона шудааст:

  • иштироки Хазина дар солимгардонии (таҷдиди сохтори) ташкилоти қарзӣ;
  • маблағгузорӣ ба бонки мутавассит аз ҷониби Хазина;
  • кам намудани пардохтҳои тақвимӣ барои ташкилоти қарзӣ;
  • бо мақсади баланд бардоштани эътимоду боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ, ҷиҳати ҷалби бештари маблағҳои озоди аҳолӣ бо пули миллӣ ва афзоиши пешниҳоди қарзҳо ба иқтисодиёт андозаи ҷубронпулии пасандозҳо бо пули миллӣ зиёд гардида, тартиби пардохти онҳо мушаххас карда шудааст. Тибқи тағйироти мазкур, андозаи ҷубронпулӣ бо пули миллӣ аз 350 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба 500 нишондиҳанда баланд бардошта, андозаи он аз 17 500 сомонӣ ба 25 000 сомонӣ зиёд карда шуд;
  • ҳолатҳои ҷуброн накардани пасандозҳои шахсони вобастаи ташкилоти қарзӣ;
  • талаботи санҷиши хароҷоти камтарин барои Хазина ҳангоми таҷдиди сохтори ташкилоти қарзӣ;
  • интиқоли пасандозҳои суғурташудаи ташкилоти қарзии таҳти таҷдиди сохтор қарордошта ба дигар ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла бонки мутавассит;
  • тартиби муваққатан боздоштани пардохтҳои тақвимии ташкилоти қарзии таҳти батанзимдарорӣ қарордошта;
  • ҳимояи ҳуқуқии кормандон ва намояндагони Хазина ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ;
  • мубодилаи маълумоти зарурӣ бо ташкилоти хориҷии суғуртаи пасандозҳо ё бо дигар мақомоти ватаниву хориҷӣ;
  • аз пардохти боҷи давлатӣ дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Хазина;
  • масъалаҳои умумии ҷавобгарии Хазина (кормандон ва намояндагони қонунии он), кафолатҳои умумии ҷавобгарии он ва мавриди баҳс қарор додани қарорҳои он.

Сироҷиддин Икромӣ аз ҷумла зикр кард, ки тибқи лоиҳаи қонуни мазкур, таҷрибаи дастгирии молиявии бонкҳои низомсоз аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ҷойдоштаи он мукаммал карда мешаванд.

Сипас, сухан аз рӯйи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор Назир дода шуд, ки мавсуф аз ҷумла қайд намуд:

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 2018, № 1777 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

IMG_7291.jpg

Лоиҳаи қонунро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда ҷонибдорӣ карда, ҳамчунин 20 таклиф пешниҳод намуданд.

Дар ҷаласаи васеи кумита (12 июни соли 2018) лоиҳаи қонуни зикргардида бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз 20 таклифи пешниҳодшуда 11-тоаш қабул гардид.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор Назир пешниҳод намуд, ки лоиҳаи қонуни зикргардида ҷонибдорӣ карда шавад.

Ҳамин тавр, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

www.sadoimardum.tj


Диданд: 6537

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ