Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Технологияҳои муосир ва платформаи инноватсионии маблағгузорӣ дар рӯнамоӣ

24.07.2018

21 июли соли 2018 таҳти роҳбарии Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва иштироки роҳбарони воҳидҳои сохториву кормандони Бонки миллии Тоҷикистон машғулияти омӯзишӣ оид ба баррасии рӯнамоиҳои навбатӣ аз таҷрибаи андӯхтаи мутахассисон дар давлатҳои дигар баргузор гардид.

563A9092.JPG

Дар қисмати аввали муаррифӣ мутахассиси Идораи муносибатҳои байналмилалии БМТ Шаҳбози Камолиён рӯнамои худро аз семинари байналмилалии “Дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ барои соҳибкории хурду миёна”, ки аз ҷониби Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ (Alliance for Financial Inclusion) дар якҷоягӣ бо Бонки марказии Малайзия (Bank Negara Malaysia) пешниҳод намуд. Зимни рӯнамоӣ Шаҳбози Камолиён оид ба усулҳои пешниҳоди хизматрасониҳои молиявӣ, истифодаи технологияҳои муосир дар ин самт, платформаи инноватсионии маблағгузорӣ, роҳҳои алтернативӣ барои санҷидани мизоҷ ва интиқоли маблағҳо, инчунин тартиби ҷамъоварии маълумот ва ташкили кори бонкҳои марказӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм аз тарҷибаи андӯхтаи худ ба ҳозирин маълумоти мушаххас манзур намуд.

563A8978-2.JPG

Дар идомаи чорабинӣ мутахассисони Департаменти мониторинги молиявӣ Бежан Юнусӣ, Шарифҷон Қурбонов ва Зокирҷон Давлатов дар хусуси барномаҳои омӯзишии худ дар мавзӯъҳои “Ташкили кори бонки марказӣ дар соҳаи МҚД/МТ”, “Механизми шарҳи Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия” ва “Убури ғайриқонунии ҷараёни молиявии алоқаманд бо ҷиноятҳои трансмиллӣ ва коррупсияи муташаккил” бо маърӯзаҳо баромад намуданд.

563A9001-3.JPG

Баъди баромади мутахассисон қисмати муҳокимаронӣ шурӯъ шуда, ҳозирин ба суолҳои худ оид ба даврҳои омӯзишӣ ва таҷрибаи дигар давлатҳо аз самтҳои андӯхташуда посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

563A9023-4.JPG

Дар ҷамъбасти чорабинӣ, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев оид ба тарзи масъалагузорӣ дар рафти муаррифии рӯнамоиҳо ибрози назар намуда, ба тарзи пешниҳоди мавзӯъ, хулоса ва тавсияҳои рӯнамоии аввал, ки аз ҷониби Шаҳбози Камолиён манзури ҳозирин гардид, баҳои баланд дод. Ҷамолиддин Нуралиев аз ҷумла қайд намуд, ки пешниҳоди тавсияҳои мустақил, ки дар натиҷаи омӯзиши мутахассисон хулосагирӣ карда мешаванд, аз самарабахшии даври омӯзишӣ ва ҳавасмандии мутахассис нисбати ин ё он мавзӯъ шаҳодат медиҳад, ки мақсади машғулиятҳо низ ҳамин мақсадро пайгирӣ менамоянд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 2209

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ