Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    29 30 1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31 1 2
  • Яндекс.Метрика

Ҷамъбасти фаъолияти низоми бонкӣ дар соли 2019

28.01.2020

Дар ҷаласаи васеи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ, ки 27 январи соли 2020 баргузор гардид, ҷамъбасти фаъолияти низоми бонкӣ дар соли 2019 мавриди муҳокимаи ҳамаҷонибаи иштирокдорон қарор гирифт.

Ҷаласаи ҷамъбастиро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки: “Низоми бонкӣ яке аз ҷузъҳои асосии иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, бинобар таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд, бояд ба рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, фаъолнокии бахши хусусӣ ва гардиши савдои хориҷӣ муосидат намояд".

NBTL6170.JPG

"Соли 2019 дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар чорабиниҳои муҳим ба вуқуъ пайвастанд, ки мулоқоти Пешвои миллат бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо аз ҷумлаи онҳо буда, дар он вазъи низоми бонкӣ, масъалаҳои миёнаравии молиявӣ, дастгирии молиявии бахшҳои иқтисодӣ, ҷалби амонатҳои аҳолӣ, кам кардани хавфҳои бонкӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар низом аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ мавриди таҳлили амиқ қарор дода шуд. Инчунин, масъалаҳои мазкур ва ҳалли ногузири онҳо дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва ҳам дар ҷаласаҳои охири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда шуд”, - қайд намуд Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

Дар баробари ин, Ҷ.Нурмаҳмадзода иброз дошт, ки баҳри идома додани ислоҳот дар низом Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини суботи молиявӣ, татбиқи сиёсати самараноки пулию қарзӣ, солимгардонии низоми бонкӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодӣ як қатор тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, барои боз ҳам вусъат додани корҳо дар ин самт чораҳои таъхирнопазир андешида истодааст.

NBTL6154.JPG

Ҷ.Нурмаҳмадзода ҳамзамон таъкид намуд, ки: “Пешбурди сиёсати мутавозини пулию қарзӣ тавассути фишангҳои муосир алҳол самараи худро дода истодааст, ки нишондиҳандаҳои мусбати макроиқтисодӣ ва низоми бонкӣ аз он шаҳодат медиҳанд.

Аз ҷумла, мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар соли 2019 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 77,4 млрд. сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба 12,5 фоиз афзоиш ёфт ва рушди воқеии он 7,5 фоизро ташкил дод. Дар ин давра тағйирёбии қурби пули миллӣ нисбат ба доллари ИМА дар маҷмӯъ муътадил боқӣ монда, қурби расмии он танҳо 2,7 фоиз коҳиш ёфтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,2 фоиз камтар аст. Ҳамзамон, ҷиҳати пешгирӣ ва паст намудани хавфҳои асъорию қурбӣ, дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани сатҳи таваррум ва фаъолгардонии бозори молиявӣ 141 музоядаи фурӯши коғазҳои қиматнок ба маблағи 16,2 миллиард сомонӣ гузаронида шуда, амонатҳои шабонарӯзӣ аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба маблағи 123,2 млрд. сомонӣ ҷалб гардидааст. Сатҳи таваррум дар соли 2019 ба 8,0 фоиз баробар шуд, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 2,6 банди фоизӣ зиёд мебошад. Таварруми ҳосилшуда асосан дар натиҷаи таъсири омилҳои мавсимӣ, берунӣ ва маъмурӣ ба амал омада, вобаста ба истифодаи босамари фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ дар доираи ҳадафи пешбинишуда ҷамъбаст гардид.

Ҳаҷми умумии қарзҳои додашудаи ташкилотҳои қарзӣ 9,6 млрд. сомониро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 25,5 фоиз зиёд мебошад. Бақияи амонатҳо бошад, дар давраи ҳисоботӣ 9,7 млрд. сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 18,4 миллион сомонӣ зиёд шудаанд”.

Сипас, намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи масъалаи асосии рӯзномаи маҷлис – “Ҷамъбасти фаъолияти низоми бонкӣ дар соли 2019” рӯнамоии худро бо таҳлили амиқ ва муфассал манзури аҳли нишаст намуд. Дар ҷаласа диққати роҳбарони бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурдро барои дуруст ба роҳ мондани аудити дохилӣ ва идоракунии хавфҳо, мукаммал намудани низоми идоракунии дороиҳо ва уҳдадориҳо, риояи қоидаҳои қарздиҳӣ, яъне пешниҳоди қарзҳои калонҳаҷм бо гузаронидани таҳлили амиқ, риоя кардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, пешниҳоди саҳеҳи ҳисоботҳо, баланд бардоштани сатҳи миёнаравии молиявӣ ва ғайра ҷалб гардида, қайд карда шуд, ки новобаста аз ҷой доштани баъзе мушкилиҳо дар соҳа, натиҷаи фаъолияти молиявии ташкилотҳои қарзӣ дар соли 2019 ба маблағи 308,8 мл. сомонӣ ҷамъбаст шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018   12,5 фоиз зиёд мебошад, ки ин аз солимшавии вазъи низоми бонкӣ шаҳодат медиҳад.

NBTL6161.JPG

Зимни муҳокимаи масъалаҳои ҷаласа роҳбарони бонкҳои тиҷоратӣ дар мавриди ноил гаштан ба як қатор дастовардҳо, аз қабили кам шудани сатҳи қарзҳои ғайрифаъол, паст шудани фоизи қарзҳо, зиёд шудани ҳаҷми амалиётҳои ғайринақдӣ, ҷорӣ шудани хизматрасониҳои нави бонкӣ ва афзоиши миқдори марказҳои хизматрасонии бонкӣ, инчунин мавҷуд будани баъзе мушкилот дар фаъолияти онҳо фикру андешаҳои мушаххаси худро иброз намуда, изҳор доштанд, ки омодаанд дар якҷоягӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳаллу фасли масъалаҳои номбурда саҳми худро гузоранд.

Дар интиҳо Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нурмаҳмадзода ба роҳбарони бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд дастуру тавсияҳо дод, ки дар самти истифодаи имкониятҳои гуногун барои ҷалби бештари сармояи арзон ва дарозмуҳлат, андешидани чораҳои воқеӣ барои баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ, пурзӯр намудани фаъолияти аудити дохилӣ ва идоракунии хавфҳо, тавсеа бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, такмил додани идоракунии корпоративӣ, баланд бардоштани сатҳи тахассуси кормандон бо роҳи гузаронидани семинару дигар чорабиниҳои омӯзишӣ, дуруст ба роҳ мондани ҷобаҷогузории кормандон, баланд бардоштани сатҳи миёнаравии молиявӣ, аз ҷумла бо назардошти пешгирии хавфҳо зиёд намудани қарздиҳӣ, махсусан дар ноҳияҳои дурдаст, диверсификатсия намудани сандуқи қарзӣ, таҷдиди назар намудани сиёсати фоизӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти бонкӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳо ва ҷорӣ намудани хизматрасониҳои муосири бонкӣ ва ғайра тадбирҳои амалӣ андешанд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 1809

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ