Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Май      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    29 30 1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31 1 2
  • Яндекс.Метрика

Шарҳи мухтасари макроиқтисодӣ ва фаъолияти низоми бонкии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2020

05.02.2020

22 июли соли 2020 нишасти матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти бонк ва низоми бонкии мамлакат дар нимсолаи аввали соли 2020 тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, № АП – 1729 бо иштироки Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, муовини Раиси БМТ Ҳоким Холиқзода ва бо ширкати беш аз 50 намояндагони ВАО дохилӣ ва хориҷи кишвар баргузор гардид.

NBTL1330.JPG

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни маърӯза оид ба ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2020 қайд кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ, таъмини рушди муътадили ҳаҷми пул дар иқтисодиёт, пешгирии таъсири манфии тағйирёбии қурбӣ, нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо, суботи молиявӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодӣ, бо дарназардошти пешгирии омилҳои ташвишовари дохилӣ ва беруна як қатор чораҳои заруриро андешид.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар дар нимсолаи аввали соли 2020 ба 32,4 млрд. сомонӣ баробар шуда, афзоиши воқеии он 3,5 фоизро ташкил дод. Афзоиши ММД дар ин давра аз ҳисоби рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 9,2 фоиз ва кишоварзӣ 8,2 фоиз таъмин гардид.

Дар натиҷаи пешбурди сиёсати мутавозуни пулию қарзӣ ва босамар истифодабарии фишангҳои монетарӣ сатҳи таваррум дар сатҳи нисбатан муътадил нигоҳ дошта шуда, дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ 4,3 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,3 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Таварруми ҳосилшуда асосан аз ҳисоби таъсири пандемияи коронавирус (COVID-19) бо баста ва/ё маҳдуд шудани ҳамлу нақл дар сарҳадҳои баъзе аз кишварҳои шарикони савдо, маҳдудиятҳо дар содироти маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла гандум ва орд аз ҷониби кишварҳои содиркунанда, омилҳои мавсимӣ (номусоидии боду ҳаво, коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ва зиёд гардидани талабот ба онҳо) ва болоравии нархи маҳсулотҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ (алалхусус маҳсулоти хӯрока) ба амал омад.

Дар давоми шаш моҳи соли 2020 ҷиҳати танзим намудани ҳаҷми пул дар муомилот, коҳиш додани фишорҳои қурбӣ-таваррумӣ ва идоракунии самараноки сатҳи пардохтпазирии бонкҳо, аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар ҳаҷми 153,1 млрд. сомонӣ амонатҳои шабонарӯзӣ ҷалб гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,2 маротиба зиёд мебошад. Инчунин, дар ин давра 60 музоядаи фурӯши коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳаҷми 7,3 млрд. сомонӣ баргузор гардид.

NBTL1428.JPG


Бояд қайд намуд, ки бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ ва дастгирии пардохтпазирии ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар муқобили таъсири хавфҳои эҳтимолӣ аз пандемияи коронавирус (COVID-19), инчунин ҷиҳати коҳиш додани хароҷотҳои иловагӣ ва арзиши қарзҳои ба иқтисодиёт пешниҳодшаванда, меъёри захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз рӯи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд, (бо қарори ҷаласаи ғайринавбатии Кумитаи сиёсати пулию қарзии БМТ) аз 01 апрели соли ҷорӣ муваққатан то 31 декабри соли 2020 бо пули миллӣ ба андозаи 2 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 4 банди фоизӣ паст карда шуда, мувофиқан дар сатҳи 1 ва 5 фоиз муқаррар гардиданд.

Иқдоми мазкур имконият фароҳам овард, ки вазъи ташкилотҳои қарзии молиявиро дар давраи буҳронӣ беҳтар гардонида, маблағи 241,7 млн. сомонӣ пардохтпазирии иловагиро барои низоми бонкӣ пешниҳод намояд.

Илова бар ин, ҷиҳати дастгириии иқтисодиёти кишвар ва пеш гирифтани сиёсати ҳавасмандгардонии сиёсати пулию қарзӣ дар давраи пандемия, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвил 1,0 банди фоизӣ паст карда шуда, аз 01 майи соли равон дар сатҳи 11,75 фоизи солона муқаррар карда шуд.

Дар давоми нимсолаи якуми соли 2020 реҷаи қурбии “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” идома дода шуд.

Дар ин давра қурби сомонӣ нисбат ба доллари ИМА тағйирёбии муътадил дошта, қурби расмии он (қурби миёнавазни хариду фурӯши доллари ИМА дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ) 6,4 фоиз коҳиш ёфтааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,3 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Қурби нақдӣ (қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори ғайрибонкӣ) дар ҳамин давра 8,7 фоиз баланд шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,9 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар санаи 30 июни соли 2020 ба 3,2 фоиз баробар шудааст (дар санаи 29 июни соли 2019 ин фарқият ба 3,0 фоиз баробар буд).

Тағйирёбии зерин таҳти таъсири равандҳои иқтисодию молиявии ҷаҳону минтақа, бахусус давлатҳои шарикони асосии тиҷоратӣ сурат гирифт. Бо назардошти вазъи номуътадили иқтисоди ҷаҳонӣ, дар ин давра қурби расмии асъори миллии аксари кишварҳои шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, раванди коҳишёбӣ доштанд.

Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати коҳиш додани фишорҳои қурбӣ, бартараф намудани таъсири хавфҳои асъории ҷойдошта, таъмини риояи меъёри фарқияти то ба 2 фоизаи байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА ва аз байн бурдани фарқият дар бозори ғайрибонкӣ, санаи 20 марти соли 2020 тасҳеҳи (коррексияи) якдафъаинаи қурби расмии пули миллӣ нисбат ба доллари ИМА-ро ба андозаи то 5,0 фоиз амалӣ намуд.

Ба ҳолати 30 июни соли 2020 дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ, 73 адад ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла, 17 адад бонки анъанавӣ, 1 адад бонки исломӣ, 20 адад ташкилоти амонатии қарзии хурд, 6 адад ташкилоти қарзии хурд ва 29 адад фонди қарзии хурд фаъолият менамоянд.

NBTL1446.JPG

Дар давраи ҳисоботӣ як ташкилоти амонатии қарзии хурд ба бонк (ҶСК “Алиф Бонк”) табдил ёфта, ҳамчунин, ба ҶСП ТАҚҲ “Ҳумо” ва Фонди қарзии хурди “Имон” барои амалӣ намудани фаъолияти бонкии исломӣ тавассути “равзанаи бонкии исломӣ” иҷозатнома дода шуд.

Шумораи филиалҳо бо назардошти равзанаи бонки исломӣ ва марказҳои хизматрасонии бонкии ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ 1 811 ададро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ба 53 адад зиёд шуданд, ки ин ба васеъ намудани доираи амалиётҳои бонкӣ, таъмини дастрасии аҳолӣ ба захираҳои қарзӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои босифату муосири молиявӣ ҷиҳати рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

Меъёри пардохтпазирии ҷории ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба ҳолати 30 июни соли 2020 ба 65,18 фоиз баробар гардида, аз меъёри муқарраргардида 35,18 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Дороиҳои умумии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба санаи 30 июни соли ҷорӣ 22,5 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 4,8 фоиз зиёд мебошад. Уҳдадориҳои умумӣ ва сармояи тавозунии ташкилотҳои қарзии молиявӣ бошанд, мувофиқан ба 16,1 млрд. сомонӣ ва 6,4 млрд. сомонӣ баробар шуда, зиёдшавии онҳо дар муқоиса ба ҳамин санаи соли гузашта мутаносибан 4,9 фоиз ва 4,5 фоизро ташкил доданд.

Ба ҳолати 30 июни соли 2020 бақияи умумии пасандозҳо 9,7 млрд. сомониро ташкил дода, бо пули миллӣ 1,3 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 0,8 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар маҷмӯъ, ҳаҷми пасандозҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1 фоиз (ё 101,8 млн. сомонӣ) зиёдшавӣ дорад.

Дар ин давра, теъдоди пасандозҳо дар сандуқи пасандозӣ 4 001,4 ҳазор адад ва теъдоди пасандозҳои ҷалбшуда 2 663 ҳазор ададро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 540,5 ҳазор адад (ё 15,6 фоиз) ва 1,1 ҳазор адад зиёд мебошад.

Дар таркиби бақияи умумӣ ҳиссаи пасандозҳо бо пули миллӣ 52,1 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 47,9 фоизро ташкил медиҳад, ки ин аз тадриҷан паст шудани сатҳи долларикунонии иқтисодиёт ва зиёд шудани эътимоди аҳолӣ ба пули миллӣ шаҳодат медиҳад.

Фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок дар низоми бонкӣ бо пули миллӣ 11,1 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 5,2 фоизро ташкил медиҳанд.

Ба ҳолати 30 июни соли ҷорӣ бақияи умумии сандуқи қарзӣ ба 9,8 млрд. сомонӣ баробар шуда, нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 9,5 фоиз ё 852 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар моҳҳои январ-июни соли 2020 ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда
3 959,3 млн. сомониро ташкил дод, ки аз ҳаҷми умумии он 19,3 фоиз ба соҳаи савдои хориҷӣ, 18,8 фоиз кишоварзӣ, 10,6 фоиз саноат, 27,7 фоиз истеъмолот, 14,0 фоиз хизматрасонӣ, 5,2 фоиз сохтмон, 1,2 фоиз нақлиёт, 0,6 фоиз миёнаравии молиявӣ ва 2,6 фоиз ба дигар соҳаҳо рост меояд.

Дар маҷмӯъ меъёри миёнавазни фоизи қарзҳо бо асъори хориҷӣ дар моҳи январ-июни соли 2020 нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2,5 банди фоизӣ (аз 15,5 фоиз то 13 фоиз) паст шуда, меъёри фоизи қарзҳо бо пули миллӣ бошад, 1,7 банди фоизӣ зиёд шудааст (аз 21,9 фоиз то 23,6 фоиз).

NBTL1311.JPG


Дар баробари ин, ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти таъсири паҳншавии пандемияи коронавируси COVID-19 ба иқтисодиёти кишвар, ба санаи 30 июни соли 2020 ба зиёда аз 100 ҳазор адад муштариёни худ ба маблағи 1,5 млрд. сомонӣ имтиёзҳо пешниҳод намудаанд.

Аз ҷумла, муҳлати пардохти қарзи зиёда аз 28600 шумораи муштариён бо маблағи 800 млн. сомонӣ тамдид гардида, зиёда аз 43 млн. сомонӣ ҷаримаҳои ҳисобшуда ба муштариён бахшида шуданд.

Бинобар ин, баҳри иҷрои ҳамаи он дастуру вазифаҳое, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин аз рӯи натиҷаи ҷаласаи васъеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мо гузошта шудаанд, тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида, масъалаи дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани сатҳи таваррум ва қурби пули миллӣ, бо дарназардошти татбиқи сиёсати устувори монетарӣ вазифаи аввалиндараҷаи худ қарор медиҳем.

Бо мақсади вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва инчунин кам намудани истифодаи пули нақд дар муомилот, ҷорӣ намудани воситаҳои муосири электронии пардохт, коҳиш додани сатҳи иқтисодиёти пинҳонӣ ва таъмини шаффофият фаъолияти низоми бонкӣ, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ як қатор тадбирҳои зарурӣ андешида шуд. Ба санаи 30 июни соли 2020 шумораи банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ дар ҷумҳурӣ мувофиқан 1 096 адад ва 5 575 ададро ташкил намуда, дар муқоиса ба ҳамин санаи соли гузашта шумораи банкоматҳо 398 адад ва терминалҳои электронӣ 672 адад зиёд шудааст.

Теъдоди умумии ҳамёнҳои электронии ташкилотҳои қарзии молиявӣ 705 064 ададро ташкил дода, дар моҳҳои январ-июни соли 2020 тавассути ҳамёнҳои электронӣ 3 327 634 адад амалиётҳои пардохти ғайринақдӣ ба маблағи 189,4 млн. сомонӣ анҷом дода шуданд. Дар муқоиса ба ҳамин санаи соли 2019 теъдоди умумии ҳамёнҳои электронии ташкилотҳои қарзии молиявӣ 546 701 (4,5 маротиба) адад афзудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ миқдори умумии кортҳои пардохтии аз ҷониби бонкҳои ватанӣ ба муомилот баровардашуда зиёда аз 2 640,8 ҳазор ададро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 20,8 фоиз зиёд мебошад. Миқдори дорандагони кортҳои пардохтӣ 2 486,5 ҳазор нафарро ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин санаи соли гузашта 16,6 фоиз зиёд гардиданд.

Шумораи умумии суратҳисобҳои бонкии барои муштариён дар ташкилотҳои қарзӣ кушодашуда ба ҳолати 30 июни соли 2020 нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 18,5 фоиз афзоиш ёфта, 4 348 661 ададро ташкил намуд, ки ин аз беҳтар гардидани фарогирии аҳолӣ бо хизматрасониҳои бонкӣ шаҳодат медиҳад.

NBTL1430.JPG

Дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ Бонки миллии Тоҷикистон қабули муроҷиати шаҳрвандонро тариқи шифоҳӣ, телефонӣ, хаттӣ ва тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ мондааст, ки дар маҷмӯъ 1 183 адад, аз ҷумла 20 адад ба воситаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 757 адад тариқи телефони боварӣ, 301 адад ҳангоми қабули шаҳрвандон, 17 адад тариқи почтаи электронӣ ва 88 адад муроҷиати бевосита ба Бонки миллии Тоҷикистон ворид гардид, ки нисбат ба онҳо дар доираи салоҳиятҳо чораҳои дахлдор андешида шуданд.

Ба ҳолати 30 июни соли 2020 шумораи ташкилотҳои суғуртавӣ 18 ададро ташкил дод, ки аз онҳо 2 адад ташкилоти суғуртавии давлатӣ ва 15 адад ташкилоти суғуртавии ғайридавлатӣ мебошанд. Инчунин, дар бозори суғуртаи кишвар 1 адад Маркази дастгирии суғуртаи мутақобила амал мекунад.

Воридоти мукофоти (ҳаққи) суғуртавӣ тибқи маълумотҳои фаврӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 131,0 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34,6 фоиз зиёд мебошад. Пардохти ҷуброни суғуртавӣ ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ бошад, 10,3 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 71,9 фоиз зиёд гардидааст. Дар давоми нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби ташкилотҳои суғуртавӣ 775,7 ҳаз. адад шартномаҳои суғуртавӣ баста шудааст.

Дар қисмати саволу ҷавоби нишасти матбуотӣ намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ ба саволҳои худ оид ба тадбирҳои андешидаи Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла ташкилотҳои қарзии моливии кишвар ҷиҳати пешниҳоди имтиёзҳо ба муштариён дар доираи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1544 аз 5 июни соли 2020 “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, вазъи макроиқтисодӣ, сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, сатҳи таваррум, вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, меъёри бозтамвил, тартиби интиқоли маблағҳо, ҳаҷми пули нақди дар муомилотбуда ва ҳаҷми захираҳои байналмилалӣ, додани қарзҳои имтиёзнок ба бахши кишоварзӣ ва ғайра посухҳои мукаммал ва мушаххас гирифтанд.

Дар охир, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода нишасти матбуотиро ҷамъбаст намуда, барои ҳамкорӣ ба намояндагони ВАО изҳори сипос намуд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 6408

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ