Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Май      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 30 1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30
    31 1 2 3 4 5 6
  • Яндекс.Метрика

Вохӯрии шарикони рушд оид ба Нақшаи лоиҳавии кӯмаки техникии Гурӯҳи Авросиё оид ба МҚД/МТ

02.03.2020

Рӯзҳои 27-28 феврали соли 2020 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом - Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода ва иштироки Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода, Котиби иҷроияи Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО) Тетеруков С.А. ва шарикони рушд ҷамъомад доир гардид.

NBTL8059.JPG

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки чорабинии мазкур дар доираи сафари ҳайати Котиботи ГАО ҷиҳати татбиқи Нақшаи лоиҳавии кӯмаки техникии Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (МҚД/МТ) ва ҷалби шарикони рушд ҷиҳати пешниҳоди кӯмаки техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои такмили реҷаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (МҚД/МТ) роҳандозӣ мешавад. Зикр кард шуд, ки дар рафти ҷаласа масоили бартараф кардани камбудиҳои системаи мубориза бо қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои пулӣ, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳншавии силоҳи қатли ом, ки баъди нашри Ҳисоботи баҳодиҳии тарафайн ба амал омад, мавриди баррасӣ қарор дода хоҳад шуд.

NBTL8120.JPG

Раиси Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба МҚД/МТ ва МПСҚО - Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода дар навбати худ чунин қайд кард: “Раванди мазкур як қатор масъалаҳо, аз ҷумла таҷдиди меъёрҳои қонунгузории амалкунанда то ташкили моделҳои нави ҳамкорӣ байни мақомоти салоҳиятдори давлатӣ ва бахши хусусиро дар бар мегирад. Дар ин самт шарикони мо, аз қабили Маркази байналмилалии таълимию методӣ оид ба мониторинги молиявии Федератсияи Россия, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Бонки Осиёгии Рушд, Корпусҳои ихтиёриёни хизматрасониҳои молиявӣ ва ғайра   бо мо ҳамкории худро идома медиҳанд”.

NBTL8041.JPG

Ҳамчунин, Зариф Ализода таъкид дошт, ки бо дарназардошти муҳимияти ҳамоҳангсозии кӯмаки техникӣ, ҷониби Тоҷикистон усули навшудаи Гурӯҳи ҳамоҳангсозии техникии Авросиёро ҷонибдорӣ намуда, барои татбиқи лоиҳаи пилотӣ омодагии хешро баён кард. Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин муддат дар ҳамоҳангӣ бо Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон бо Котиботи ГАО барои таҳияи нақшаи лоиҳа оид ба расонидани кӯмаки техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҷаласаи пленарии фаврии ГАО дар моҳи ноябри соли 2019 дар Ашқобод (Туркманистон) тасдиқ карда шуд, ҳамкории зич ба роҳ мондааст.

NBTL8073.JPG

Дар ҷамъбасти ҷаласаи мазкур шарикони рушд оид ба “Нақшаи лоиҳавии кӯмаки техникии Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (МҚД/МТ)” мубодилаи афкор намуда, барои татбиқи босамари он пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 1187

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ