- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021
- Таваррум дар моҳи январ0,7%
- 9,5%
- Пулҳои захиравӣ (январ), млрд. сомонӣ22,5
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 05 феврали с.2021)11,00 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (Январ)10,34
- Меъёри фоизӣ дар соли 2021
(% солона) - Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ)8,51
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ)24,04
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ)13,00
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (январ)22,05
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (январ)21,73
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 01.03.2021 1 USD 11.3045 1 EUR 13.6897 1 RUB 0.1507
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2019
- Соли молиявии 2018
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Тавзеҳнома ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” дар робита ба иҷрои банди 66 Нақшаи чорабиниҳо аз 20.06.с.2019, №24/10-233 доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо 10 майи соли 2019 баён доштанд, қабул карда шуд.
Тағйиру иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” қабулгардида, шаффофияти ҳолати молиявии кормандони Бонки миллиро тавассути муқаррар намудани уҳдадории онҳо ҷиҳати эъломиякунонии даромадҳо ва молу мулки худ, инчунин пешниҳоди маълумот дар бораи даромадҳои иловагӣ ба Бонки миллӣ таъмин намуда (қисми 9 моддаи 79), ҳамзамон ба сифати узви мақоми идоракунӣ, молик ё идоракунандаи бовариноки саҳмияҳои (ҳиссаҳои) ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ баромад кардани роҳбарият ва кормандони Бонки миллӣ, инчунин фаъолияти якҷояи хешу таборони наздик дар Бонки миллӣ манъ карда шуд (моддаи 80). Тағйиру иловаҳои мазкур, барои минбаъд низ роҳ наёфтани ҳар гуна зуҳуроти эҳтимолии бархӯрди манфиатҳои шахсӣ ва хизматӣ, суиистифода аз мақоми хизматӣ ва эҳтимолияти дигар зуҳуроти коррупсионӣ мусоидат хоҳад намуд.
Бо назардошти тибқи қонунҳои махсуси алоҳида ҳамчун мақоми танзиму иҷозатномадиҳанда барои ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ, аз ҷумла дар соҳаи фаъолияти суғуртавӣ ва операторони низоми пардохт муқаррар гардидани Бонки миллӣ, салоҳияти Раёсати Бонк оид ба қабули қарор дар бораи додани иҷозатнома ба ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ, инчунин дар бораи бозхонд, боздошт, бекор кардан ва қатъ намудани амали иҷозатномаҳои додашуда, такмил дода шуд. (қисми 1 моддаи 77).
Ҳамчунин, бо тағйиру иловаҳо, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” мутобиқ гардонида шуда (қисми 3 моддаи 6), баъзе мушкилиҳои татбиқи меъёрҳои амалкунандаи қонун бартараф карда шуданд (қисми 2 моддаи 22).
Диданд: 583
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ