Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Май      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    27 28 29 30 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Эълони Озмун

21.09.2020

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Департаменти мониторинги молиявӣ

I
Сармутахассиси Маркази омӯзишӣ-методӣ ( 1 ҷой)


Талабот ба номзад:

  • Маълумоти олии иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ ё педогогӣ;
  • доштани таҷриба ба ҳайси лектор дар чорабиниҳои омӯзишӣ;
  • омода ва пешниҳод намудани муаррифномаҳо барои иштирокдорони чорабиниҳои омӯзишӣ;
  • фаҳмиши асосҳои истифода бурдани дастгоҳҳои компютерӣ ва барномаҳои Ms Office (Word, Excel, Power point);
  • сатҳи зарурии сухандонӣ барои ба роҳ мондани музокирот ва мукотиботи расмӣ бо мақомотҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва бахшҳои хусусӣ;
  • доштани таҷриба дар малакаи омӯзгорӣ ва таҳияи барномаҳои таълимӣ афзалият дорад;
  • донистани забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмист.
Бояд донад:

Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёриву-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти МҚД/МТ/МПСҚО ва тавсияҳои Гурӯҳи таҳияи чораҳои молиявии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ФАТФ.

II
Мутахассиси дараҷаи 1 шуъбаи бозрасӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олиииқтисодӣ ё молиявӣ;
  • малакаи касбии кор дар компютер MS Office (Word, Exсel, Power point) ва донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабакаҳои интернет;
  • доштани дониши хуби қонунгузории соҳаи бонкӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот бо забонҳои давлатӣ ва русӣ;
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
  • доштани собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ афзалият дорад;
  • надоштани доғи судӣ.
Бояд донад:

Қонунҳо ва санадҳои меъёрие, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм қабул шудаанд, санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, донистани тавсияҳои ФАТФ ва типологияҳои байналмилалӣ дар соҳаи мазкур, асосҳои иқтисодиёт ва таҳлили иқтисодӣ, қонунгузории идоракунии фаъолияти шахсони ҳисоботдиҳанда, фаъолияти ҳисобдорӣ, фаъолияти бонкӣ ва молиявӣ.

III
Мутахассиси шуъбаи таҳлил ва тадқиқот (2 ҷой - шартномавӣ)

Талабот ба номзад:
  • маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • доштани қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани ҳисоботҳои таҳлилӣ;
  • малакаи касбии кор дар компютер MS Office (Word, Exсel, Power Point) системаҳои идоракунии пойгоҳи маълумот (Oracl, MS SQL ва дигарҳо) ва донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабакаҳои интернет;
  • доштани дониши хуби қонунгузории соҳаи бонкӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот бо забонҳои давлатӣ ва русӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
  • доштани собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ афзалият дорад;
  • надоштани доғи судӣ.
Бояд донад:

Қонунҳо ва санадҳои меъёрие, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм қабул шудаанд, санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, донистани тавсияҳои ФАТФ ва типологияҳои байналмилалӣ дар соҳаи мазкур, асосҳои иқтисодиёт ва таҳлили иқтисодӣ, қонунгузории идоракунии фаъолияти шахсони ҳисоботдиҳанда, фаъолияти ҳисобдорӣ, фаъолияти бонкӣ ва молиявӣ.

IV
Мутахассиси дараҷаи I
шуъбаи ҳамкории байналмилалӣ (1 ҷой, шартномавӣ)


Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ ё ҳуқуқшиносӣ;
  • малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (Word, Excel, Power point) ва донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабакаи интернет;
  • донистани қонунгузории соҳаи бонкӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пешбурди муросилот бо забонҳои давлатӣ ва русӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ;
  • донистани забони англисӣ афзалият дорад;
  • доштани собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ ё низоми молиявӣ, мақомоти назоратӣ молиявӣ афзалият дорад.
Бояд донад:

Қонунҳо ва санадҳои меъёрие, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом қабул шудаанд, санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон;
Донистани тавсияҳои ФАТФ ва типологияҳои байналмилалӣ дар соҳаи мазкур;
Асосҳои иқтисодиёт ва таҳлили иқтисодӣ, қонунгузории идоракунии фаъолияти шахсони ҳисоботдиҳанда, фаъолияти ҳисобдорӣ, фаъолияти бонкӣ ва молиявӣ.

V
Мутахассиси дараҷаи 1 шуъбаи дастгирии ҳуқуқӣ ( 1 ҷой - шартномавӣ)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ;
  • собиқаи кори ҳуқуқӣ на кам аз 3-сол. Cобиқаи кори ҳуқуқӣ дар сохторҳои ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ алоқаманд бартарӣ дорад;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ бо забони давлатӣ, русӣ;
  • таҷрибаи зарурии кории таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва корбарӣ бо онҳо, инчунин таҳияи хулосаи ҳуқуқӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо;
  • донистани тартибот ва рафти омодасозии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
  • малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Word, Excel, Power point);
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.

Бояд донад:
Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, донистани тавсияҳои ФАТФ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 2 дона андозаи 3х4;
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • Нусхаи билети ҳарбӣ;
  • Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ.
Ҳуҷҷатҳо бо нишонии зерин қабул карда мешаванд:
  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон
  • барои маълумот – тел: +992 (44) 600 32 32; +992 (44) 600 31 38
  • Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 02.10 с.2020



Диданд: 2592

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ