Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Дави миллӣ – таҳкимбахши оммавияти варзиш

18.05.2021

16 майи соли 2021 дар саросари кишвар Рӯзи дави миллӣ ва Марафони велосипедронӣ бахшида ба таҷлили “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” доир гардид.

IMG_4648.jpg

Дар оғози чорабинӣ намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар масъулин суханронӣ карда, рушди варзиш дар кишвар ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самтро махсус таъкид намуданд ва барои иштирокчиён барору комёбиҳо орзу карданд.

Ҳамин тавр, Дави миллии имсола аз даромадгоҳи маҳаллаи Чорбоғ оғоз гардида, иштирокчиён тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Наврӯзгоҳ зиёда аз 10 км масофаро тай карданд. Дар Дави миллӣ намояндагони касбу кори гуногун - варзишгарон, ҷавонон, бонувон, кормандони мақомоти давлатӣ ва меҳмонону сайёҳон иштирок доштанд. Аз ҷумла, кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҳам дар Дави миллӣ фаъолона ширкат карда, ҷонибдории хешро аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста рушди ҷомеаи солиму адолатпарвар, тарбияи тафаккури созандаю бунёдкорона ва худогоҳию худшиносиро тарғиб менамояд, собит карданд.

1_184913454_2730215790561312_480396543487106637_n.jpg

Бинобар маълумоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Дави миллии имсола 295 621 нафар сокинони ҷумҳурӣ иштирок намуданд, ки аз ин теъдод 96 101 нафарро бонувон ташкил медиҳанд. Аз шаҳри Душанбе бошад, имсол беш аз 43 850 ҳазор нафар дар чорабинии варзишӣ ширкат варзиданд.

Чорабинии мазкур бо мақсади таҳким бахшидани тарзи ҳаёти солим ва рушду инкишофи соҳаи варзиш ҳамасола доир мегардад. Бори аввал, 17 майи соли 2005 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки бевоситаи худ ба Дави миллӣ ибтидо гузоштанд. Баъдан Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз     28 марти соли 2007, таҳти №225 дар бораи ҳар сол якшанбеи сеюми моҳи май дар саросари кишвар баргузор кардани Рӯзи дави миллӣ ба имзо расид. Ҳамин тавр, бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он дар ҷомеа ҳар сол дар арафаи таҷлили Рӯзи ҷавонон дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ Дави миллӣ гузаронида мешавад.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 1188

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ