Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    30 1 2 3 4 5 6
    7 8 9 10 11 12 13
    14 15 16 17 18 19 20
    21 22 23 24 25 26 27
    28 29 30 31 1 2 3
  • Яндекс.Метрика

Натиҷагирӣ аз раванди қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

15.12.2021

14 декабри соли 2021 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми Раиси БМТ Нуралиев Ҷамолиддин Камолович оид ба натиҷагирии раванди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби бонкҳои ваколатдор ҷаласаи корӣ доир гардид. Дар ҷаласаи корӣ инчунин муовини Раиси БМТ Толибзода Ф.Н., сохторҳои калидии БМТ, роҳбарони бонкҳои ваколатдор, шахсони масъул ва роҳбарони филиалҳои онҳо иштирок доштанд.

NBTL9570.JPG

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев қабл аз ҳама аз муҳиммияти қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандони мамлакат аз ҷониби бонкҳои ваколатдор, ки бевосита аз дастуру супоришҳо аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, сухан карда аз амалияи бонкҳои ваколатор ва ҷараёни татбиқи қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ ибрози назар намуд.

“Мақсади асосии Қонуни мазкур ин фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи дохилӣ ба иқтисоди миллӣ, таъмини шаффофият дар иқтисоди миллӣ ва ба ин васила коҳиш додани иқтисодиёти пинҳонӣ, бозгардонии дороиҳо ва маблағҳо, фаъол намудани ҳиссаи сармоягузорӣ дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ мебошад. Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳайси мақоми масъул ва ҳамоҳангсоз дар самти қонунигардонии маблағҳо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он тамоми заминаи меъёрии ҳуқуқиро фароҳам оварда, талаботи махсус ҳангоми кушодани суратҳисобҳои амонати муҳлатнок ё дархостшавандаи бонкӣ барои шаҳрвандони кишвар, намунаи шакли шаҳодатнома оид ба қонунигардонии маблағ ва шакли ҳисоботиро тасдиқ намудааст. Ба бонкҳои ваколатдор зимни мулоқоту корбарии қаблӣ таъкид шуда буд, ки бо истифода аз тамоми нерӯи мавҷуда ва бо таъмини хизматрасонии босифат корро ба таври зарурӣ ба роҳ монда, ба раванди қонунигардонии маблағҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.”,- иброз дошт Ҷамолиддин Камолович.

NBTL9408.JPG

Зимни рӯнамоӣ, ки дар натиҷаи санҷиши мавзӯии филиалҳои бонкҳои ваколатдор аз ҷараёни қонунигардонии маблағҳо манзури ҳозирин гардид, ҳолатҳои ҷудогона ишора шуданд. Алалхусус, омода набудани баъзе аз мутахассисони хизматрасон барои анҷоми амалиётҳои қонунигардонӣ ва маълумоти носаҳеҳи онҳо дар ин бора аз масъалаҳое аст, ки зимни санҷишҳои масъулини мақоми танзимгар вобаста ба қонунигардонии маблағҳо муайян карда шуданд.

Вобаста ба ҳар як масъалаи матраҳшуда муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Камолович ибрози назар намуда, ҷиҳати андешидани чораҳои иловагӣ барои босамар татбиқ намудани барномаи қонунигардонии маблағҳо, ки аз Паёми Пешвои миллат бармеояд, таваҷҷуҳи масъулини бонкҳои ваколатдорро махсусан ҷалб намуд.

NBTL9385.JPG

Ҳамзамон муовини якуми Раиси БМТ ҷиҳати татбиқи пурраи Қонуни ҶТ "Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба таври зарурӣ ба роҳ мондани хизматрасониҳо бо истифода аз мутахассисони собиқадори соҳибмалака ва мусоидат ба ҷалби бештари маблағҳо ба иқтисодиёт тавсияҳо дод. Зикр карда шуд, ки бо истифода аз рӯнамоии Бонки миллии Тоҷикистон (https://nbt.tj/tj/news/518899/) тамоми кормандони масъули филиалҳои бонкҳои ваколатдор пайваста омӯзонида шаванд.

Дар идома, иштирокдорон вобаста ба раванди татбиқи Қонуни мазкур табодули назар намуда, ҷиҳати амалигардонии босамари он фикру мулоҳизаҳои худро баён доштанд. Аксари бонкҳои ваколатдор изҳор доштанд, ки кор дар ин самт таҳти назорати қатъӣ идома дошта, қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандон анҷом ёфта истодааст.

NBTL9393.JPG

Ҳамин тавр, дар ҷамъбасти ҷаласа аз ҷониби мақоми ҳамоҳангсоз – Бонки миллӣ барои амалӣ намудани чораҳои минбаъда ҷиҳати татбиқи босамари Қонуни ҶТ "Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” вазифагузорӣ карда шуд.

Зимни ҷамъбасти ҷаласа, муовини якуми Раис Нуралиев Ҷамолиддин Камолович қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро имконияти мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба низоми бонкӣ маънидод кард ва дар баробари ин таъкид намуд, ки низоми бонкӣ барои татбиқи самаранок, шаффоф ва пурраи Қонуни мазкур масъулияти иҷтимоӣ дорад. Аз ин лиҳоз, ҳар як корманди низоми бонкӣ бояд бо дарки масъулият дар раванди қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандон, ки аз Паёми Роҳбари давлат сарчашма мегирад, саҳми худро гузорад.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 1460

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ