Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    29 30 1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31 1 2
  • Яндекс.Метрика

Ҷамъбасти низоми суғурта дар соли 2021 ва вазифаҳои нав барои соли 2022

10.01.2022

6 январи соли 2022 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба вазъи низоми суғурта дар соли 2021 бо роҳбарии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, иштироки ташкилотҳои суғуртавии кишвар, Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон ва роҳбарони сохторҳои дахлдори БМТ доир гардид.

NBTZ0149.JPG

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар оғози ҷаласаи ҷамъбастӣ аз муҳим будани бозори суғурта дар низоми молиявии кишвар сухан карда, дар такя ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди бозори суғурта тақвият бахшидани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, мутобиқ намудани бозори суғуртаи кишвар ба меъёрҳои байналмилалӣ, тавсеа бахшидани бозори суғуртаи ихтиёрӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои суғурташавандагонро муҳим ва зарурӣ арзёбӣ намуд.

“Дар робита ба ин, дар натиҷаи андешидани як қатор тадбирҳо дар бозори суғуртаи кишвар ташкилотҳои нави суғуртавӣ арзи ҳастӣ карда, нишондиҳандаҳои низоми суғурта низ ба таври назаррас афзоиш ёфтаанд, аз ҷумла зиёд шудани дороиҳои ташкилотҳои суғуртавӣ дар соли 2021 нисбати соли 2020 наздики 28 фоиз, сармояи худӣ ба андозаи 49,8 фоиз, сармояи оинномавӣ 91,6 фоиз ва даромад аз сармоягузориҳо 108,6 фоиз далели ин гуфтаҳост”, -зикр намуд Ҳоким Холиқзода.

NBTL0110-2.JPG

Дар баробари ҷой доштани тамоюли мусбати нишондиҳандаҳои бозори суғурта, барои боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ба ташкилотҳои суғуртавӣ зарур аст, ки хизматрасониҳои нави муосирро ба таври васеъ ба роҳ монда, дар самти вусъат додани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ, ва махсусан, устувор намудани вазъи молиявии худ чораҳои таъхирнопазир андешанд, - таъкид дошт Раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

Ҳамзамон Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкории ташкилотҳои суғуртавиро бо бахши соҳибкорӣ, бахусус соҳаи кишоварзӣ, ки дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳиссаи назаррас дорад, яке аз масъалаҳои мубрами соҳаи суғурта ва мавҷуд будани имкониятҳои васеъ дар ин самтро таъкид намуд.

Дар идома аз ҷониби маъсулини Идораи назорати суғуртавӣ оид ба ҷамъбасти нишондиҳандаҳои бозори суғуртаи ҷумҳурӣ дар соли 2021 рӯнамоии муфассал манзур гардида, ҳамзамон аз натиҷаи санҷиши ташкилотҳои суғуртавӣ аз ҷониби сохтори масъул, камбудиҳои мавҷуда дар фаъолияти ташкилотҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

NBTL0108-3.JPG

Дар қисмати муҳокимаронӣ, иштирокдорон ба суолҳои худ оид ба масъалаи интиқоли портфели суғуртавӣ, пур намудани андозаи ҳадди ақали сармояи оинномавӣ, тағйирот дар Кодекси нави андоз ва дигар масъалаҳои муҳим посухҳои мушаххас гирифтанд.

Ҷаласаро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ҷамъбаст намуда, аз масъулини бозори суғуртаи ҷумҳурӣ барои тақвият бахшидани фаъолият ва саҳм гузоштан дар низоми молиявии кишвар даъват ба амал овард. Ҳамзамон бо мақсади таъмини устувории молиявии ташкилотҳои суғуртавӣ, таъмини ҷобаҷогузории дороиҳо бо роҳи диверсификатсия тибқи талабот, шаффоф ба роҳ мондани пардохтҳои суғуртавӣ, гузариш ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботҳои молиявӣ (СБҲМ) ва дар асоси он пешниҳод намудани ҳисобот, дар баробари ташаккули захираҳои суғуртавӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани идоракунии корпоративӣ, таъсис ва фаъол намудани Шӯрои нозирон, ҷоннок намудани корҳои таблиғотӣ ва ташвиқотӣ дар самти маърифатнокии суғуртавии аҳолӣ, тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон аз вазифаҳои навбатӣ барои соли 2022 ба ташкилотҳои суғуртавии кишвар хонда шуд.

“Ташкилотҳои суғуртавӣ бояд саҳми худро ҳамчун узви пайвастаи низоми молиявии кишвар ба рушди иқтисодиёти мамлакат бо роҳи эҳтиёткорона ҷойгир намудани маблағҳои озоди худ дар шакли пасандоз, сармоягузорӣ дар ташкилотҳои қарзӣ ва қоғазҳои қиматнок амалӣ гардонанд. Ин амал дар навбати худ ҳамчун сарчашмаи иловагии маблағгузорӣ ба соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва дастовардҳои натиҷабахш мусоидат менамояд”, - иброз дошт дар анҷом Раиси БМТ Ҳоким Холиқзода.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 895

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ