- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2023
- Таваррум дар моҳи октябр-0,3%
- 4,4%
- Пулҳои захиравӣ (октябр) млрд. сомонӣ33,8
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 01 майи с.2023)10,0 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (октябр)7,38%
- Меъёри фоизӣ дар соли 2023
- Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-октябр)12,95 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-октябр)23,35 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-октябр)15,00%
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (октябр)20,66%
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (октябр)22,91%
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 11.12.2023 1 USD 10.9640 1 EUR 11.8236 1 RUB 0.1199
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2022
- Соли молиявии 2021
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Ҳоким Холиқзода ва Талеҳ Таҳир масоили ҳамкориро баррасӣ карданд
27 феврали соли 2023 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо ҳайати Бонки марказии Ҷумҳурии Озарбойҷон таҳти роҳбарии раиси бонки мазкур Казимов Талеҳ Таҳир, ки бо сафари корӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ташриф овардаанд, мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба ва муҳокимаи масирҳои нави ҳамкориҳои низоми бонкии Тоҷикистону Озарбойҷон мавриди баррасии тарафҳо қарор дода шуд.
Нахуст Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ташрифи ҳайати Бонки марказии Ҷумҳурии Озарбойҷонро ба Бонки миллии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, қайд кард, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Озарбойҷон дар самтҳои гуногун ҳамкориҳои дуҷонибаи судмандро ба роҳ мондааст, ки он ҷавобгӯи манфиатҳои миллии ду кишвари бо ҳам дӯст ва бародар мебошад.
Дар идома мавсуф ҳайати меҳмононро бо дастовардҳои низоми бонкӣ шинос намуда, иброз дошт, ки новобаста аз таъсири омилҳои берунӣ, низоми бонкии кишвар тавонист соли 2022-юмро бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст намуда, устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият ёфта, рушди иқтисоди миллиро таъмин намояд.
Ҳоким Холиқзода дар идома қайд кард, ки маҳз ба шарофати равобити рушди устувори иқтисодӣ ва шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои байни бонкҳои ду кишвар муайян гардиданд.
Раиси Бонки марказии Ҷумҳурии Озарбойҷон Казимов Талеҳ Таҳир дар навбати хеш, аз пазироии самимӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки новобаста аз буҳронҳои иқтисодиву сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯза, низоъҳои минтақавӣ ва таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ Бонки марказии Озарбойҷон низ, тавонист соли 2022-юмро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намояд.
Номбурда афзуд, ки дар доираи ислоҳоти низоми бонкӣ Бонки марказии Озарбойҷон якчанд стратегия ва барномаҳо, аз қабили “Стратегияи рақобатпазирии иқтисодии кишвар барои то соли 2025”, “Стратегияи рушди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, “Барномаи дастгирии соҳибкории хурд ва миёна” ва “Рейтинги рақобатпазирии бонкҳо”-ро таҳия намуд, ки рӯзҳои наздик ҳукми қонунӣ хоҳанд гирифт.
“Бонки марказии Озарбойҷон омодааст, ҷиҳати табодули таҷриба дар ин самт бо Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкории судмандро ба роҳ монад”, - зикр намуд Талеҳ Таҳир.
Қобили тазаккур аст, ки зимни мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати дар рӯзҳои наздик ба имзо расонидани лоиҳаи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ҷумҳурии Озарбойҷон иброз намуданд.
Дар маҷмуъ, вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардид, ки барои тақвияти ҳамкориҳои минбаъдаи низоми бонкии ҳарду кишвар заминаи устувор хоҳад гузошт.
Шуъбаи матбуоти
БМТ
Диданд: 1492
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ