Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти низоми бонкии Тоҷикистон дар соли 2011

19.01.2012

    Дар нишасти матбуотии навбатии Бонки миллии Тоҷикистон, ки 19 январи соли равон дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ барои хабарнигорони дохилию хориҷӣ баргузор гардид, натиҷаҳои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии мамлакат дар соли 2011, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ, сатҳи таваррум, пасандозҳо, қурби пули миллӣ ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
    Тавре Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Малоҳат Холиқзода дар ибтидои сӯҳбат иброз дошт, таҳлили вазъи макроиқтисодӣ ва фаъолияти низоми бонкии ватанӣ нишон дод, ки тули соли 2011 авзои номӯътадили сатҳи нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва ноустувории нишондиҳандаҳои молиявӣ боиси афзудани фишорҳои таваррумӣ дар кишвар гардида, то андозае ба раванди рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ таъсир расониданд. Сарфи назар аз ин, дар соли ҳисоботӣ рушди муътадили нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва низоми бонкии кишвар ба мушоҳида расид.



1. Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ


    Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД).
Дар соли 2011 ҳаҷми ММД ба 30,1 млрд. сомонӣ баробар шуда, рушди воқеии он нисбат ба соли қаблӣ 7,4 фоизро ташкил намуд.
   Таваррум. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ, соли 2011 меъёри таваррум 9,3 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 0,5 банди фоизӣ кам мебошад. Нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокӣ 10,3 фоиз, маҳсулоти ғайрихӯрокӣ 7,2 фоиз ва хизматрасониҳо 9,2 фоиз ба вуқӯъ пайваст.
    М. Холиқзода изҳор намуд, ки ин раванд пеш аз ҳама дар натиҷаи баланд шудани нархи маҳсулоти воридотӣ, аз қабили маводи сӯзишворӣ, гандум, орд, равғани растанӣ ва инчунин арзиши маҳсулоти хусусияти мавсимӣ дошта, ба амал омад. Ва ин ҳама дар навбати худ боиси афзудани хароҷоти истеҳсолӣ гардида, сабабгори бевосита боло рафтани нархи молу маҳсулоти алоҳида, мисли гӯшт ва хизматрасонии нақлиёти мусофирбар гардид.
    (Барои маълумот: тавре аз оморномаи Бонки ҷаҳонӣ бармеояд, соли 2011 дар бозори ҷаҳонӣ нархи миёнаи гандум нисбат ба соли қаблӣ 40,7%, равғани растанӣ 40,2% ва нафт то 39,3% боло рафтааст).
    Таҳлилҳои дақиқи мутахасссисони Бонки миллии Тоҷикистон нишон доданд, ки дар соли 2011 сатҳи таварруми аслӣ (бе дарназардошти таъсири омилҳои беруна, мавсимӣ ва маъмурӣ) 4,4 фоизро ташкил дод.       
    Қурби сомонӣ нисбати доллари ШМА дар давоми соли гузашта 8,1 фоиз ва рубли русӣ 0,6 фоиз паст гардид. Тағйирёбии мазкур асосан аз ҳисоби болоравии нархҳои маҳсулоти асосии воридотӣ (маҳсулоти нафтӣ, орд ва гандум) ба амал омад ва ин дар навбати худ сабабгори бештар аз ду маротиба афзоиш ёфтани талабот ба асъори хориҷӣ дар бозори дохилии асъор шуд.
    Тавозуни савдо. Гардиши савдои хориҷӣ дар соли ҳисоботӣ 4,4 млрд. долл. ШМА-ро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли қаблӣ 15,4 фоиз зиёд аст. Аз ҷумла, ҳаҷми содирот 5,2 фоиз афзуда, ба 1,3 млрд. долл. ШМА расид, воридот бошад, 19,9 фоиз зиёд шуда, 3,2 млрд. долл. ШМА-ро ташкил намуд. Касри тавозуни савдо ба 1,9 млрд. долл. ШМА баробар шуда, нисбат ба соли рафта 31,9 фоиз зиёд аст.
    Вазъи макроиқтисодии кишвар ба ҳама дигаргуниҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва фишорҳои таваррумӣ нигоҳ накарда, дар интиҳои сол муътадил буд ва раванди рушди хешро идома дод.

2. Сиёсати пулӣ


    Тибқи иттилои М. Холиқзода, соли гузашта бинобар ба эътидол омадани нишондиҳандаҳои молиявию иқтисодии кишвар ва афзоиши фишорҳои таваррумӣ, сиёсати қатъии пулию қарзӣ пеш гирифта шуда, меъёри бозтамвил аз 8,25 фоиз то 9,8 фоизи солона зиёд карда шуд. Меъёри захираҳои ҳатмӣ бошад, барои пасандозҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ мувофиқан дар сатҳи 7,0 ва 9,0 фоиз бетағйир монданд.        
    Ҳаҷми пулҳои захиравӣ ҳамчун нишондиҳандаи барномавӣ ба санаи 31 декабри соли ҳисоботӣ 3,8 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин рӯзи соли қаблӣ 28,0 фоиз афзуд.
    Ҳаҷми пулҳои нақди дар муомилотбуда ба 3,0 млрд. сомонӣ баробар шуд, ки аз он 22,7 млн. сомониашро тангаҳои филизӣ ташкил медиҳанд. Тайи соли гузашта 1,2 млрд. сомонӣ ба муомилот бароварда шуда, 465,3 млн. сомонӣ пулҳои коғазии корношоям ва фарсуда аз муомилот бозпас гирифта шуданд.

3. Рушди низоми бонкӣ (маълумоти фаврӣ)

    Теъдоди ташкилотҳои қарзӣ дар интиҳои давраи ҳисоботӣ ба 139 адад расид, аз ҷумла: 15 бонк, 2 ташкилоти карзии ғайрибонкӣ, 34 ташкилоти амонатии кредитии хурд, 43 ташкилоти қарзии хурд ва 45 фонди қарзии хурд.
    Пасандозҳо. Қобили қайд аст, ки соли 2011 афзоиши пасандозҳо нисбат ба соли гузашта 21,0 фоизро ташкил дода, ба 3,9 млрд. сомонӣ баробар шуданд. Боиси хушнудист, ки пасандозҳои шахсони воқеӣ дар ин давра 41,9 фоиз зиёд гардида, 2,2 млрд. сомониро ташкил доданд. Фоизи миёнавазни пасандозҳои мӯҳлатдор бо пули миллӣ ба 15,67 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 14,75 фоиз баробар шуданд.
    Қарзҳо. Бақияи қарзҳои низоми бонкӣ дар интиҳои соли ҳисоботӣ 4,7 млрд. сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,3 фоиз зиёд мебошад. Аз ин нишондиҳанда 45,5 фоизро қарзҳо бо пули миллӣ ва 54,5 фоизи боқимондаро қарзҳо бо асъори хориҷӣ ташкил медиҳанд.
    Дар ҷараёни сӯҳбат қайд гардид, ки мӯҳлати миёнаи қарзҳо барои шахсони воқеӣ ба 373 рӯз ва барои шахсони ҳуқуқӣ 338 рӯз баробар шуд. Фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ 22,85 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 21,91 фоизро ташкил намуда, нисбат ба соли қаблӣ бо пули миллӣ 0,9 банди фоизӣ зиёд ва бо асъори хориҷӣ 0,3 банди фоизӣ кам гардид.
    Дар ин давра ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда нисбат ба соли гузашта 31,1 фоиз зиёд шуда, 2,3 млрд. сомониро ташкил дод.
    Низоми пардохт.
Шумораи умумии пардохтҳо дар ҷумҳурӣ дар соли ҳисоботӣ 32,7 фоиз зиёд гардида, ба 15,5 млн. адад баробар шуд. Ҳаҷми умумии пардохтҳо 183,3 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли қаблӣ 24,1 фоиз афзудааст.
    Соли гузашта дар ҷумҳурӣ 10 адад бонкҳо-эмитентҳои кортҳои пардохтӣ фаъолият намуда, 377420 адад кортҳои пардохтӣ ба муомилот бароварданд, ки дар натиҷа шумораи онҳо 2,4 маротиба зиёд гардид. Илова бар ин, дар давраи ҳисоботӣ теъдоди банкоматҳо то 333 адад, нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд то 335 адад ва терминалҳо дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ то 149 расид, ки нисбат ба як соли пеш ба таври назаррас афзоиш ёфтанд.


    Дар бахши навбатии сӯҳбат, ки аз нигоҳи хабарнигорон боз ҳам ҷолибу шавқовартар буд, намояндагони васоити ахбори дохилию хориҷӣ ба саволҳои худ дар мавриди навгониҳо ва масоили мухталифи низоми бонкӣ, болоравии нархҳо дар бозорҳои дохилию ҷаҳонӣ, андозаи захираҳои тиллоию-асъории мамлакат, сатҳи таваррум, интиқоли маблағҳои муҳоҷирини меҳнатӣ, ҷалби маблағгузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёт, мушкилот ва ҷараёни бозпас гирифтани пулҳои фарсуда, ташкили маркази протсессингии миллӣ, истифодаи кортҳои пластикӣ ва ҳаҷми пули миллии дар муомилотбуда, таъмини амнияти амонати шаҳрвандон ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Диданд: 4519

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ