- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
- Таваррум дар моҳи феврал0,3%
- 3,6%
- Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ36,2
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 12 феврали с.2024)9,5 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (феврал)5,08%
- Меъёри фоизӣ дар соли 2024
- Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)12,57 %
- Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)23,06 %
- Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)13,00%
- Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)20,74%
- Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)23,71%
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 29.03.2024 1 USD 10.9563 1 EUR 11.8186 1 RUB 0.1187
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2022
- Соли молиявии 2021
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Телефони боварии БМТ (44-600-15-20)
- Реҷаи кории телефони боварии БМТ: душанбе - ҷумъа аз 08:00 то 17:00
(Танаффуси нисфирӯзӣ: аз 11:30 то 12:30)
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Ахбор
Дар давоми чанд рӯзи охири соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА ба якчанд банд зиёд шуда, ба ҳисоби миёна дар шаҳри Душанбе 3,8950 – 3,9250 сомониро ташкил дод. Дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ бошад, баръакс аз 3,8858 то 3,8721 сомонӣ поин рафт.
Дар интиҳои семоҳаи аввали соли равон дар кишвар 121 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 12 бонк, 7 ҷамъияти қарзӣ, як ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ ва 101 ташкилотҳои маблағгузории хурд фаъолият мекарданд. Дар ҳамин давра шумораи бонкҳо, ҷамъиятҳои қарзӣ, ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ тағйир наёфта, теъдоди ташкилотҳои маблағгузории хурд 8 адад зиёд гардиданд.
Сармояи тавозунии ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ (бонкҳо, ҷамъиятҳои қарзӣ, ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ ва ташкилотҳои маблағгузории хурд) дар маҷмӯъ, ба ҳолати интиҳои семоҳаи аввали соли равон ба 1 089 млн. сомонӣ баробар шуд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 42,3% зиёдтар аст.
Тибқи маълумотҳои фаврӣ дороиҳои ташкилотҳои қарзӣ ба ҳолати интиҳоисемоҳаи аввали соли равон ба 6 303,0 млн. сомонӣ баробар шудаанд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта – 0,6 фоиз зиёдтар мебошад.
Қарздиҳии хурд аз самтҳои асосии фаъолияти низоми бонкии мамлакат оид ба дастгирии соҳибкории хурду миёна ба шумор меравад, ки он ба паст шудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Маблағгузориҳои қарзӣ ба иқтисодиёти мамлакат дар семоҳаи аввали соли 2009 мӯътадил афзуданд. Мувофиқи маълумоти фаврӣ бақияи умумии қарзҳо ба ҳолати 31 марти соли 2009 маблағи 5 014,3 млн. сомониро ташкил кард, ки нисбати аввали сол 3,2 фоиз зиёд мебошад. Тамоили мусбии қарздиҳӣ дар семоҳаи аввали соли 2009 аз ҳисоби зиёдшавии ҳиссаи қарзҳо бо пули миллӣ ба даст омадааст.
Вазъи иқтисодиёти кишвар дар семоҳаи аввали соли 2009 бо афзоиши мӯътадили истеҳсолот ва пешниҳоди молу маҳсулоти ватанӣ тавсиф ёфтааст. Тибқи маълумоти фаврӣ ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД) дар семоҳаи аввали соли равон 3 312,5 млн. сомониро ташкил дода, рушди воқеии он бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,5 фоиз афзуд.
Сатҳи таваррум дар семоҳаи аввали соли равон 1,2 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4 банди фоизӣ паст гардид. Нишондиҳандаи феълии таваррум дар ин давра аз ҳисоби тағйирёбии нархи маҳсулоти озуқа 0,6 фоиз, маводи ғайриозуқа 0,4 фоиз ва хизматрасонии пулӣ 5,6 фоиз ба амал омад.
Тибқи маълумоти фаврӣ бақияи умумии амонатҳо дар семоҳаи аввали соли равон 2 023,8 млн. сомонӣ баробар шуда, нисбат ба охири соли 2008 ба андозаи 5,7 фоиз афзудааст.
Эродҳои асосии ҳисоботи аудити махсуси Бонки миллии Тоҷикистон
Муфассал...
Дар давоми рӯзҳои охири соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар бозори нақдӣ тағйир наёфта, дар сатҳи 3,83 – 3,85 сомонӣ қарор дошт. Дар баробари ин, қурби миёнаи хариду фурӯши рубли русӣ ва евро баланд шуда, мутаносибан 0,1130 – 0.1140 сомонӣ ва 5,08 – 5,13 сомониро ташкил доданд.
Дар давоми рӯзҳои 5-6 марти соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар бозори нақдӣ дар сатҳи 3,81-3,83 сомонӣ қарор дошт.
Бонки миллии Тоҷикистон барои интихоби ширкати аудиторӣ ва гузаронидани аудити берунии фаъолияти бонк дар соли молиявии 2008-2009 (ки 30 апрели соли 2009 анҷом меёбад) озмун эълон мекунад.
Дар давоми рӯзҳои 3 – 4 марти соли равон дар бозори нақдӣ қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА мӯътадил буд ва дар сатҳи 3,81 – 3,83 сомонӣ қарор дошт.
Дар давоми рӯзҳои охир қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар бозори нақдӣ тағйир наёфта, мӯътадил монд ва дар сатҳи 3,81 – 3,83 сомонӣ қарор дошт.
26 феврали соли равон, дар давоми рӯз дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА каме тағйир ёфт. Бинобар сабаби кам шудани шумораи амалиётҳои иҷрошуда каме баландшавии қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА ба мушоҳида расид ва он сатҳи 3,81 – 3,83 сомониро ташкил дод.
Дар давоми рӯзҳои охир қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар бозори нақдӣ мӯътадил монда, тағйир наёфт ва дар сатҳи 3,78 – 3,82 сомонӣ қарор дошт.
20 феврали соли равон, дар давоми рӯз қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар муқоиса бо рӯзи гузашта каме тағйир ёфт ва дар сатҳи 3,79 – 3,80 сомонӣ қарор гирифт.
18 феврали соли равон, дар давоми рӯз дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА тағйир наёфт, фақат дар қисмати дуюми рӯз як каме баланд гардида, дар сатҳи 3,79 – 3,80 сомонӣ қарор гирифт.
Сешанбе, 17 феврали соли равон дар давоми рӯз дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ноҳияҳои мухталифи шаҳри Душанбе қурби миёнаи доллари ИМА тағйироти гуногунҷанбаро доро буд. Масалан, дар нимаи дуюми рӯз қурби доллари ИМА каме боло рафта, 3,78 - 3,80 сомониро ташкил дод, вале дар баъзе минтақаҳои дигари шаҳр он то 3,73 -3,76 сомонӣ поён рафт.
16 феврали соли равон дар давоми рӯз дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе сароғоз қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА каме баланд шуд, вале баъди нисфирӯзӣ поён рафт ва дар сатҳи 3,75 - 3,77 сомонӣ қарор гирифт.
13 феврали соли ҷорӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе поёнравии қурби миёнаи доллари ИМА мушоҳида гардид ва 1 доллари ИМА ба 3,72 – 3,74 сомонӣ баробар шуд.
15 феврал ва субҳи 16 феврали соли равон дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе, бинобар сабаби кам будани шумораи амалиётҳои гузаронидашуда, то андозае баланд шудани қурби миёнаи харид ва фурӯши доллари ИМА, ки 3,75 – 3,78 сомониро ташкил дод, мушоҳида гардид.
11 феврали соли равон вазъият дар бозори асъор бе тағйир боқӣ монд. Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар бахши нақдӣ дар сатҳи 3,73 - 3,77 сомонӣ пасту баланд мешуд.
10 феврал тамоми рӯз қурби хариду фурӯши доллари ИМА, ки аз ҷониби нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе пешниҳод мешуд, амалан тағйир наёфт ва ба ҳисоби миёна дар сатҳи 3,74-3,77 сомонӣ боқӣ монд.
9 феврали соли 2009 муомилот дар бозори байнибонкии асъор дар сатҳи ҳаҷмҳои миёнаи омории хариду фурӯши асъори хориҷӣ анҷом дода шуданд.
Ахбор 5019 - 5044 аз 5136
Аввал | Пешӣ | 192 193 194 195 196 | Баъдӣ | Охир
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ