Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    25 26 27 28 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Ахбор

12.06.2009 Бо сабаби зиёд шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА то 4,42 – 4,44 сомонӣ коҳиш ёфт

Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш. Душанбе дар давоми рӯзи 12 июн бо сабаби зиёд шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ, тамоюли пастшавиро ба худ касб намуда, то ҳудуди 4,42 – 4,44 сомонӣ коҳиш ёфт.

11.06.2009 Имрӯз қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе бетағйир монд

Дар давоми рӯзи 11 июни соли ҷорӣ қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе бетағйир монд ва чун рӯзи гузашта ба ҳисоби миёна 4,43 – 4,45 сомониро барои 1 долл. ИМА ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёти рубли русӣ ва евро каме паст гардида, мутаносибан ба 1,41 – 1,43 сомонӣ ва 6,07 – 6,12 сомонӣ баробар шуданд.

10.06.2009 Дар оғози рӯзи 10 июни соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА то 4,44 – 4,46 сомонӣ афзуд

Дар оғози рӯзи 10 июни соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе то 4,44 – 4,46 сомонӣ афзуд, вале дар фуроварди рӯз он мӯътадил гашт ва 4,43 – 4,45 сомониро барои 1 долл. ИМА ташкил дод.

09.06.2009 Қурби миёнаи хариду фурӯши асъори хориҷӣ 4,4350 – 4,4550 сомонӣ барои 1 долл. ИМА ташкил дод

Имрӯз, 9 июни соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе каме тағйир ёфта, ҳудуди 4,4350 – 4,4550 сомонӣ барои 1 долл. ИМА, 1,41 – 1,42 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,12 – 6,15 сомонӣ барои 1 евро ташкил дод.

08.06.2009 Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе бетағйир монд

Дар давоми рӯзи 8 июни соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе бетағйир монда, дар ҳудуди 4,4350 – 4,4450 сомонӣ ҷамъбаст шуд.

05.06.2009 Қурби нақдинаи хариду фурӯши асъори хориҷӣ бетағйир монд

Имрӯз, 5 июни соли равон қурби нақдинаи хариду фурӯши асъори хориҷӣ бетағйир монд.

05.06.2009 Бо зиёд шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозор қурби миёнаи хариду фурӯши он каме паст гардид

Бо зиёд шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозор аз ҷониби ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ, дар санаи 5 июни соли ҷорӣ, қурби миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе каме паст гардида, дар ҳудуди 4,42 – 4,45 сомонӣ барои 1 долл. ИМА, 1,42 – 1,43 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,05 – 6,10 сомонӣ барои 1 евро ҷамъбаст шуд.

04.06.2009 Афзоиши талабот ба рубли Федератсияи Русия мушоҳида мешавад.

Аз оғози рӯзи 4 июни соли равон нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе фаъолияти худро тибқи эълонномаҳо ба ҳисоби миёнаи қурби 4,43 – 4,45 сомонӣ барои 1 долл. ИМА шурӯъ намуданд.

04.06.2009 Қурби миёнаи хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъор 4,44 – 4,46 сомониро барои 1 долл. ИМА ташкил дод

Дар шаҳри Душанбе 4 июни соли ҷорӣ қурби миёнаи хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъор каме тағйир ёфта, 4,44 – 4,46 сомониро барои 1 долл. ИМА ташкил дод. Қурби миёнаи хариду фурӯши 10 рубли русӣ ва евро бетағйир монда, мутаносибан дар ҳудуди 1,43 – 1,45 ва 6,07 -6,15 сомонӣ ҷойгир шуд.

03.06.2009 Қурби хариду фурӯши доллари ИМА тағйир наёфт

Субҳи 3 июн амалиётҳои хариду фурӯши долл. ИМА дар асоси эълонномаҳои нуқтаҳои мубодилаи асъор бо қурби миёнаи 4,40 – 4,42 сомонӣ сурат гирифт.

03.06.2009 Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА каме тағйир ёфта

Дар давоми рӯз, яъне 3 июни соли ҷорӣ қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе каме тағйир ёфта, ба ҳисоби миёна 4,43 – 4,45 сомониро ташкил дод.

02.06.2009 Қурби доллари ИМА 4,35-4,41 сомониро ташкил дод

Cубҳи 2 июн, фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе аз муомила бо қурби 4,35-4,41 сомонӣ барои 1 долл. ИМА оғоз ёфт ва ба ҳисоби миёна дар ш. Душанбе он 4,38 сомониро ташкил намуд.

02.06.2009 Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА 4,4073 сомониро ташкил дод

Ҳаҷми қарордодҳо бо доллари ИМА дар бозори байнибонкии асъор нисбат ба рӯзи гузашта фаъолтар гардид ва қурби миёнаи хариду фурӯши он ба 4,3994 сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба дирӯз 1,8% паст мебошад.

01.06.2009 Фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор муназзам аст

Субҳи рӯзи душанбе нуқтаҳои мубодилаи асъор ба фаъолияти муназзами худ шурӯъ карданд. Савдо тибқи эълонномаҳои нуқтаҳои мубодилаи асъор, яъне ба ҳисоби миёна 4,36-4,40 сомонӣ барои 1 доллари ИМА анҷом дода мешаванд.

01.06.2009 Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе бетағйир монд

Дар давоми рӯз, яъне 1 июни соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе бетағйир монда, ба ҳисоби миёна 4,36-4,40 сомониро ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёти рубли русӣ ва евро каме тағйир ёфта, мутаносибан 1,40-1,42 сомонӣ ва 6,10-6,12 сомониро ташкил намуданд.

29.05.2009 Дар бозори нақдӣ қурби хариду фурӯши доллари ИМА аз 4,75 то 4,45 сомонӣ поин рафт

Дар давоми рӯз, яъне 29 май поинравии қурби доллари ИМА аз 4,75 то 4,45 сомонӣ ба мушоҳида расид.

20.05.2009 Сатҳи таваррум поин меравад

Сатҳи таваррум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи апрели соли 2009 ба андозаи 0,1 фоиз коҳиш ёфта, аз аввали сол 1,1 фоизро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,4 банди фоизӣ паст мебошад.

20.05.2009 Афзоиши ММД 2,9 фоизро ташкил дод

Тибқи маълумоти фаврӣ ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар моҳҳои январ-апрели соли равон 4 426,5 млн. сомониро ташкил дода, афзоиши воқеии он бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 фоизро ташкил дод.

05.05.2009 Қурби миёнаи амалиёт бо доллари ИМА бетағйир монд

5 майи соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе бетағйир монда, чун рӯзи гузашта 4,15 сомониро ташкил дод. Вазъ дар бозори асъор аз он шаҳодат медиҳад, ки пешниҳоди асъори хориҷӣ ҷавобгӯи талабот буда, дар баъзе ҳолатҳо талаботи муайян ба сомонӣ бештар ба назар мерасад.

04.05.2009 Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар шаҳри Душанбе 4,15 сомониро ташкил дод

Бо зиёд шудани пешниҳод дар бозор 4 майи соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши доллари нақдинаи ИМА нисбат ба рӯзҳои охири кории ҳафтаи гузашта паст шуда, ба ҳисоби миёна дар шаҳри Душанбе 4,15 сомониро ташкил дод. Дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ бошад, қурби он дар ҳудуди 4,04 то 4,09 сомонӣ ҷамъбаст гардид.

30.04.2009 Дар бозори нақдӣ қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА то 4,15 сомонӣ поин рафт

29 апрели соли равон бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои қарзӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон амалиётро оид ба фурӯши асъори хориҷӣ шурӯъ намуданд. Амали мазкур талаботро ба асъори хориҷӣ паст намуд ва ба поин рафтани қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА то 4,15 сомонӣ мусоидат кард.

30.04.2009 Дар бозори нақдӣ қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА аз 4,15 то 4,12 сомонӣ поин рафт

30 апрели соли ҷорӣ дар натиҷаи анҷом додани амалиётҳои фурӯши асъори хориҷӣ аз ҷониби бонкҳо, ташкилотҳои қарзӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон дар бозори дохилии асъор, қурби миёнаи нақдинаи хариду фурӯши доллари ИМА аз 4,15 то 4,12 сомонӣ паст гардид. Илова бар ин, инчунин раванди зиёд шудани талабот ба сомонӣ барои анҷом додани пардохтҳои ҷорӣ мушоҳида мешавад.

29.04.2009 Тангаи БМТ дар озмун ширкат меварзад

Аз 15 апрели соли равон овоздиҳии интернетӣ аз рӯи озмуни “Монетное созвездие – 2009”, ки аз ҷониби нашриёти “Уотер Марк” –ношири маҷалла дар бораи бозори тангаҳои хотиравӣ «Золотой червонец” ва маҷалла оид ба маҳсулоти ҳимоявӣ «Водяной знак» созмон дода шудааст, оғоз ёфт. Дар озмуни номбурда тангаҳои Бонкҳои марказӣ ва Сиккахонаҳои 21 мамлакати дунё ба маърази тамошобинон гузошта шудаанд. Кори озмун то 31 майи соли 2009 идома меёбад.

28.04.2009 Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА тамоюли баландшавӣ дошт

Дар давоми рӯзҳои охир қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА тамоюли баландшавӣ дошт ва ба ҳисоби миёна 4,0850-4,1050 сомониро ташкил дод. Ҳамчунин қурбҳои миёна аз рӯи амалиёти рубли русӣ ва евро низ тағйир ёфтанд ва мутаносибан 0,1179-0,1203 ва 5,1985-5,2019 сомониро ташкил доданд.

22.04.2009 Бонки миллии Тоҷикистон: Натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи аввали соли 2009

Масъалаҳои муҳими низоми бонкдорӣ, инкишофи иқтисоди кишвар ва проблемаҳои дигари соҳа дар нишасти матбуотии навбатии Бонки миллии Тоҷикистон, ки 22 апрели соли 2009 барои хабарнигорони дохилию хориҷӣ баргузор гардид ва он ба натиҷаҳои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2009 бахшида шуда буд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар вохӯрии мазкур аъзои раёсати БМТ, роҳбарият ва сардорони Идораю шӯъбаҳои бонк ширкат варзиданд.

22.04.2009 Шарҳи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба аудити махсуси он

Аудити махсус мутобиқи барномаи молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ширкати байналмилалии “Earnst & Young”, ки онро Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси озмун аз байни чандин ширкати бонуфузи ҷаҳонӣ интихоб намуд, гузаронида шуд.


Ахбор 4993 - 5018 аз 5136
Аввал | Пешӣ | 191 192 193 194 195 | Баъдӣ | Охир Ҳамаи саҳифаҳо
  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ