Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Апрел      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    30 31 1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 1 2 3
  • Яндекс.Метрика

Ахбор

28.10.2021 Мулоқоти Ҳоким Холиқзода бо Жужанна Харгитай

27 октябри соли 2021 Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода директори идоракунандаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, хонум Жужанна Харгитай, роҳбари Намояндагии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Рика Ишии ва мушовири директорони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия, Аврупои Ғарбӣ ва Қавқоз Евгений Офрихтерро, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфт.

27.10.2021 Ташрифи Ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ ба Бонки миллӣ

26 октябри соли 2021 Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Накҳатзода Моҳбону Киромиддин бо Ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои рушди рақамӣ ва ҳамзамон роҳбари лоиҳаи “Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон” ҷаноби Хуан Навас-Сабатер, ки аз 25 то 29 октябри соли 2021 бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, мулоқоти корӣ анҷом дод.

27.10.2021 Натиҷаи музояда

Музоядаи коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон барориши К212007079, ки 27 октябри соли 2021 баргузор гардид, бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфт:

27.10.2021 Дар бораи ҶСП “Кафолатбонк”

Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 27 октябри соли 2021, таҳти №160 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” бо сабабҳои асоснок Иҷозатномаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Кафолатбонк” бозхонд карда шуд.

27.10.2021 Раиси Бонки миллӣ ва муовини директори иҷроияи ХБА дурнамои ҳамкориро баррасӣ намуданд

22 октябри соли 2021 Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо муовини директори иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) ҷаноби Бо Ли мулоқоти маҷозӣ анҷом дод.

25.10.2021 Дар бораи ҶДММ “Ширкати машваратӣ аудитории Ориён”

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 20 октябри соли 2021, таҳти №158 мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” бинобар сабаби тағйир ёфтани номи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ориён Аудит С”...

22.10.2021 Натиҷаи музояда

Музоядаи коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон барориши К212007078, ки 22 октябри соли 2021 баргузор гардид, бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфт:

21.10.2021 Ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор

Санаи 18 октябри соли 2021 дар доираи ташрифи маҷозии Ҳайати ХБА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани машваратҳо тибқи Моддаи IV мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва роҳбари нави Ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон Селим Элекдаг баргузор гардида, дар рафти он масъалаҳои таҳкими равобити дуҷониба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

21.10.2021 Баррасии раванди татбиқи Барномаи таҳкими бахши молиявии Тоҷикистон дар БМТ

19 октябри соли 2021 муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар доираи баргузории Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Лоиҳаи кӯмаки техникӣ барои Барномаи таҳкими бахши молиявии Тоҷикистон бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ (SECO) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Юрг Фолленвайдер ва Рето Вайерманн мулоқот анҷом дод.

20.10.2021 Натиҷаи музояда

Музоядаи коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон барориши К212091077, ки 20 октябри соли 2021 баргузор гардид, бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфт:

20.10.2021 Мулоқоти муовини Раиси БМТ Толибзода Фирдавс бо ҳайати Бонки Осиёгии рушд

18 октябри соли 2021 муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад бо ҳайати коршиносони Бонки Осиёгии Рушд (БОР) мулоқоти фосилавӣ анҷом дод.

19.10.2021 Натиҷаи музоядаи амонатӣ

Музоядаи амонатии Бонки миллии Тоҷикистон барориши МА2136040, ки 19 октябри соли 2021 баргузор гардид, бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфт:

18.10.2021 Натиҷаи музояда

Музоядаи коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон барориши К212007076, ки 18 октябри соли 2021 баргузор гардид, бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфт:

15.10.2021 Дар бораи намояндагии ҶСММ “Бонки кишоварзии Чин”

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2021, таҳти №148 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” барои кушодани намояндагии Ҷамъияти саҳомии масъулияти маҳдуди “Бонки кишоварзии Чин” дар шаҳри Душанбе розигӣ дода шуд.

15.10.2021 Дар бораи ҶДММ ТАҚХ “Пайванд Гуруҳ”

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2021, таҳти №149 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Пайванд Гуруҳ” барои додани Иҷозатнома розигӣ дода шуд.

14.10.2021 Мулоқоти Ҳоким Холиқзода бо Томас Ҷордан

14 октябри соли 2021 Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо Раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Ҷордан мулоқоти фосилавӣ доир намуд, ки дар он масоили ҳамкории низоми бонкии кишварҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

14.10.2021 Натиҷаи музоядаи қарзӣ

Музоядаи қарзии Бонки миллии Тоҷикистон барориши МФ213928, ки 14 октябри соли 2021 баргузор гардид, бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфт:

13.10.2021 Эълони Дархости маълумот

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Дархости маълумотро барои Низоми автоматишудаи бонкӣ бо мақсади иваз кардани низоми мавҷуда эълон менамояд.

13.10.2021 Натиҷаи музояда

Музоядаи коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон барориши К212182075, ки 13 октябри соли 2021 баргузор гардид, бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфт:

13.10.2021 Дар бораи Мастеркард Европа СА (Mastercard Europe SA)

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори навбатии худ аз 12 октябри соли 2021, таҳти №147 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» Иҷозатномаи фаъолияти Мастеркард Европа СА (Mastercard Europe SA)-ро барои фаъолияти оператори низоми пардохтии «Mastercard» ба муҳлати 5 (панҷ) сол тамдид намуд.

13.10.2021 Дар бораи Ташкилоти қарзии ғайрибонкии ҳисоббаробаркунии “Платежный Центр”

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2021, таҳти №146 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» амали Иҷозатномаи Ташкилоти қарзии ғайрибонкии ҳисоббаробаркунии “Платежный Центр” (Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд) бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати амали он, қатъ карда шуд.

12.10.2021 Баррасии ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон ва Сафорати ИМА

8 октябри соли 2021 муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович муовини роҳбари Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хонум Бридҷит Уокерро, ки барои анҷоми мулоқоти арзи адаб ташриф овард, ба ҳузур пазируфт.

12.10.2021 Вокуниш ба маводи нашркардаи хабаргузории «Азия-Плюс» аз 11 октябри соли 2021, «Таджикистан причислили к странам с наивысшим уровнем риска отмывания денег”

Бонки миллии Тоҷикистон ба иттилои роҳбарияти “Азия-плюс” ва муаллифи матлаби “Таджикистан причислили к странам с наивысшим уровнем риска отмывания денег” (https://www.asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/economic/20211011/tadzhikistan-prichislili-k-stranam-s-naivisshim-urovnem-riska-otmivaniya-deneg) Пайрав Чоршанбиев, ки масъули бевоситаи таъмини саҳеҳияти ахбори интишорёфта мебошанд, мерасонад, ки дар матлаби зикрёфта ба чандин иштибоҳ роҳ дода шуда, маълумоти носаҳеҳ манзури ҷомеа гардидааст.

12.10.2021 Эълони Озмун

Бонки миллии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холии зерин озмун эълон менамояд:

11.10.2021 Натиҷаи музояда

Музоядаи коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон барориши К212007074, ки 11 октябри соли 2021 баргузор гардид, бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфт:

08.10.2021 Эълони музоядаи Векселҳои давлатии хазинадории Вазорати молияи ҶТ

Бонки миллии Тоҷикистон санаи 11 октябри соли 2021 музоядаи Векселҳои давлатии хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор менамояд.


Ахбор 625 - 650 аз 5136
Аввал | Пешӣ | 23 24 25 26 27 | Баъдӣ | Охир Ҳамаи саҳифаҳо
  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ