Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Октябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    28 29 30 1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 31 1
  • Яндекс.Метрика

Ахбор

17.04.2009 Ҳолати қурбҳои асъори хориҷӣ дар бозори дохилии асъор

Дар давоми чанд рӯзи охири соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА ба якчанд банд зиёд шуда, ба ҳисоби миёна дар шаҳри Душанбе 3,8950 – 3,9250 сомониро ташкил дод. Дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ бошад, баръакс аз 3,8858 то 3,8721 сомонӣ поин рафт.

10.04.2009 Шумораи ташкилотҳои қарзӣ зиёд шуданд.

Дар интиҳои семоҳаи аввали соли равон дар кишвар 121 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 12 бонк, 7 ҷамъияти қарзӣ, як ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ ва 101 ташкилотҳои маблағгузории хурд фаъолият мекарданд. Дар ҳамин давра шумораи бонкҳо, ҷамъиятҳои қарзӣ, ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ тағйир наёфта, теъдоди ташкилотҳои маблағгузории хурд 8 адад зиёд гардиданд.

10.04.2009 Афзоиши сармояи ташкилотҳои қарзӣ идома дорад

Сармояи тавозунии ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ (бонкҳо, ҷамъиятҳои қарзӣ, ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ ва ташкилотҳои маблағгузории хурд) дар маҷмӯъ, ба ҳолати интиҳои семоҳаи аввали соли равон ба 1 089 млн. сомонӣ баробар шуд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 42,3% зиёдтар аст.

10.04.2009 Дороиҳои низоми бонкӣ меафзоянд

Тибқи маълумотҳои фаврӣ дороиҳои ташкилотҳои қарзӣ ба ҳолати интиҳоисемоҳаи аввали соли равон ба 6 303,0 млн. сомонӣ баробар шудаанд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта – 0,6 фоиз зиёдтар мебошад.

09.04.2009 Қарзҳои хурд 401,3 млн. сомониро ташкил доданд

Қарздиҳии хурд аз самтҳои асосии фаъолияти низоми бонкии мамлакат оид ба дастгирии соҳибкории хурду миёна ба шумор меравад, ки он ба паст шудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ мусоидат менамояд.

09.04.2009 Қарздиҳӣ ба андозаи 3,2 фоиз афзуд

Маблағгузориҳои қарзӣ ба иқтисодиёти мамлакат дар семоҳаи аввали соли 2009 мӯътадил афзуданд. Мувофиқи маълумоти фаврӣ бақияи умумии қарзҳо ба ҳолати 31 марти соли 2009 маблағи 5 014,3 млн. сомониро ташкил кард, ки нисбати аввали сол 3,2 фоиз зиёд мебошад. Тамоили мусбии қарздиҳӣ дар семоҳаи аввали соли 2009 аз ҳисоби зиёдшавии ҳиссаи қарзҳо бо пули миллӣ ба даст омадааст.

09.04.2009 Ҳаҷми ММД рӯ ба афзоиш дорад

Вазъи иқтисодиёти кишвар дар семоҳаи аввали соли 2009 бо афзоиши мӯътадили истеҳсолот ва пешниҳоди молу маҳсулоти ватанӣ тавсиф ёфтааст. Тибқи маълумоти фаврӣ ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД) дар семоҳаи аввали соли равон 3 312,5 млн. сомониро ташкил дода, рушди воқеии он бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,5 фоиз афзуд.

09.04.2009 Сатҳи таваррум поин меравад

Сатҳи таваррум дар семоҳаи аввали соли равон 1,2 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4 банди фоизӣ паст гардид. Нишондиҳандаи феълии таваррум дар ин давра аз ҳисоби тағйирёбии нархи маҳсулоти озуқа 0,6 фоиз, маводи ғайриозуқа 0,4 фоиз ва хизматрасонии пулӣ 5,6 фоиз ба амал омад.

09.04.2009 Амонатҳо ба андозаи 5,7 фоиз афзуданд

Тибқи маълумоти фаврӣ бақияи умумии амонатҳо дар семоҳаи аввали соли равон 2 023,8 млн. сомонӣ баробар шуда, нисбат ба охири соли 2008 ба андозаи 5,7 фоиз афзудааст.

08.04.2009 Эродҳои асосии ҳисоботи аудити махсуси Бонки миллии Тоҷикистон

Эродҳои асосии ҳисоботи аудити махсуси Бонки миллии Тоҷикистон
Муфассал...

27.03.2009 Қурби миёнаи хариду фурӯши рубли русӣ ва евро баланд шуд

Дар давоми рӯзҳои охири соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар бозори нақдӣ тағйир наёфта, дар сатҳи 3,83 – 3,85 сомонӣ қарор дошт. Дар баробари ин, қурби миёнаи хариду фурӯши рубли русӣ ва евро баланд шуда, мутаносибан 0,1130 – 0.1140 сомонӣ ва 5,08 – 5,13 сомониро ташкил доданд.

10.03.2009 Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар бозори нақдӣ дар сатҳи 3,81-3,83 сомонӣ қарор дошт

Дар давоми рӯзҳои 5-6 марти соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар бозори нақдӣ дар сатҳи 3,81-3,83 сомонӣ қарор дошт.

06.03.2009 Эълон дар хусуси гузаронидани озмун

Бонки миллии Тоҷикистон барои интихоби ширкати аудиторӣ ва гузаронидани аудити берунии фаъолияти бонк дар соли молиявии 2008-2009 (ки 30 апрели соли 2009 анҷом меёбад) озмун эълон мекунад.

05.03.2009 Дар бозори нақдӣ қурби миёнаи доллари ИМА мӯътадил буд

Дар давоми рӯзҳои 3 – 4 марти соли равон дар бозори нақдӣ қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА мӯътадил буд ва дар сатҳи 3,81 – 3,83 сомонӣ қарор дошт.

03.03.2009 Қурби миёнаи доллари ИМА дар бозори нақдӣ тағйир наёфт

Дар давоми рӯзҳои охир қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар бозори нақдӣ тағйир наёфта, мӯътадил монд ва дар сатҳи 3,81 – 3,83 сомонӣ қарор дошт.

02.03.2009 Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА каме тағйир ёфт

26 феврали соли равон, дар давоми рӯз дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА каме тағйир ёфт. Бинобар сабаби кам шудани шумораи амалиётҳои иҷрошуда каме баландшавии қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА ба мушоҳида расид ва он сатҳи 3,81 – 3,83 сомониро ташкил дод.

26.02.2009 Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар бозори нақдӣ тағйир наёфт

Дар давоми рӯзҳои охир қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар бозори нақдӣ мӯътадил монда, тағйир наёфт ва дар сатҳи 3,78 – 3,82 сомонӣ қарор дошт.

23.02.2009 Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА каме тағйир ёфт

20 феврали соли равон, дар давоми рӯз қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар муқоиса бо рӯзи гузашта каме тағйир ёфт ва дар сатҳи 3,79 – 3,80 сомонӣ қарор гирифт.

20.02.2009 Дар маҷмӯъ қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА тағйир наёфт

18 феврали соли равон, дар давоми рӯз дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА тағйир наёфт, фақат дар қисмати дуюми рӯз як каме баланд гардида, дар сатҳи 3,79 – 3,80 сомонӣ қарор гирифт.

18.02.2009 Қурби миёнаи доллари ИМА тағйироти гуногунҷанбаро доро буд

Сешанбе, 17 феврали соли равон дар давоми рӯз дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ноҳияҳои мухталифи шаҳри Душанбе қурби миёнаи доллари ИМА тағйироти гуногунҷанбаро доро буд. Масалан, дар нимаи дуюми рӯз қурби доллари ИМА каме боло рафта, 3,78 - 3,80 сомониро ташкил дод, вале дар баъзе минтақаҳои дигари шаҳр он то 3,73 -3,76 сомонӣ поён рафт.

17.02.2009 Баъди нисфирӯзӣ қурби миёнаи доллари ИМА поин рафт

16 феврали соли равон дар давоми рӯз дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе сароғоз қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА каме баланд шуд, вале баъди нисфирӯзӣ поён рафт ва дар сатҳи 3,75 - 3,77 сомонӣ қарор гирифт.

16.02.2009 Поёнравии қурби миёнаи доллари ИМА ба мушоҳида мерасад

13 феврали соли ҷорӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе поёнравии қурби миёнаи доллари ИМА мушоҳида гардид ва 1 доллари ИМА ба 3,72 – 3,74 сомонӣ баробар шуд.

16.02.2009 Қурби доллари ИМА тағйир наёфт

15 феврал ва субҳи 16 феврали соли равон дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе, бинобар сабаби кам будани шумораи амалиётҳои гузаронидашуда, то андозае баланд шудани қурби миёнаи харид ва фурӯши доллари ИМА, ки 3,75 – 3,78 сомониро ташкил дод, мушоҳида гардид.

12.02.2009 Қурби миёнавазни доллари ИМА дар ин марҳила каме поён рафт

11 феврали соли равон вазъият дар бозори асъор бе тағйир боқӣ монд. Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар бахши нақдӣ дар сатҳи 3,73 - 3,77 сомонӣ пасту баланд мешуд.

11.02.2009 Тамоюли бомаром тақвият ёфтани талабот ба пули миллӣ ба назар мерасад

10 феврал тамоми рӯз қурби хариду фурӯши доллари ИМА, ки аз ҷониби нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе пешниҳод мешуд, амалан тағйир наёфт ва ба ҳисоби миёна дар сатҳи 3,74-3,77 сомонӣ боқӣ монд.

10.02.2009 Дар бозори нақдии нуқтаҳои мубодилаи асъор вазъият бе тағйир боқӣ мемонад

9 феврали соли 2009 муомилот дар бозори байнибонкии асъор дар сатҳи ҳаҷмҳои миёнаи омории хариду фурӯши асъори хориҷӣ анҷом дода шуданд.


Ахбор 5019 - 5044 аз 5136
Аввал | Пешӣ | 192 193 194 195 196 | Баъдӣ | Охир Ҳамаи саҳифаҳо
  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ