Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Ноябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    31 1 2 3 4 5 6
    7 8 9 10 11 12 13
    14 15 16 17 18 19 20
    21 22 23 24 25 26 27
    28 29 30 1 2 3 4
  • Яндекс.Метрика

Ахбор

22.12.2021 Натиҷаи музояда

Музоядаи коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон барориши К212182099, ки 22 декабри соли 2021 баргузор гардид, бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфт:

21.12.2021 Паём – пойдевори мустаҳкам барои тақвияти иқтидори иқтисодӣ ва ободии Ватан

21 декабри соли 2021 кормандони Бонки миллии Тоҷикистон пахши мустақими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”-ро бо дарки баланди масъулият тамошо карданд.

21.12.2021 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

21.12.2021 13:10, шаҳри Душанбе
http://president.tj/node/27417

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.

20.12.2021 Натиҷаи музояда

Музоядаи коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон барориши К212007098, ки 20 декабри соли 2021 баргузор гардид, бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфт:

20.12.2021 ЭЪЛОН

Ба таваҷҷуҳи ширкатҳои тадқиқотӣ ва маркетингӣ-иҷтимоии ватанӣ!

17.12.2021 Натиҷаи музояда

Музоядаи коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон барориши К212007097, ки 17 декабри соли 2021 баргузор гардид, бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфт:

15.12.2021 Натиҷагирӣ аз раванди қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

14 декабри соли 2021 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми Раиси БМТ Нуралиев Ҷамолиддин Камолович оид ба натиҷагирии раванди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби бонкҳои ваколатдор ҷаласаи корӣ доир гардид. Дар ҷаласаи корӣ инчунин муовини Раиси БМТ Толибзода Ф.Н., сохторҳои калидии БМТ, роҳбарони бонкҳои ваколатдор, шахсони масъул ва роҳбарони филиалҳои онҳо иштирок доштанд.

15.12.2021 Натиҷаи музояда

Музоядаи коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон барориши К212091096, ки 15 декабри соли 2021 баргузор гардид, бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфт:

13.12.2021 Эълони Озмун

Бонки миллии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холии зерин озмун эълон менамояд:

13.12.2021 Натиҷаи музояда

Музоядаи коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон барориши К212007095, ки 13 декабри соли 2021 баргузор гардид, бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфт:

13.12.2021 Дар бораи ҶСК “Меҳмонсаройи Тоҷикистон”

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” ва Дастурамали №192 “Дар бораи тартиб ва қоидаҳои анҷом додани амалиёти асъорӣ - фурӯши мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ бо асъори хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2021, таҳти №190 ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Меҳмонсаройи Тоҷикистон” оид ба анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ ба муҳлати 3 сол иҷозатнома дода шуд.

10.12.2021 Дар бораи ҶДММ “Крестон АС”

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори навбатии худ аз 9 декабри соли 2021, таҳти №185 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Крестон АС” барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар ташкилотҳои қарзӣ бо роҳи тамдид ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дод.

10.12.2021 Натиҷаи музояда

Музоядаи коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон барориши К212007094, ки 10 декабри соли 2021 баргузор гардид, бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфт:

08.12.2021 Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор

6 декабри соли 2021 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар доираи ифтитоҳи Барномаи лоиҳаи кӯмаки техникии Шарҳи суботи бахши молиявӣ (Financial Sector Stability Review - FSSR) бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) Карлос де Баррос Серрао ва С. Эрик Опперс мулоқоти маҷозӣ анҷом дод.

08.12.2021 Натиҷаи музояда

Музоядаи коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон барориши К212182093, ки 8 декабри соли 2021 баргузор гардид, бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфт:

08.12.2021 Сарварӣ ва гуногуншаклии фаъолияти занон-роҳбарони муассисаҳои танзимгари молиявӣ

3 декабри соли 2021 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода ва кормандони бонк муаррифии рӯнамои мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Сарварӣ ва гуногуншаклии фаъолияти занон – роҳбарони муассисаҳои танзимгари молиявӣ” баргузор гардид.

08.12.2021 Ҷаласаи сатҳи баланди танзимгарони молиявии Осиёи Марказӣ

Рӯзҳои 2-3 декабри соли 2021 дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи баландпояи танзимгарони молиявии Осиёи Марказӣ ва намояндаҳои ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, аз қабили Хазинаи Байналмилалии асъор, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ, Бонки сохтмони Чин (China Construction Bank), Эътилофи ҷаҳонии маркакзҳои молиявии байналмилалӣ (WAIFC), ваколатдори танзим ва назорати бозорҳои молиявии Осиёи Марказӣ ширкат варзиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин нишаст муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ёқубзода Мирҳаёт Миробид намояндагӣ кард.

06.12.2021 Натиҷаи музояда

Музоядаи коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон барориши К212007092, ки 6 декабри соли 2021 баргузор гардид, бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфт:

03.12.2021 Таъмини фарогирии молиявӣ ҳамчун омили рушди устувор дар Тоҷикистон

Рӯзҳои 2-3 декабри соли 2021 дар шаҳри Душанбе конфронс дар мавзӯи “Таъмини фарогирии молиявӣ ҳамчун омили рушди устувор дар Тоҷикистон” бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва қарзӣ, донорҳо, ширкатҳои сармоягузорӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ширкатҳои консалтингӣ, ҷомеаҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорон баргузор гардид.

03.12.2021 Натиҷаи музояда

Музоядаи коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон барориши К212007091, ки 3 декабри соли 2021 баргузор гардид, бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфт:

01.12.2021 Эълони музоядаи Векселҳои давлатии хазинадории Вазорати молияи ҶТ

Бонки миллии Тоҷикистон санаи 2 декабри соли 2021 музоядаи Векселҳои давлатии хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор менамояд.

30.11.2021 Эълони Озмун

Бонки миллии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаи холии зерин озмун эълон менамояд

30.11.2021 Номгӯи хизматрасониҳои молиявӣ

Мутобиқи талаботи банди 44 моддаи 17 ва банди 2 қисми 2 моддаи 169 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Номгӯи хизматрасониҳои молиявӣ” дар таҳрири нав дар мувофиқа бо Бонки миллии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

26.11.2021 Натиҷаи музояда

Музоядаи коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон барориши К212007088, ки 26 ноябри соли 2021 баргузор гардид, бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфт:

25.11.2021 Мулоқоти Ҳоким Холиқзода бо Сафири фавқулода ва мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

25 ноябри соли 2021 Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода сафири навтаъйини фавқулода ва мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайданро ба ҳузур пазируфт.

25.11.2021 Дар бораи ҶДММ “Делойт ва Туш”

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори навбатии худ аз 25 ноябри соли 2021, таҳти №182 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” дархости Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Делойт ва Туш”-ро оид ба бозхонди иҷозатнома ва барҳамдиҳии ихтиёрӣ қонеъ намуд.


Ахбор 573 - 598 аз 5136
Аввал | Пешӣ | 21 22 23 24 25 | Баъдӣ | Охир Ҳамаи саҳифаҳо
  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ