Агентҳои бонкии пардохтӣ

Агентҳои бонкии пардохтӣ

Дар доираи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасонии пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” ҷиҳати рушди хизматрасониҳои пардохтӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ самти нави фаъолияти бонкӣ – фаъолияти агентии бонкии пардохтӣ роҳандозӣ шуда истодааст. Тибқи ҳисоботҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба ҳолати 31 декабри соли 2023 аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ 596 агентҳои бонкии пардохтӣ (АБП) ва дар навбати худ аз ҷониби агентҳои мазкур 60 адад субагентҳои бонкии пардохтӣ (САБП) барои анҷом додани баъзе аз амалиётҳои бонкӣ ҷалб гардидаанд.

Тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунанда агентҳои бонкии пардохтӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои анҷом додани амалиётҳои зерин ҷалб карда мешаванд:

1. Қабул намудани маблағи нақд аз шахси воқеӣ ва (ё) додани маблағи нақд ба шахси воқеӣ, аз ҷумла бо истифодаи терминалҳо, терминалҳои худкори худхизматрасон;

2. Пешниҳоди воситаҳои электронии пардохтӣ ба муштариён ва таъмини истифодаи ин воситаҳо мувофиқи шартҳои муқаррарнамудаи таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ;

3. Мушаххас намудани шахсияти муштарӣ шахси воқеӣ бо мақсади интиқол додани маблағ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ ё пешниҳоди воситаи электронии пардохтӣ ба шахси воқеӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадаст оварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом».

Дар амалияи ҷумҳурӣ, айни замон агентҳои бонкии пардохтии аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявии ватанӣ ҷалбшуда, амалиётҳои қабули маблағҳои нақд аз шахсони воқеӣ тавассути терминалҳои худкори худхизматрасон ва амалиёти мушаххаскунии муштариёнро анҷом дода истодаанд.

Бартариятҳои ҷалб намудани агентҳои бонкии пардохтӣ:

  • Рушди фарогирии молиявӣ, яъне имконияти васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ дар минтақаҳои дурдасти кишвар;
  • Кам кардани хароҷотҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ вобаста ба сохтмони филиалҳо ва ё марказҳои хизматрасониҳои бонкии нав;
  • Ба низоми бонкӣ дохил намудани гардиши пули терминалҳои худкори хизматрасон;
  • Баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ.