Низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар давоми соли 2023 дар қаламрави ҷумҳурӣ тавассути роҳҳои гуногуни ҳисоббаробаркунӣ (дохилибонкӣ, тавассути муносибатҳои мустақими муросилотӣ ва тавассути суратҳисоби муросилотии дар Бонки миллии Тоҷикистон кушодашуда) 395,9 млн. пардохтҳо ба маблағи 1 705,8 млрд. сомонӣ амалӣ гардиданд. Шумораи пардохтҳо нисбат ба соли гузашта 46,8% афзоиш ёфта, ҳаҷми пардохтҳо 8,4% афзоиш ёфтааст.

01.jpg

Ба санаи 31 декабри соли 2023 аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои муштариён 11,2 млн. адад суратҳисобҳои бонкӣ кушода шудаанд, ки аз онҳо 0,13 млн. адад суратҳисобҳо ба шахсони ҳуқуқӣ ва 11,1 млн адад суратҳисобҳо ба шахсони воқеӣ тааллуқ доранд. Шумораи суратҳисобҳои бонкии муштариён дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 2,8 млн. адад ё 33,1% афзудааст, ки нишондиҳандаи мазкур аз боло рафтани эътимоди мардум ба низоми бонкии кишвар шаҳодат медиҳад.

Шумораи суратҳисобҳои бонкӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 33,1% зиёд гардиданд.