Низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷузъҳои асосии инфрасохтори молиявӣ буда, фаъолияти устувору мунтазами низоми молиявии кишвар, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва буҷетиро бо гузаронидани пардохтҳои саривақтӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои бехатар таъмин менамояд ва ба рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Аз ин сабаб, Бонки миллии Тоҷикистон ба рушди низоми пардохтӣ таваҷҷуҳи хос дода, ташкили фаъолияти низоми самараноку боэътимоди пардохтӣ, клиринг, ҳисоббаробаркунӣ ва интиқоли маблағҳои пулиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад, фаъолияти онҳоро танзим ва назорат менамояд.

Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”, “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” ва дигар санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, самтҳои асосии рушди низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуда, қоида, шакл, муҳлат ва стандартҳои гузаронидани ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ ва ғайринақдиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” (№1397 аз 24 феврали с. 2017) асосҳои ҳуқуқию ташкилии фаъолияти низоми пардохтӣ ва тартиби пешниҳод намудани хизматрасониҳои пардохтиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, ба рушди низоми пардохтӣ мусоидат менамояд.

Фаъолияти низомҳои пардохтӣ ва муносибатҳои тарафайни иштирокчиёни он бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва шартномаҳои тарафайн ба танзим дароварда мешаванд.