Қарзи маҷмӯии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қарзи маҷмӯии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қарзи маҷмӯии беруна - маблағи пардохтнашудаи ӯҳдадориҳои маҷмӯии воқеии ҷории ғайришартии резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ғайрирезидентҳо мебошад, ки пардохти фоиз ва ё қарзи асосиро дар оянда талаб мекунад.

Қарзи маҷмӯии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботҳои Дастурамали “Омори қарзи беруна” (ХБА, с.2013) ва нашри 6-уми Дастурамали “Тавозуни пардохт ва мавқеи сармоягузориҳои байналмилалӣ” Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА, с.2009) таҳия карда мешавад.

Шарҳ ва ҷадвалҳои таҳлилии қарзи маҷмӯии беруна барои давраи ҳисоботӣ дар нашрияи семоҳаи “Тавозуни пардохт, мавқеи сармоягузориҳои байналмилалӣ ва қарзи берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешниҳод гардидааст.

Бо мақсадҳои таҳлилӣ ӯҳдадориҳои қарзии берунаи бахши давлатӣ алоҳида нишон дода шуда, маълумоти оморӣ ҳар семоҳа дар қисми “Қарзи берунаи бахши давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешниҳод мегардад.



Истиноди зарурӣ: