Количество показов: 1446
Аз санаи 30-юми май то 1-уми июни соли ҷорӣ, Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва бозомӯзии кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи барномаи таълимӣ барои соли 2016 бо иштироки намояндагони Маркази ҳамкориҳои техникии Дойч Бундесбонк (Олмон) бо бонкҳои марказӣ, дар Бонки миллии Тоҷикистон, барои мутахассисони Дастгоҳи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавии БМТ дар мавзӯи “Назорати марбут ба хавф” семинари омӯзишӣ баргузор намуд.
Дар ин муддат, аз ҷониби мутахассисони Маркази ҳамкориҳои техникии Дойч Бундесбонк бо Бонкҳои Марказӣ Йорн Флеглер ва Мартин Фрей ба иштирокдорони семинар дар бораи тартиби дохилии баҳодиҳӣ ба сармоя (ICAAP ва SREP) дар фаъолияти мақомоти назоратӣ, тартиби додани иҷозатнома барои хизматрасониҳои молиявӣ, баҳодиҳӣ дар назорат, назорати сармоя, таҳлили шаклҳои баҳодиҳии хавфҳо, воридоти сармояи иловагӣ ва кам кардани хавфҳо, фишор-санҷиш ҳамчун қисми таркибии низоми идоракунии хавфҳои бонкӣ дарсҳои таълимӣ гузаронида шуд.
Дар баробари ин, иштирокдорони семинар оид ба талаботи барномаҳои Базел II ва Базел III маълумоти умумӣ дастрас намуданд.
Ҳадаф аз баргузории семинари мазкур баланд бардоштани донишу малакаи кории мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон ва омӯхтани таҷрибаи пешқадами Бонкҳои марказии кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Ҷумҳурии Федеролии Олмон ба ҳисоб меравад.
Хадамоти матбуоти
БМТ