13.05.2016

Имрӯз, 13 майи соли 2016 Бонки миллии Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи ташкил намудани Низоми миллии ҳисоббаробаркуниҳои Тоҷикистон бо низоми пардохтии Visa International - TJNNSS (Tajikistan National Net Settlement Service), барои хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ семинари таълимӣ дар мавзӯи “Пардохтҳои электронӣ” баргузор намуд. 

seminar_viza_1.JPG

Дар семинари мазкур, ки тибқи созишномаи ҳамкорӣ бо ширкати байналмиллалии низоми пардохт Visa International гузаронида шуд, намояндагони ширкати Visa International Маҷид Хуҷар, Ирина Камхадзе ва Элнура Ҷениш барои 35 нафар рӯзноманигорони расонаҳои давлативу мустақили кишвар дар мавзӯи аҳамияти иқтисодиву иҷтимоии низоми пардохтҳои электронӣ, ҷанбаҳои стратегии ин низом ва мақсадҳои мусоидат ба афзоиши пардохтҳои электронӣ ва манфиатҳои пардохтҳои электронӣ барномаи омӯзишӣ гузарониданд.  

seminar_viza_2.JPG

Тавре баргузоркунандагони семинар изҳор доштанд, дарки дурусти моҳияти мавзӯъ аз ҷониби хабарнигорон, ташвиқу тарғиби низоми пардохтҳои электронӣ аз ҷониби расонаҳо дар рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ бешубҳа саҳми назаррас хоҳад дошт. 

seminar_viza_3.JPG

Дар хотимаи ин барномаи таълимӣ, ба ҳамаи иштирокчиён туҳфаҳои хотиравӣ ва сертификати иштирокчии семинар супорида шуд. 

Хадамоти матбуоти   
БМТ


Возврат к списку