12.05.2016

Имрӯз 12 майи соли 2016, дар Бонки миллии Тоҷикистон барои кормандони Бонки миллӣ, Вазорати молия ва дигар сохторҳои давлатие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзими бахши молиявӣ сарукор доранд, таҳти унвони “Пардохтҳои электронӣ” семинари таълимӣ гузаронида шуд.  

seminar_1.JPG

Семинари мазкур дар доираи созишномаи ҳамкорӣ оид ба иштирок дар низоми миллии ҳисоббаробаркуниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадиқиқотӣ ва бозомӯзии кормандони БМТ ва иштироки намояндагони ширкати байналмиллалии низоми пардохт Visa International баргузор гардид.

Бояд гуфт, тавассути ташкили семинари зикршуда, иштирокчиёни семинар дар бораи аҳамияти иқтисодиву иҷтимоии низоми пардохтҳои электронӣ, ҷанбаҳои стратегии ин низом ва мақсадҳои мусоидат ба афзоиши пардохтҳои электронӣ, рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва манфиатҳои пардохтҳои электронӣ маълумоти бештар пайдо намуданд.  

seminar_2.JPG

Хотиррасон мекунем, ки шуруъ аз моҳи сентябри соли 2015 амалиётҳои ҳисоббаробаркунӣ бо истифодаи кортҳои пардохтии низоми пардохтии Visa International дар ҷумҳурӣ танҳо бо пули миллӣ – сомонӣ, яъне бе гузаронидани амалиёти иловагии мубодилаи асъор иҷро мегарданд. Барои дар амал татбиқ намудани ин нақша Бонки миллии Тоҷикистон лоиҳаи ташкил намудани Низоми миллии ҳисоббаробаркуниҳои Тоҷикистонро бо низоми пардохтии Visa International - TJNNSS (Tajikistan National Net Settlement Service) шуруъ намуд. Амалӣ намудани лоиҳаи мазкур барои зиёд гардидани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, татбиқи воситаҳои муосири электронии пардохт, аз қабили кортҳои пардохтии бонкӣ, оммавӣ гаштани ин воситаи муосири пардохт дар байни аҳолии кишвар ва барои устувории низоми пардохти миллӣ мусоидат хоҳад намуд. 

Қайд кардан зарур аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми анҷом додани хариду фурӯши мол ва хизматрасонӣ бо истифодаи кортҳои Visa International дар қаламрави ҷумҳурӣ нақши бонки ҳисоббаробаркуниро иҷро менамояд. 

Хадамоти матбуоти   
БМТ




Возврат к списку