Количество показов: 3068
Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва бозомӯзии кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи созишномаи ҳамкорӣ бо Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, 2-юми августи соли равон барои кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Низоми бонкдории исломӣ” семинари таълимӣ баргузор намуд.
Муовини аввали ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисод Хайров Шукрулло Қурбоналиевич ба кормандони воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон оид ба роҳҳои татбиқ ва инкишофи низоми бонкдории исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассалу ҷолиби назариявӣ пешниҳод кард.
Дар рафти семинар ба иштирокдорон дар бораи таърихи пайдоиши бонки исломӣ, мафҳуми бонки исломӣ, шаклу усулҳои фаъолият дар ин низоми бонкӣ маълумот дода шуда, барои мисол таҷрибаи таъсири буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба бонкҳои анъанавӣ ва бонкҳои исломӣ дар солҳои охир мавриди таҳлил қарор гирифт.
Ҳадаф аз баргузории семинар омӯзиши асосҳои назарияи бонкдории исломӣ ва таҷрибаҳои беҳтарини ин низоми бонкӣ дар кишварҳои ҷаҳон ба ҳисоб рафта, иштирокдорони семинар дар баҳсу мунозираҳои қисмати назария ва таҳлили мисолҳо бо дарёфти посух ба саволҳои худ дониши худро дар ин мавзӯъ боз ҳам мукаммал намуданд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ