19.09.2016

16 сентябри соли равон барои кормандони Дастгоҳи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Ҳисоби мутамаркази музди меҳнат ва бақайдгирии воситаҳои асосӣ дар Барномаи 1С” семинари таълимӣ доир гардид. 

IMG_4959.JPG

Дар семинари мазкур мутахассисони Идораи ҳисобдорӣ ва Департаменти технологияҳои иттилоотии Бонки миллии Тоҷикистон барои иштирокдорон - кормандони воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавии БМТ оид ба қоидаҳо ва имкониятҳои истифодабарӣ, пур кардани маълумотҳо дар низом ва қоидаҳои ҳисобгирии воситаҳои асосӣ (ҳуҷҷатҳои зарурии аввалия, пайдарҳамӣ, ҳисобрасӣ) дарсҳои аёнӣ гузарониданд. 

IMG_4949.JPG

Ҳамзамон, ба иштирокдорони семинар оид ба зарурати якҷоясозӣ ва марказонидани низоми “1-С маош ва идоракунии кормандон”, автоматикунонии ҳисоби воситаҳои асосӣ маълумотҳои иловагӣ пешниҳод гардид. 

IMG_4951.JPG

Қобили зикр аст, ки семинари мазкур идомаи силсилаи барномаҳои таълимии Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва бозомӯзии кормандон буда, баҳри таҳкиму тақвият бахшидан ба сатҳи касбият ва малакаи кории мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон равона шудааст. 

Шуъбаи матбуоти 
БМТ


Возврат к списку