03.03.2023

Дар доираи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, лоиҳаи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 таҳия гардид, ки он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022, №314 тасдиқ карда шуд.

Стратегияи мазкур аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки вазорату идораҳои дахлдор (вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо занон ва оила ва андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), ҳамчунин бо ҷалби мушовирони Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC) ва дастгирии молиявии Котиботи давлатӣ оид ба масъалаҳои иқтисодии Швейтсария таҳия карда шудааст (SECO). 

Рӯзи 20 сентябри соли 2022 маросими оғози татбиқи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 доир гардид, ки дар он ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, роҳбарони аввали вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд. 

Ҳадафи асосии Стратегияи мазкур ин васеъ намудани доираи дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифати молиявӣ мебошад, ки дар рушди устувори бахши молиявӣ, беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди сармояи инсонӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ нақши муҳим дорад.

Мавриди зикр аст, ки Стратегияи мазкур чор самти асосиро дар бар мегирад, аз ҷумла: 

- шабакаҳои таҳвил ва хизматрасониҳои молиявии рақамӣ;

- гуногуншаклии маҳсулоти молиявӣ;

- ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ;

- саводнокии молиявӣ. 

Барои ноил гардидан ба мақсадҳои Стратегияи мазкур, механизми идоракунӣ, ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи самараноки он, аз ҳисоби роҳбарони аввали вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, тарафҳои манфиатдор ҳайати асосӣ ва аъзои дорои овози машваратии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ муайян карда шуданд. 

Ҳамчунин, бо қарорҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ҳайати Кумитаи иҷроия ва гурӯҳҳои корӣ аз рӯйи чор самти асосии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳайати онҳо намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ ва шарикони рушд шомиланд, тасдиқ карда шуд.

Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, минбаъд низ андешидани тадбирҳои заруриро идома хоҳад дод.


Возврат к списку