ДЕПАРТАМЕНТИ ИДОРАИ ЗАХИРАҲОИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ

ОГОҲИНАМОӢ ОИД БА КУШОДАНИ СУРАТҲИСОБИ БОНКӢ АЗ ҶОНИБИ РЕЗИДЕНТҲО ДАР БОНКИ ХОРИҶА ТАВАССУТИ СОМОНАИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Тавассути равзанаи ягонаи огоҳинамоӣ тамоми резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз макони ҷойгиршавиашон метавонанд ба таври онлайн (мустақим) Бонки миллии Тоҷикистонро аз кушодани суратҳисоб дар бонки хориҷа огоҳ намоянд. 

Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо мақсади сарфаи вақти шаҳрвандон ва осон кардани тартиби огоҳнамоӣ оид ба кушодани суратҳисобҳои бонкӣ аз тарафи резидентҳо дар бонкҳои хориҷа, раванди огоҳинамоии электрониро тавассути сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон ба роҳ монад. Тибқи ин тартиб резидентҳо минбаъд имкон пайдо мекунанд, ки оид ба кушодани суратҳисоб дар бонки хориҷа  Бонки миллии Тоҷикистонро дар шакли хаттӣ ва ба таври мустақим  (электронӣ) огоҳ намоянд.

Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” - резидентҳо метавонанд дар бонкҳои хориҷа бе маҳдудият суратҳисобҳои бонкӣ (пасандозӣ, амонатӣ ва дигар) кушоянд, яъне ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар бонкҳои хориҷа суратҳисоб кушода, маблағҳои дар суратҳисоби хориҷӣ доштаашро бемамоният истифода барад.

Резидентҳое, ки чунин суратҳисобҳоро кушодаанд, бояд дар муддати на дертар аз даҳ рўзи корӣ Бонки миллии Тоҷикистонро дар ин хусус огоҳ намоянд.

Бонки миллии Тоҷикистон дар муҳлати на дертар аз панҷ рӯзи корӣ аз санаи гирифтани огоҳинома ба резидентҳо ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар шакли Хабарнома пешниҳод мекунад.

Бе пешниҳод намудани ин Хабарнома аз тарафи ташкилотҳои қарзӣ гузарондани (интиқоли) маблағҳои пулӣ ба суратҳисоби резидент, ки дар бонки ғайрирезидент кушодааст, манъ аст.

Резидентҳое, ки дар бонкҳои ғайрирезидент бо асъори хориҷӣ суратҳисоби бонкӣ кушодаанд (ба истиснои суратҳисобҳои пасандозии шахсони воқеӣ ва суратҳисобҳои муросилотии ташкилоти қарзӣ), уҳдадоранд ҳар семоҳа то санаи 10 моҳи пас аз моҳи охирини семоҳаи ҳисоботии оянда ба Бонки миллии Тоҷикистон оид ба бақия ва гардиши маблағҳои пулӣ дар ин суратҳисоб маълумот пешниҳод намоянд.

Барои сари вақт огоҳ накардани Бонки миллии Тоҷикистон дар хусуси кушодани суратҳисоб аз ҷониби резидент дар бонки хориҷа, дар муҳлатҳои муқарраршуда пешниҳод накардани ҳисобот ва дигар маълумоти ба ин суратҳисоб дахлдошта қонуншиканӣ арзёбӣ гашта, шахси  гунаҳкор тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Раванди электронии огоҳинамоӣ оид ба кушодани суратҳисоби бонкӣ аз ҷониби резидентҳо дар бонки хориҷа чунин сурат мегирад:

1.Ворид шудан ба сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон https://nbt.tj ;

2.Дар қисми рости сомона банди “Огоҳинамоӣ оид ба кушодани суратҳисоби бонкӣ” пахш карда мешавад;

3.Дар қисми Маълумот оид ба резидентҳое, ки дар бонки хориҷӣ суратҳисоб мекушоянд, бандҳои ному насаб, ҷои истиқомат, почтаи электронӣ ва рақами телефон пур карда мешаванд;

4.Баъдан, қисми Дархост барои огоҳинамоӣ пахш карда мешавад. Баъди падидор гардидани шакли тайёри дархост резидент ин шаклро ба таври хаттӣ ва ё электронӣ пур карда, нусхаи он тавассути қисми “Обзор” ба сомона пайваст карда мешавад;

5.Нусхаи шиноснома, нусхаи Рақами мушаххаси андозсупоранда ва нусхаи маълумотнома (шартнома) аз бонки хориҷӣ, ки тасдиқкунандаи кушодани суратҳисоби резидент дар бонки хориҷӣ мебошад, дар қисмҳои “Обзор” пайваст карда мешаванд.

6.Пас аз он, қисми “Матни дар расм бударо дохил намоед”  пур карда мешавад;

7.Дар интиҳо қисми “Фиристондан” пахш карда мешавад. Пас аз пахши тугмачаи "Фиристондан" дар хати аввали саҳифа паёмаки "Дархости Шумо қабул карда шуд!" пайдо мешавад.

ТЕЛ БАРОИ ТАМОС: 44 600 31 03   44 600 15 02


 

МАЪЛУМОТ 

ОИД БА РЕЗИДЕНТЕ, КИ ДАР БОНКИ ХОРИҶА СУРАТҲИСОБ МЕКУШОЯД


ДАРХОСТ БАРОИ ОГОҲИНАМОӢ 



Ному Насаб*
Ҷои истиқомат*
E-mail*
Телефон*
Огоҳинома
Нусхаи шиноснома
ИНН(нусхаи РМА)
Нусхаи маълумотнома аз бонки хоричи
Савол                                 
Матни дар расм бударо дохил намоед!*