Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ

03.08.2016

Механизми ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон мавриди баррасӣ қарор гирифт

Дуюми августи соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ташкилотҳои қарзӣ ва Бонки Ҷаҳонӣ дар мавзӯи «Механизмҳои воқеӣ ва қадамҳои стратегӣ баҳри рушди институти ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ дар мисоли Шуъбаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкии БМТ; таҷрибаи байналхалқӣ, дурнамо, банақшагирии стратегӣ, масоили муосир ва роҳи ҳалли онҳо» мизи мудаввар доир гардид.

Krug_stol_huquq Istem_1.jpg

Чорабиниро муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович ҳусни ифтитоҳ бахшид. Номбурда таваҷҷуҳи иштирокдорони мизи мудаварро ба механизмҳои рушди ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, мақсади асосии таъсис додани сохтори мазкур ва як қатор масъалаҳои муҳими ҳалталаби имрӯзаи кишвар ҷалб намуда, изҳор дошт, ки тарафҳо метавонанд дар ин нишаст тавассути муколама ва баҳсҳо бо дастовардҳои якдигар ошно гашта, табодули таҷриба намоянд.

Баъдан, намояндагони Шуъбаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкии БМТ ва иштирокдорони мизи мудаввар оид ба мавзӯи мизи мудаввар изҳори назар карданд. 

Krug_stol_huquq Istem_2.jpg

Аз ҷумла зикр гашт, ки баргузории мизи мудаввар имконияти хеле хуб барои натиҷагирӣ аз пешниҳоди фикру мулоҳизоти ҷойдоштаи бахшҳои бонкӣ ва маблағгузории хурд доир ба фаъолияти Шуъбаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкии БМТ ба ҳисоб рафта, тавассути он метавон намояндагони ин бахшҳоро минбаъд ба раванди таҳияи лоиҳаи Стратегияи рушди ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ ҷалб кард.

Аз ҷониби намояндагони БМТ пешниҳод гардид, ки дар оянда рейтинги ташкилотҳои қарзӣ оид ба сифати хизматрасониҳои молиявӣ муайян карда шуда, натиҷаҳои он дар сомонаи БМТ ҷойгир карда шавад. Ин пешниҳод аз ҷониби иштирокдорон дастгирӣ ёфт. 

Krug_stol_huquq Istem_3.jpg

Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур натиҷагирии ҳолати воқеӣ ва мавҷудаи фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ оид ба механизми ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои бонкӣ, мушкилоти дар ин самт ҷойдошта ва баррасии пешниҳодҳо вобаста ба самаранокии механизми номбурда буда, натиҷаҳои дар рафти баргузории чунин чорабиниҳо ба даст овардашуда, дар таҳкими ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ заминаи хуби назариявӣ шуда метавонанд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо инчунин оид ба самтҳои гуногуни рушди бахши ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони низоми бонкӣ суҳбат намуда, барои таҳияи лоиҳаи Стратегияи рушди ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ пешниҳодҳои муфид манзур карданд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Диданд: 0

Бозгашт