Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ

04.05.2017

Ҳафтаи байналмиллалии молиявӣ (Global Money Week) дар Тоҷикистон

Бо мақсади тақвият бахшидани боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии мардуми кишвар ҷиҳати васеъ намудани имконияти онҳо, поягузории ояндаи масъулонаи молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми молиявӣ, бо иқдоми Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми молиявии Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои қарзӣ дар давраи аз 27 март то 02 апрели соли 2017 ҳафтаи байналмиллалии молиявӣ (Global Money Week) барои наврасон ва ҷавонон доир карда шуд.

glob_mon_1.jpg

Дар гузаронидани чорабинии мазкур тамоми ташкилотҳои қарзии кишвар, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ташкилотҳои молиявии хурд ба таври фаъол саҳм гузоштанд.

glob_mon_2.JPG

Чорабинии мазкур дар тамоми минтақаҳои кишвар гузаронида шуд ва беш аз 8070 нафарро бо омӯзиш фаро гирифт, ки зиёда аз 5 ҳазор нафари онҳоро хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ташкил намуданд. Аз ҷониби ташкилотҳои номбурда барои баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ дар байни аҳолӣ кӯшиши зиёд ба харҷ дода шуд ва корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ доир гардиданд.

glob_mon_3.JPG

Дар баробари гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташкилотҳои қарзӣ барои иштирокдорони ҳафтаи молиявӣ маводҳои гуногуни иттилоотӣ, аз қабили брошюраҳо ва шиорҳо бо нишон додани моҳият ва мафҳумҳои молиявӣ нашр намуда, ба ҷавонон ва наврасон тақдим намуданд.

glob_mon_4.jpg

Ҳамзамон, маълумоти муфассал аз натиҷаи ҳафтаи байналмилалии молиявӣ аз ҷониби Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми молиявӣ бо аксҳо ва видеороликҳо таҳия гардида, ба ширкати байналмиллалии “Child and Youth Finance International” ирсол карда шуд. Ҳисоботи мазкур аз ҷониби ширкати номбурда дар сомонаи http:// www. globalmoneyweek.org/Countries/tajikistan.html ҷойгир карда мешавад, ки дастраси алоқамандон хоҳад буд.

Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони
хизматрасониҳои низоми молиявӣ


Диданд: 0

Бозгашт