Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ

20.07.2017

Омӯзиши молиявӣ барои наврасон

11 июли соли 2017 дар истироҳатгоҳи кӯдаконаи “Шарора” дар доираи ҳамкорӣ бо Фонди хазинаи амонатӣ ва муносибатҳои байналмилалии Олмон ва дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон, ҷиҳати ғанӣ гардонидани маърифати молиявӣ барои наврасони синни 14-15 сола бозии таълимии интерактивӣ таҳти унвони “Пасандоз” баргузор гардид.

Rukmina_22.jpg

Мақсад аз баргузории ин гуна машғулиятҳо, бедор намудани завқи хонандагон ба омӯзиши донишҳои молиявӣ ба ҳисоб рафта, зимни омӯзиш ба иштирокдорон дар бораи банақшагирии даромаду хароҷот, қабули қарори дуруст дар ҳолати рух додани мушкилиҳои рӯзмарра ва нақши институтҳои молиявӣ дар ҷомеа маълумоти васеъ пешниҳод карда мешавад.

  Rukmina_33.jpg

Дар оғози чорабинии зикргашта, аз ҷониби ташаббускорон, бахусус мутахассисони Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ба иштирокдорон дар мавзӯъҳои “Муҳим будани дониши молиявӣ барои инсон” ва “Аҳамияту зарурати ташкили бозиҳои таълимӣ-молиявӣ барои кӯдакону наврасон” маълумот дода шуд.

Машғулияти мазкур дар се марҳила (тарзи нақшакашии хароҷоти оила) гузаронида шуда, дар рафти бозӣ дар баробари омӯзиши фикру андешаи кӯдакон оид ба мафҳумҳои молиявӣ, ҳамзамон оид ба моҳияти мафҳумҳои қарз, амонат ва пасандоз, банақшагирии даромаду хароҷоти оила, чӣ гуна ва дар куҷо нигоҳ доштани маблағ маърӯзаҳо хонда шуд.

Rukmina_2.jpg

Бояд гуфт, ки чорабинии мазкур дар фазои мусоид баргузор гардида, аз ҷониби иштирокдорон ҷиҳати бештар намудани чунин машғулиятҳо дархост пешниҳод гардид.
Дар анҷоми чорабинӣ ташаббускорони барнома ба ҳар кадом иштирокчӣ лавозимоти мактабӣ ва дигар намуди туҳфаҳои хотиравиро тақдим намуданд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 0

Бозгашт