Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ

26.08.2020

Бонки миллии Тоҷикистон барои муштариён вайбер чат-боти "Саводнокии молиявӣ" пешниҳод менамояд

Бонки миллии Тоҷикистон дар яке аз мессенҷерҳои машҳуртарини ҷаҳонӣ Viber ёрдамчии виртуалӣ яъне чат-ботро барои баланд бардоштани саводи молиявии аҳолӣ бо номи “Саводнокии молиявӣ” таъсис дод.

Чат-бот ин мусоҳибаи виртуалӣ буда, метавонад ба суолҳои шахс посухҳои мушаххас дода, муошират намояд ва дархостҳои мухталифро дар бораи пешниҳоди маълумот иҷро кунад. Истифодаи Viber chat-bot нисбат ба истифодаи барномаҳои анъанавӣ соддаву осон буда, вақти одамонро сарфа мекунад, барои боркашӣ, насб кардан имкони хуб фароҳам оварда, дар хотираи смартфон ҷойи зиёдро талаб намекунад. Барои иҷро кардани амалиёт дар ягон барнома, аксар вақт чанд тугмачаҳоро пахш кардан зарур меояд, дар мессенҷер бошад як паём кофӣ аст. Ҳама чизеро, ки ба шумо лозим аст, аз як манбаъ гирифтан имконпазир мебошад.

Бо истифода аз чат бот муштариён метавонанд саводнокии молиявии худро баланд бардошта, маълумот дар бораи маҳсулот ва хизматрасониҳои бонкӣ, қурби асъори БМТ, рӯйхати ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон пайдо карда, аз ҳисобкунаки қарзӣ ё амонатӣ ва телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон низ истифода баранд.

7.jpg

Барои иҷрои ин амалиётҳо ба истифодабарандагон лозим аст, ки замимаи Viber-ро дар смартфон ё планшет насб намуда, ба суроға гузариш кунанд: http://ln.ddns.me/ln.php?u=fingramtj, инчунин ин амалиёт тавассути сканкунии QR-и махсус имконпазир мебошад.

Мутахассисони Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Бонки миллии Тоҷикистон, ки чат боти зеринро таъсис додаанд, изҳори боварӣ мекунанд, ки чат боти саводнокии молиявӣ ба аҳолӣ дар тақвият бахшидани саводнокии молиявӣ, ичнунин барои идора ва истифодаи маблағ кӯмак мерасонад. Ин як саҳми хурд аст барои онҳое, ки мехоҳанд фоида ё зиёнро дар ҳисоб кардани фоизи амонат ё қарз муайян кунанд. Ёвари виртуалӣ метавонад ба баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ кӯмак расонад, сифати хизматрасонии молиявиро баланд бардорад ва қобилияти шаҳрвандонро дар истифодаи самараноки хизматрасониҳои молиявӣ васеътар кунад. Ин иқдом осебпазириро ба буҳрони молиявӣ коҳиш медиҳад, инчунин боиси тадриҷан кам шудани хавфи қарзҳои барзиёди шаҳрвандон аз қарзҳои истеъмолӣ, коҳиш додани хатари қаллобӣ аз ҷониби баъзе иштирокчиёни бозор мегардад ва аз ҳама омили муҳим ҳимояи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявиро таъмин менамояд.

Дар замони иқтисоди рақамӣ, рушди технология ва пешравии доимӣ мо бояд ба стандартҳои нав мувофиқат кунем: усулҳои инноватсионии тиҷоратро роҳандозӣ намуда, моделҳои анъанавиро тақвият бахшем. Вайбер чат боти "Саводнокии молиявӣ" як қадам ба пеш аст!

Мутахассисони Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии БМТ ба нақша гирифтаанд, ки ин шабакаи алоқаро барои истеъмолкунандагони маҳсулоту хизматрасониҳои молиявӣ пешниҳод намуда, дар ояндаи наздик ба онҳо инчунин маслиҳатҳои муфид, идеяҳо барои тиҷорат ва иқдомҳои ҷолибро пешниҳод намоянд.


Диданд: 0

Бозгашт