10-15 августи соли 2020 дар доираи лоиҳаи муштараки Бонки миллии Тоҷикистон ва Фонди хазинаҳои амонатӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Олмон, инчунин дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак чорабиниҳои бозомӯзии омӯзгорон баргузор гардиданд.
25 июли соли 2020 дар Маркази саломатии наврасон ва ҷавонони “Шохин-БМТ”-и шаҳри Гулистон барои 120 нафар иштирокчиёни лагер дар мавзӯи "Чӣ гуна бояд ҳадафҳои молиявии худро амалӣ кард ва буҷаи худро ба нақша гирифт?" семинар-тренинг доир карда шуд.
Бо қарори Раёсати Бонки Миллии Тоҷикистон аз санаи 25 июни соли 2020 №79 Дастурамали № 241 "Дар бораи тартиби ба истеъмолкунандагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ифшо намудани маълумот оид ба хизматрасониҳои бонкӣ" тасдиқ шуда, 14-уми июли соли 2020, таҳти №1026 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузашт.