1. Мақсади асосии Бонки миллии Тоҷикистон ноил шудан, нигоҳ доштани сатҳи мӯътадили нархҳои дохилӣ дар давраи дарозмуҳлат мебошад.
2. Мақсадҳои иловагии Бонки миллии Тоҷикистон инҳоянд:
- таъмини устувории низоми бонкии давлат;
- мусоидат ба фаъолияти самаранок ва мунтазами низоми пардохт.
Вазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистон:
- таҳия ва амалӣ намудани сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳлили иқтисодӣ ва пулӣ ва дар асоси он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани таклифҳо, инчунин ба маълумоти ҷомеа расонидани натиҷаҳои таҳлил;
- додани иҷозатнома ба ташкилотҳои қарзӣ барои иҷрои амалиёти бонкӣ ва танзиму назорати фаъолияти онҳо;
- додани иҷозатнома барои фаъолияти Бюроҳои таърихи қарз ва танзиму назорати фаъолияти онҳо;
- ташкили низоми пардохт, клиринг, ҳисоббаробаркунӣ ва низоми хизматрасониҳои пулӣ, танзим ва назорати фаъолияти онҳо;
- ба таври монополӣ амалӣ намудани эмиссияи пули нақд, ба муомилот баровардан ва аз муомилот гирифтани пул;
- нигаҳдорӣ ва идораи захираҳои байналмилалӣ;
- иҷрои амалиётҳои бонкӣ;
- ташкили шароити мусоид барои ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ;
- аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба худ гирифтани ӯҳдадориҳо ва иҷрои амалиётҳое, ки аз иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ бармеоянд;
- таҳияи тавозуни пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон.