Озмун

Вазифаҳои холӣ
17.03.2022

Эълони Озмун

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

О З М У Н
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Департаменти аудити дохилӣ
I
Аудитори дараҷаи II шуъбаи ташкил ва ҷамъбасти фаъолияти аудиторӣ - (2 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилот: олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • донистани стандартҳои аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
  • доштани сертификати СIA (аудитори дохилии сертификатдор), САР (муҳосиби амалии сертификатдор) ё СРА (муҳосиби ҷамъиятии сертификатдор) - афзалият дорад;
  • доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи аудити бонкӣ ва баҳисобгирии муҳосибӣ;
  • малакаи кор дар компютер, донистани MS Office - (Word, Excel, Power Point) - ҳатмӣ;
  • донистани забони давлатӣ (тоҷикӣ) ва забони русӣ – ҳатмӣ, донистани забони англисӣ – афзалият дорад;
  • доштани таҷрибаи кории на камтар аз 2 сол дар соҳаи бонкӣ ё дар ширкатҳои аудиторӣ ва дигар соҳаҳои ба фаъолияти аудиторӣ алоқаманд.

II
Аудитори дараҷаи II шуъбаи аудити молиявӣ - (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилот: олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
  • маҳорати ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • донистани стандартҳои аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
  • доштани сертификати СIA (аудитори дохилии сертификатдор), САР (муҳосиби амалии сертификатдор) ё СРА (муҳосиби ҷамъиятии сертификатдор) - афзалият дорад;
  • доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи аудити бонкӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ ва андозу андозбандӣ;
  • малакаи кор дар компютер, донистани MS Office - (Word, Excel, Power Point)-ҳатмӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва забони русӣ – ҳатмӣ, донистани забони англисӣ – афзалият дорад;
  • доштани таҷрибаи кории на камтар аз 2 сол дар соҳаи бонкӣ ё дар ширкатҳои аудиторӣ ва дигар соҳаҳои ба фаъолияти аудиторӣ алоқаманд.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 3 дона андозаи 3х4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).

Ҳуҷҷатҳоро дар нишонии зерин қабул менамоянд:
• ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, Идораи кормандон
• Барои маълумот - тел: + 992 (44) 600-32-32; +992 (44) 600-31-38
• Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то санаи 05.04. 2022


Возврат к списку