Озмун

Вазифаҳои холӣ
04.10.2022

Эълони Озмун

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

О З М У Н
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Департаменти ҳисобдорӣ
I
мутахассиси дараҷаи I-и шуъбаи амалиёти дохилибонкӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • доштани дониши хуби қонунгузории соҳаҳои бонкӣ, меҳнат ва андоз;
  • доштани дониши кофӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, таҷрибаи корӣ нисбати баҳисобгирии музди меҳнат ва дигар пардохтҳо, ҳисоббаробаркунӣ бо таҳвилгарон (аз ҷумла пудратчиён), инчунин баҳисобгирии дигар амалиётҳои муҳосибӣ;
  • маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисобот, пайнавиштҳо, ҷадвалҳо, диаграммаҳо ва ғ;
  • доштани қобилияти таҳлилию тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани маводҳои таҳлилӣ;
  • малакаи касбии кор бо компютер ва дар низоми автоматишудаи бонкӣ – СФТ ва барномаҳои муҳосибии 1С, донистани Ms Office (Word, Excel, Power Point ва ғ);
  • доштани сертификати муҳосиби касбӣ (САР) афзалият дорад;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 3 сол дар низоми бонкӣ;
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.

II
мутахассиси дараҷаи I-и шуъбаи таҳлил ва таҳияи ҳисоботҳои молиявӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • доштани дониши хуби қонунгузории соҳаҳои бонкӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
  • малакаи таҳия намудани ҳисоботҳои молиявии маҷмӯӣ ва кор бо аудиторони берунӣ;
  • доштани қобилияти таҳлилию тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани маводҳои таҳлилӣ, маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисобот, ҷадвалҳо, диаграммаҳо ва ғ;
  • доштани дониши кофӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, таҷрибаи корӣ нисбати баҳисобгирии воситаҳои асосӣ ва маводҳои камнарху зудфарсудашаванда, инчунин баҳисобгирии дигар амалиётҳои муҳосибӣ;
  • малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (Word, Excel, Power Point) ва донистани хуби барномаи муҳосибии 1С ва низоми автоматишудаи бонкӣ - СФТ;
  • доштани сертификати муҳосиби касбӣ (САР) афзалият дорад;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар низоми бонкӣ;
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.

    III
    мутахассиси дараҷаи I-и шуъбаи пешбурди китоби асосӣ 
                                                ва иҷрои сиёсати андозӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
  • таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • доштани дониши хуби қонунгузории соҳаи бонкӣ ва андоз;
  • доштани дониш ва таҷрибаи кофӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, баҳисобгирии андозӣ;
  • доштани қобилияти баланди таҳлилию тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани маводҳои таҳлилӣ, маҳорати омода намудани мукотибот, ҷадвалҳо, диаграммаҳо ва ғ;
  • малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (Word, Excel, Power Point) ва донистани хуби барномаи муҳосибии 1С ва низоми автоматишудаи бонкӣ - СФТ;
  • доштани сертификати муҳосиби касбӣ – (САР) афзалият дорад;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар низоми бонкӣ ё мақомоти андоз;
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:
  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • 3 дона расм (андоза 3х4);
  • рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН) аз мақомоти андози ноҳия.
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи билети ҳарби;
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • рақами СИН аз шуъбаи муҳосиботи ҷойи кори пештара;
  • маълумотномаи тиббӣ №038
  • маълумотнома аз ВКД (ИТС) барои доғи судӣ надоштан
Қабули ҳуҷҷатҳо баъд аз соати 14:00 дар нишонии зерин шуруъ мегардад:
Телефон барои маълумот: 600-32-13, 600-32-32
ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 38/1
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 24 октябри с.2022

Идораи кормандон



Возврат к списку