Озмун

Вазифаҳои холӣ

13.02.2024 Эълони Озмун

Департаменти мониторинги молиявӣ

I

Мутахассиси дараҷаи II шуъбаи таҳлил ва тадқиқот (1 ҷой) 

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, молиявӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ (иқтисодӣ);
  • малакаи хуби кор бо компютер (MS Office, Internet) ё дигар системаҳои идоракунии пойгоҳҳои маълумот;
  • қобилияти хуби таҳлилнамоии маълумотҳо, таҳия ва пешниҳоди хулосаву тавсияҳо;
  • доштани таҷрибаи корӣ вобаста ба ихтисос на камтар аз 1 сол;
  • донистани қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, донистани тавсияҳои ФАТФ ва типологияҳои байналмилалӣ дар соҳаи мазкур, асосҳои иқтисодиёт ва таҳлили иқтисодӣ, қонунгузории идоракунии фаъолияти шахсони ҳисоботдиҳанда, фаъолияти ҳисобдорӣ, фаъолияти бонкӣ ва молиявӣ, инчунин паҳлуҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба самти мазкур алоқаманд мебошанд;
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, дигар забонҳои хориҷӣ афзалият дорад.


05.02.2024 Эълони Озмун

Шуъбаи банақшагирии молиявӣ ва таҳлил

I
Мутахассиси пешбар (1ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ/молиявӣ;
  • таҷрибаи корӣ дар бахши молиявӣ/ҳисобдорӣ на камтар аз 3 сол;
  • доштани малакаи хуби таҳлилгарӣ;
  • малакаи зарурии корӣ бо барномаҳои компютерӣ (Ms Office ва дигар барномаҳо);
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад.

05.02.2024 Эълони Озмун

Департаменти аудити дохилӣ

I
Аудитори дараҷаи I - шуъбаи ташкил ва ҷамъбасти
фаъолияти аудиторӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:
  • таҳсилот: олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • донистани стандартҳои аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
  • доштани малакаи зарурӣ дар таҳияи санадҳои меъёрӣ ва методологияҳои аудити дохилӣ;
  • доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи аудити бонкӣ ва баҳисобгирии муҳосибӣ;
  • доштани сертификати СIA (Аудитори дохилии сертификатдор), САР (Муҳосиби амалии сертификатдор) ё СРА (Муҳосиби ҷамъиятии сертификатдор) - афзалият дорад;
  • малакаи кор дар компютер, донистани MS Office - (Word, Excel, PowerPoint) - ҳатмӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад;
  • доштани таҷрибаи кории на камтар аз 3 сол дар соҳаи бонкӣ дар самти аудити дохилӣ, идоракунии хавфҳо, комплаенс, низоми назорати дохилӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва молиявӣ, ё дар ширкатҳои аудиторӣ ва дигар соҳаҳои ба фаъолияти аудиторӣ алоқаманд.

23.01.2024 Эълони Озмун

ИДОРАИ СУБОТИ МОЛИЯВӢ

I
мутахассиси дараҷаи 1 шуъбаи таҳия ва
назорати барномаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии молиявӣ-иқтисодӣ;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар муассисаҳои бонкӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, иқтисодӣ ва молиявӣ;
  • қобилияти баланди таҳияи барномаҳои иқтисодӣ;
  • қобилияти баланди таҳлилӣ ва хулосабарорӣ;
  • маҳорати ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • малакаи касбии кор бо компютер- MS Office (word, excel, power point);
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ), русӣ ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад;
  • доштани маҳорати баланди салоҳиятнокӣ, масъулият ва одоби касбӣ;
  • пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд.

16.01.2024 Эълони Озмун

ШУЪБАИ ТАҲЛИЛИ ХАВФҲО:

I
Мутахассиси дараҷаи I (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии риёзӣ, иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳои бонкӣ афзалият дорад;
  • доштани собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос на камтар аз ду сол;
  • доштани сертификатҳои байналмилалӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳо афзалият дорад;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ;
  • малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Word, Excel, Power point) - ҳатмӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад.


Новости 6 - 10 аз 72
Аввал | Пешӣ | 1 2 3 4 5 | Баъдӣ | Охир