ШАРИФЗОДА ФИРУЗ ҲОМИДДИН
Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон
Шарифзода Фируз Ҳомиддин 23 майи соли 1984 таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, хатмкардаи Академияи иқтисодии Россия ба номи Г.В.Плеханов бо ихтисоси иқтисодчӣ мебошад.
Фаъолияти меҳнатияш дар Бонки миллии Тоҷикистон аз соли 2005 ба ҳайси иқтисодчии дараҷаи II-и шуъбаи назорати ташкилотҳои молиявии ғайрибонкии Идораи назорати бонкӣ ва иҷозатномадиҳӣ шуруъ шуда, баъдан солҳои 2006-2014 дар вазифаи иқтисодчии дараҷаи I ва бозраси пешбари Идораи назорати бонкӣ кор кардааст. Солҳои 2014-2015 муовини сардори шуъбаи бозрасии Департаменти назорати бонкӣ, солҳои 2015-2016 ба ҳайси сардори Идораи бозрасии дувуми Департаменти назорати бонкии БМТ ифои вазифа намудааст.
Шарифзода Фируз Ҳомиддин солҳои 2016-2017 дар вазифаи муовини директори Департамент-сардори Идораи таҳлил ва иҷозатномадиҳии Департаменти назорати бонкӣ, солҳои 2017-2019 муовини директори Департаменти назорати бонкӣ, солҳои 2019-2020 сараудитор-директори Департаменти аудити дохилӣ ва аз соли 2020 то 17 августи соли 2022 дар вазифаи директори Департаменти назорати бонкии БМТ фаъолият кардааст.
17 августи соли 2022 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Фируз Ҳомиддин Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин шуд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2024, №682 Шарифзода Фируз Ҳомиддин Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардид.
Номбурда соли 2021 бо мукофоти давлатӣ – медали Хизмати шоиста сарфароз шудааст.
Узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, забонҳои англисӣ ва русиро медонад.
Оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад.