05.02.2024
Эълони Озмун
Департаменти аудити дохилӣ
I
Аудитори дараҷаи I - шуъбаи ташкил ва ҷамъбасти
фаъолияти аудиторӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилот: олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
-
донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
-
маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
-
донистани стандартҳои аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
-
доштани малакаи зарурӣ дар таҳияи санадҳои меъёрӣ ва методологияҳои аудити дохилӣ;
-
доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи аудити бонкӣ ва баҳисобгирии муҳосибӣ;
-
доштани сертификати СIA (Аудитори дохилии сертификатдор), САР (Муҳосиби амалии сертификатдор) ё СРА (Муҳосиби ҷамъиятии сертификатдор) - афзалият дорад;
-
малакаи кор дар компютер, донистани MS Office - (Word, Excel, PowerPoint) - ҳатмӣ;
-
донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад;
-
доштани таҷрибаи кории на камтар аз 3 сол дар соҳаи бонкӣ дар самти аудити дохилӣ, идоракунии хавфҳо, комплаенс, низоми назорати дохилӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва молиявӣ, ё дар ширкатҳои аудиторӣ ва дигар соҳаҳои ба фаъолияти аудиторӣ алоқаманд.
23.01.2024
Эълони Озмун
ИДОРАИ СУБОТИ МОЛИЯВӢ
I
мутахассиси дараҷаи 1 шуъбаи таҳия ва
назорати барномаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии молиявӣ-иқтисодӣ;
-
доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар муассисаҳои бонкӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, иқтисодӣ ва молиявӣ;
-
қобилияти баланди таҳияи барномаҳои иқтисодӣ;
-
қобилияти баланди таҳлилӣ ва хулосабарорӣ;
-
маҳорати ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
-
малакаи касбии кор бо компютер- MS Office (word, excel, power point);
-
донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ), русӣ ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад;
-
доштани маҳорати баланди салоҳиятнокӣ, масъулият ва одоби касбӣ;
-
пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд.
16.01.2024
Эълони Озмун
ШУЪБАИ ТАҲЛИЛИ ХАВФҲО:
I
Мутахассиси дараҷаи I (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
-
таҳсилоти олии риёзӣ, иқтисодӣ ё молиявӣ;
- доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳои бонкӣ афзалият дорад;
- доштани собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос на камтар аз ду сол;
- доштани сертификатҳои байналмилалӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳо афзалият дорад;
- маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ;
- малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Word, Excel, Power point) - ҳатмӣ;
- донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад.
19.12.2023
Эълони Озмун
ИДОРАИ МУНОСИБАИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
I
Мутахассиси дараҷаи II
шуъбаи ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷи дур (2 ҷой)
Талабот ба номзад:
- Маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- Доштани собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос на камтар аз ду сол;
- Донишу таҷрибаи корӣ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ;
- Маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот бо забонҳои русӣ ва англисӣ;
- Доштани маълумоти кофӣ оид ба фаъолияти ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ;
- Малакаи гузаронидани таҳлил аз рӯи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ;
- Дониши хуби макроиқтисодиёт ва алоқамандии бахшҳои макроиқтисодӣ;
- Малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Word, Excel, Power point) ҳатмӣ;
- Донистани забони давлатӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ ҳатмӣ мебошад.
29.11.2023
Эълони Озмун
Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд
Шуъбаи ҳисобдорӣ:
Мутахассиси пешбар (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- Маълумоти олӣ - муҳосибӣ;
- Дониши кофӣ дар самти қонунгузории соҳаи бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон;Дониши кофӣ дар соҳаи баҳисобгирӣ ва ҳисоботи молиявӣ;
- Доштани собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ на камтар аз 2 сол;
- Доштани қобилияти хуби муошират бо коллективӣ меҳнатӣ ва аҳли ҷомеа;
- Маҳорати баланди кор бо компютер MsОffice (Word, Ехеll, Power Point), донистани барномаи 1С;
- Доштани сертификатҳои байналмилалӣ дар соҳаи аудит ва баҳисобгирӣ афзалият дорад;
- Донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.
Новости
11 - 15 из 75
Начало
|
Пред.
|
1
2
3
4
5
|
След. |
Конец