19.12.2023
Эълони Озмун
ИДОРАИ МУНОСИБАИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
I
Мутахассиси дараҷаи II
шуъбаи ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷи дур (2 ҷой)
Талабот ба номзад:
- Маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- Доштани собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос на камтар аз ду сол;
- Донишу таҷрибаи корӣ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ;
- Маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот бо забонҳои русӣ ва англисӣ;
- Доштани маълумоти кофӣ оид ба фаъолияти ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ;
- Малакаи гузаронидани таҳлил аз рӯи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ;
- Дониши хуби макроиқтисодиёт ва алоқамандии бахшҳои макроиқтисодӣ;
- Малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Word, Excel, Power point) ҳатмӣ;
- Донистани забони давлатӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ ҳатмӣ мебошад.
29.11.2023
Эълони Озмун
Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд
Шуъбаи ҳисобдорӣ:
Мутахассиси пешбар (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- Маълумоти олӣ - муҳосибӣ;
- Дониши кофӣ дар самти қонунгузории соҳаи бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон;Дониши кофӣ дар соҳаи баҳисобгирӣ ва ҳисоботи молиявӣ;
- Доштани собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ на камтар аз 2 сол;
- Доштани қобилияти хуби муошират бо коллективӣ меҳнатӣ ва аҳли ҷомеа;
- Маҳорати баланди кор бо компютер MsОffice (Word, Ехеll, Power Point), донистани барномаи 1С;
- Доштани сертификатҳои байналмилалӣ дар соҳаи аудит ва баҳисобгирӣ афзалият дорад;
- Донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.
03.11.2023
Бонки миллии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холии зерин Озмун эълон менамояд.
ИДОРАИ СУБОТИ МОЛИЯВӢ
мутахассиси дараҷаи 1 шуъбаи таҳия ва
назорати барномаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии молиявӣ-иқтисодӣ;
- доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар муассисаҳои бонкӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, иқтисодӣ ва молиявӣ;
- қобилияти баланди таҳияи барномаҳои иқтисодӣ;
- қобилияти баланди таҳлилӣ ва хулосабарорӣ;
- маҳорати ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
- малакаи касбии кор бо компютер- MS Office (word, excel, power point);
- донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ), русӣ ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад;
26.09.2023
Бонки миллии Тоҷикистон озмуни ишғоли вазифаи холиии зерин эълон менамояд
ШУЪБАИ БАНАҚШАГИРИИ МОЛИЯВӢ ВА ТАҲЛИЛ
Мутахассиси пешбари шуъбаи банақшагирии
молиявӣ ва таҳлил (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии иқтисодӣ/молиявӣ;
- таҷрибаи корӣ дар бахши молиявӣ/ҳисобдорӣ на камтар аз 3 сол;
- доштани малакаи хуби таҳлилгарӣ;
- малакаи зарурии корӣ бо барномаҳои компютерӣ (Ms Office ва дигар барномаҳо);
- донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад.
15.09.2023
Бонки миллии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холии зерин озмун эълон менамояд
ШУЪБАИ ТАҲЛИЛИ ХАВФҲО
I
Сармутахассиси шуъбаи таҳлили хавфҳо (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии риёзӣ, иқтисодӣ ё молиявӣ;доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳои бонкӣ (хавфҳои молиявӣ ва ғайримолиявӣ);
- донистани стандартҳои байналмилалии идоракунии хавфҳо (COSO ERM, ISO 31000 (Risk Management Guidelines));
- доштани собиқаи кории на кам аз 3 сол дар соҳаи идоракунии хавфҳои бонкӣ;
- доштани сертификатҳои байналмилалӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳо афзалият дорад;
- қобилияти баланди таҳлилӣ ва хулосабарорӣ;
- маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
- пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
- маҳорати баланди кор дар компютер, донистани ҳатмии барномаҳои Ms Office (Excel, Word ва Power Point);
- донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ), русӣ ва англисӣ – ҳатмӣ.
Новости
11 - 15 из 72
Начало
|
Пред.
|
1
2
3
4
5
|
След. |
Конец