30.03.2023
Эълони Озмун
Шуъбаи матбуот
I
Мутахассиси пешбар (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олӣ дар самти технологияҳои иттилоотӣ ё рӯзноманигорӣ;
- малакаи хуби кор дар компютер;
- маҳорати хуби суратгирӣ ва наворбардорӣ, таҷрибаи хуби кор бо дастгоҳи аккосӣ;
- маҳорати таҳия намудани хабару мақолаҳо;
- малакаи кор дар таҳияи сомона ва қобилияти тарроҳӣ (веб-дизайн);
- доштани таҷрибаи корӣ бо барномаҳои Microsoft Office, Бритикс, Adobe-Photoshop, Corel-Drive ва ғайра...
- донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмист (донистани забони англисӣ афзалият дорад);
- доштани таҷрибаи корӣ дар самти марбута на камтар аз 2 сол.
14.03.2023
Эълони Озмун
Идораи бозори молиявӣ
сармутахассиси шуъбаи кор бо қарзҳо (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ ё молиявӣ;
- доштани дониши хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бонкӣ, гражданӣ, маъмурӣ, ҷиноятӣ, мурофиавӣ, меҳнатӣ, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва дигар;
- малакаи касбии кор бо компютер - MS Office (Word, Excel, PowerPoint, Visio ҳатмист), донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабакаи интернет;
- донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмист, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
- қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ ва хулосабарорӣ;
- донистани Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (СБҲМ) афзалият дорад;
- маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот ва ҳисобот бо забонҳои давлатӣ ва русӣ;
- доштани собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ на кам аз ду сол. Собиқаи кори ҳуқуқӣ дар низоми бонкӣ ва ё молия, инчунин дар сохторҳои ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ алоқаманд ё ширкатҳои бонуфузи машваратии ҳуқуқӣ бартарӣ дорад.
21.02.2023
Эълони Озмун
Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушд
I
Мутахассиси дараҷаи 1 шуъбаи таҳлили макроиқтисодӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- Маълумоти олӣ дар самти иқтисодиёт, молия ва бонкдорӣ;
- Сатҳи кофии дониш дар соҳаи назарияи иқтисодӣ (макроиқтисодиёт), бахши молиявӣ-бонкӣ;
- Таҷрибаи корӣ дар соҳаи иқтисодиёт афзалият дода мешавад;
- Доштани қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ ва хулосабарорӣ, маҳорати тайёр ва пешниҳод намудани рӯнамо дар таҳия ва омода намудани мавзуҳои таҳлилӣ, инчунин маҳорати баланди ибрози андеша тариқи хаттӣ ва шифоҳӣ;
- Пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
- Маҳорати кор дар компютер, донистани ҳатмии барномаҳои Ms Office (Excel, Word ва Power Point);
- Доштани унвони илмҳои иқтисодӣ (Master’s in Finance or in Economics, PhD) афзалият дода мешавад.
- Донистани забонҳои давлатӣ, англисӣ ва русӣ ҳатмист.
10.02.2023
Эълони Озмун
Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ
I
Муовини мудири шуъбаи минтақавӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- Таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ ( магистр );
- Доштани собиқаи кор на кам аз 5 сол дар соҳаи бонкӣ ва молиявӣ ( на кам аз 3 сол дар вазифаи роҳбарикунанда );
- Донистани хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон алалхусус иқтисодӣ, бонкдорӣ ва меҳнатӣ:
- Доштани қобилияти хуби муошират бо коллективӣ меҳнатӣ ва аҳли ҷомеа;
- Маҳорати баланди кор бо компютер MsОffice (Word, Ехеll, Power Point), донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабақаи интернет;
- Донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ авзалият дорад.
12.01.2023
Эълони Озмун
Идораи ҳуқуқ
I
мутахассиси дараҷаи 1 шуъбаи санадҳои меъёрии идораи ҳуқуқ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
-
Маълумоти олии ҳуқуқӣ;
-
Cобиқаи кори ҳуқуқӣ на кам аз 3-сол. Cобиқаи кори ҳуқуқӣ дар низоми бонкӣ ва ё молия, инчунин дар сохторҳои ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ алоқаманд ё ширкатҳои бонуфузи машваратии ҳуқуқӣ бартарӣ дорад;
-
Дониши хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бонкӣ, гражданӣ, маъмурӣ, ҷиноятӣ, мурофиавӣ, меҳнатӣ, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва дигар;
-
Қобилияти таҳлилӣ ва хулосабарорӣ;
-
Маҳорати хуби ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ бо забони давлатӣ, русӣ;
-
Малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Word, Excel, Power point);
-
Донистан ва озод ҳарф задан бо забони давлатӣ, русӣ (донистани забони англисӣ бартарӣ дорад).
Новости
26 - 30 из 75
Начало
|
Пред.
|
4
5
6
7
8
|
След. |
Конец