Мушаххасоти тангаҳои филизии Бонки миллии Тоҷикистон, барориши соли 2018 Арзиши 1 сомонӣ
Тангаи муомилотии Бонки миллии Тоҷикистон бо арзиши номиналии 1 сомонӣ аз диски мудаввари дорои қутри 24,5 мм ва ғафсии 1,8 мм буда, аз филизи ранга – нейзилбер сохта шудааст.
Да рӯйи танга дар марказ номинали он (1 сомонӣ), гирдогирдаш бо нақши дорои ҳашт шуоъ зинат ёфтааст ва дар зери нақш соли барориши танга дарҷ шудааст. Болотар аз номинали танга тасвири тоҷи шоҳӣ ва ҳафт ситорача – расм аз нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвир шудааст.
Дар паси танга расми арбоби маъруфи давлатии тоҷик М. Турсунзода, дар поён сарҳарфи ном ва насаби ӯ зикр шудааст. Дар қисмати нимдоира дар поён навиштаҷоти “ЯК СОМОНӢ” омадааст, ки арзиши номиналиро ифода мекунад, дар боло навиштаҷоти “ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН” омадааст, ки баТоҷикистон тааллуқ доштани тангаро мефаҳмонад. Ҳамаи тасвирҳо ва навиштаҷот дар танга барҷаст ҳастанд. Канораҳои танга бо барҷастагиҳо ҳошиякорӣ шудаанд. Дар сатҳи паҳлуии танга 24 барҷастагӣ ҳаккокӣ шудааст. Вазни танга 5,8 грамм аст. Мушаххасоти тангаҳои филизии Бонки миллии Тоҷикистон, барориши соли 2018 Арзиши 3 сомонӣ Тангаи муомилотии Бонки миллии Тоҷикистон бо арзиши номиналии 3 сомонӣ дар шакли диски мудаввари дорои қутри 25,5 мм ва ғафсии 1,8 мм, аз филизи ранга – нейзилбер сохта шудааст.
Да рӯйи танга дар марказ номинали танга (3 сомонӣ), ки гирдогирдаш бо нақши дорои ҳашт шуоъ зинат ёфтааст ва дар зери нақш соли барориши танга дарҷ ёфтааст. Болотар аз номинали танга тасвири тоҷи шоҳӣ ва ҳафт ситорача – расм аз нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвир шудааст.
Дар паси танга расми арбоби давлатии тоҷик Ш. Шоҳтемур, дар поён сарҳарфи ном ва насаби ӯ зикр шудааст. Дар қисмати нимдоира дар поён навиштаҷоти “СЕ СОМОНӢ” омадааст, ки арзиши номиналиро ифода мекунад, дар боло навиштаҷоти “ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН” омадааст, ки ба Тоҷикистон тааллуқ доштани тангаро мефаҳмонад.
Ҳамаи тасвирҳо ва навиштаҷот дар танга барҷаст ҳастанд. Канораҳои танга бо барҷастагиҳо ҳошиякорӣ шудаанд. Дар сатҳи паҳлуии танга ду навиштаҷоти қирраҳо – “СЕ СОМОНӢ”, ки бо нуқтаҳо ҷудо шудаанд, тасвир шудааст. Вазни танга 6,3 грамм аст.
Тангаи муомилотии Бонки миллии Тоҷикистон бо арзиши номиналии 5 сомонӣ дар шакли диски мудаввари қутраш 26,5 мм ва ғафсиаш 1,85 мм, аз филизи ранга – нейзилбер сохта шудааст.
Дар рӯйи танга дар марказ номинали он (5 сомонӣ), ки гирдогирдаш бо нақши дорои ҳашт шуоъ зинат ёфтааст, дар зери нақш соли барориши танга дарҷ шудааст. Дар қисмати рости адади “5” тасвири ноаён, ки ҳангоми ба як тараф каҷ нигоҳ доштани он адади “5” намоён мешавад, ҳангоми ба тарафи дигар моил кардани танга ҳарфҳои “БМТ” дида мешаванд. Болотари номинали танга тасвири тоҷи шоҳӣ ва ҳафт ситорача – расм аз нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шудааст.
Дар паси танга расми асосгузори адабиёти муосири тоҷик С. Айнӣ ба андозаи ¾, дар поёни он сарҳарфи ном ва насаби ӯ зикр шудааст. Дар қисмати нимдоира дар поён навиштаҷоти “ПАНҶ СОМОНӢ” омадааст, ки арзиши номиналиро ифода мекунад, дар боло навиштаҷоти “ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН” омадааст, ки ба Тоҷикистон тааллуқ доштани тангаро мефаҳмонад. Ҳамаи тасвирҳо ва навиштаҷот дар танга барҷаста ҳастанд. Канораҳои танга бо барҷастагиҳо ҳошиякорӣ шудаанд. Дар сатҳи паҳлуии танга дандонаҳо – 7 бахши дорои 12 қирра, ки бо ситорачаҳо ҷудо шудаанд, ҳак шудаанд. Вазни танга 7 грамм аст.
Тавсифи тангаҳои филизии Бонки миллии Тоҷикистон барориши соли 2011
Арзиши 1 дирам: Рӯи танга (аверс): Дар маркази қурс адади ифодакунандаи арзиши танга, “1”, дар зери адад калимаи “дирам”, дар тарафи чапи адади “1” ба тарзи амудӣ ду қатор унсурҳои нақшу нигори миллӣ нақш ёфтаанд.
Паси танга (реверс): Дар маркази қурс Нишони Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, давро даври нишон навиштаҷоти “Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дар қисми поёнии қурс адади ифодакунандаи соли барориши танга – “2011” тасвир шудаанд. Арзиши 2 дирам: Рӯи танга (аверс): Дар маркази қурс адади ифодакунандаи арзиши танга, “2”, дар зери адад калимаи “дирам”, дар тарафи чапи адади “2” ба тарзи амудӣ ду қатор унсурҳои нақшу нигори миллӣ нақш ёфтаанд.
Паси танга (реверс): Дар маркази қурс Нишони Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, давро даври нишон навиштаҷоти “Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дар қисми поёнии қурс адади ифодакунандаи соли барориши танга – “2011” тасвир шудаанд. Арзиши 5 дирам: Рӯи танга(аверс): Дар маркази қурс адади ифодакунандаи арзиши танга, “5” , дар зери адад калимаи “дирам”, дар зери калимаи “дирам” як адад ва дар тарафи чапи адади “5” ба тарзи амудӣ ду қатор унсурҳои нақшу нигори миллӣ нақш ёфтаанд.
Паси танга(реверс): Дар маркази қурс Нишони Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, давро даври нишон навиштаҷоти “Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дар қисми поёнии қуср адади ифодакунандаи соли барориши танга – “2011” тасвир шудаанд. Арзиши 10 дирам: Рӯи танга(аверс): Дар маркази қурс адади ифодакунандаи арзиши танга, “10” дар зери адад калимаи “дирам”, дар зери калимаи “дирам” як адад ва дар тарафи чапи адади “10” ба тарзи амудӣ ду қатор унсурҳои нақшу нигори миллӣ нақш ёфтаанд.
Паси танга(реверс): Дар маркази қурс Нишони Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, давро даври нишон навиштаҷоти “Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дар қисми поёнии қуср адади ифодакунандаи соли барориши танга – “2011” тасвир шудаанд. Арзиши 20 дирам: Рӯи танга(аверс): Дар маркази қурс адади ифодакунандаи арзиши танга, “20” дар зери адад калимаи “дирам”, дар зери калимаи “дирам” як адад ва дар тарафи чапи адади “20” ба тарзи амудӣ ду қатор унсурҳои нақшу нигори миллӣ нақш ёфтаанд.
Паси танга(реверс): Дар маркази қурс Нишони Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, давро даври нишон навиштаҷоти “Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дар қисми поёнии қуср адади ифодакунандаи соли барориши танга – “2011” тасвир шудаанд. Арзиши 50 дирам: Рӯи танга (аверс): Дар маркази қурс адади ифодакунандаи арзиши танга, “50” , дар зери адад калимаи “дирам”, дар зери калимаи “дирам” як адад ва дар тарафи чапи адади “50” ба тарзи амудӣ ду қатор унсурҳои нақшу нигори миллӣ нақш ёфтаанд.
Паси танга (реверс): Дар маркази қурс Нишони Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, давро даври нишон навиштаҷоти “Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дар қисми поёнии қуср адади ифодакунандаи соли барориши танга – “2011” тасвир шудаанд. Арзиши 1 сомонӣ: Рӯи танга (аверс): Дар қисми болоии маркази қурс адади ифодакунандаи арзиши танга, “1” , дар зери адад калимаи “сомонӣ”, аз тарафи рости адади “1” ва зери калимаи “сомонӣ” бо тарзҳои амудӣ ва офоқӣ унсурҳои нақшу нигори миллӣ нақш ёфтаанд.
Паси танга (реверс): Дар маркази қурс Нишони Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, давро даври нишон навиштаҷоти “Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дар қисми поёнии қуср адади ифодакунандаи соли барориши танга – “2011” тасвир шудаанд. Хусусиятҳои техникӣ:
Танга
Тоҷикон анъанаи хеле қадими сикказанӣ ва муомилоти пулӣ доранд. Барориши аввалин сиккаҳо дар сарзамини бостонии Бохтару Суғд аз асри III то милод, аз замони давлатдории сулолаҳои Селевкиён ва Юнону Бохтариён ибтидо мегирад. Ин сиккаҳо драхма (дирҳам) ном дошта, тибқи анъанаҳои сикказании юнониён сохта мешуданд. Минбаъд сикказанӣ ва муомилоти пулӣ дар тӯли таърихи миллат ҳеҷ гоҳ қатъ нагардида, то садаи ХХ пайваста идома ёфтааст.
Авҷи аълои сикказанӣ ва муомилоти молию пулӣ ба даврони аввалин давлати мутамаркази тоҷикон – Сомониён (875 - 999), ки пули нави Тоҷикистони мустақил ба ифтихори онҳо «Сомонӣ» номгузорӣ шудааст, рост меояд. Қобили тазаккур аст, ки дар қаламрави ин давлати муқтадир қариб 30 маркази сикказанӣ вуҷуд дошт.
|