Тангаҳои ҷашнӣ

Тангаҳои ҷашнӣ
Тангаҳои ҷашнии Бонки миллии Тоҷикистон 
Бонки миллии Тоҷикистон 1 ноябри соли 2004 бахшида ба 10 – солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон ва 80 – солагии пойтахти чумҳурӣ – шаҳри Душанбе, тангаҳои ҷашнии арзишашон 5 сомонӣ ва 3 сомониро ба муомилот баровард. 

Тангаҳои хотиравӣ дар баробари тангаҳои ҳамарзиши барориши соли 2001 – ӯм гардиш хоҳанд кард. 

Ин тангаҳо аз маводи омехта сохта шудаанд: халқаи беруниашон аз хӯлаи мису руҳи тамғаи ЛМЦ (латун), халқаи дохилиашон аз хӯлаи мису никели нуқрамонанд. 

Хусусияти тангаҳо:                                                                                      

Тангаи ҷашнии арзишаш 5 сомонӣ : 

Бо қутри 26,50 мм. Ва вазни 7,5 гр.

Навиштаҳо ва тасвирҳо: 
Дар рӯи рост: дар рӯи халқаҳои берунии зарринтоб навиштаи «Ҷумҳурии Тоҷикистон» сабт шудааст. Дар поёни он соли сикка зада шудани он – 2004. 

Дар рӯи ҳалқаи дохилии сафедранг аз боло тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар поён навиштаи арзиши 5 – сомонӣ ифода ёфтаанд. Ҳалқаи танга бо нақшаҳои миллӣ оро ёфтааст. 

Дар рӯи чап : дар рӯи ҳалқаи берунӣ навиштаи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сабт ёфтааст. Дар ҳалқаи дарунӣ тасвири Парчами давлатӣ ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон акс ёфтаанд. 

Дар поён тасвири шохаи дарахти нахл ва дар қисмати болои парчам навиштаҷоти «Х сол» сабт гардидаанд. Қирраи танга ҳамвор буда, дар рӯи он навиштаҷоти «панҷ сомонӣ» - бо ситорачаҳо дар атрофи он ҳаккокӣ гардидааст.

Тангаи ҷашнии арзишаш 3 сомонӣ: 

Бо қутри 25,50 мм. Ва вазни 6,35 гм. 

Навиштаҳо ва тасвирҳо: 

Дар рӯи рост: дар рӯи ҳалқаи берунӣ навиштаи «Ҷумҳурии Тоҷикистон * 2004» сабт ёфтааст. 

Дар қисмати болои ҳалқаи нуқрамонанди он Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мобайн арзиши 3 – сомонӣ сабт шудаанд. Ҳалқа бо нақшу нигори миллӣ оро ёфтааст. 

Дар рӯи чап : дар рӯи ҳалқаи берунӣ навиштаҷоти «Пойтахти Тоҷикистон – ш. Душанбе 1924-2004» ва дар поёни он соли сикка зада шудани танга – 2004 сабт ёфтааст. Дар ҳалқаи дарунӣ тасвири ёдгории меъмории исмоили Сомонӣ акс ёфтааст. Дар боли рости тоқи ёдгорӣ аз боло навиштаҷоти «80 сол» омадааст. Қирраи танга ҳамвор буда, дар рӯи он навиштаҷоти «се сомонӣ» - бо ситорачаҳо дар атрофи он ҳаккокӣ гардидааст. 

Ҳамчунин, барои мақсадҳои нумизматикӣ бо ҳамин арзишҳо ва хусусиятҳои техникӣ тангаҳои нуқрагӣ низ сикка зада шудаанд. 

Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008) аз филизи ранга (хулаи мису никел ва руҳ) тангаи ҷашнии арзишаш 5 сомониро аз 25 августи соли 2008 ба муомилот баровард: 

Арзиш
Филиз
Вазни умумӣ, грамм
Қутр, мм. 
Ғафсӣ, мм. 
Миқдор, дона 
5 сомонӣ
филизи омехта (мис, никел, руҳ))
7,00
26,50
1,85
100 000

Рӯи танга: дар қутри ҳалқаи берунӣ ба забони тоҷикӣ навиштаҷоти «ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» ва дар байни ду ситораи хурд арзиши танга бо ҳуруф «ПАНҶ СОМОНӢ», дар маркази қурс адади «5» (арзиш), дар қисми болоии он Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвир гардида, даври навиштаҷот бо нақшу нигори миллӣ оро ёфтааст, дар қисми поёнӣ соли барориш-2008 ва аз тарафи рости адад навъи филиз нишон дода шудааст. 

Паси танга: дар қутри ҳалқаи берунӣ навиштаҷот «САРДАФТАРИ АДАБИЁТИ ТОҶИК АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ», дар маркази қурс расми шоир, аз тарафи рости расм лӯлапечи дастнавис, дар лӯлапеч навиштаҷоти «1150 сол» ва хома (рамзи осори шоир) акс ёфтаанд.