Научно-исследовательский институт и переподготовки кадров


20.11.2018

Таҳлили Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ ва бонкдории исломӣ дар рӯнамоӣ

17 ноябри соли 2018 таҳти роҳбарии Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва иштироки роҳбарони воҳидҳои сохториву кормандони Бонки миллии Тоҷикистон машғулияти омӯзишӣ оид ба баррасии рӯнамоиҳо аз таҷрибаи андӯхтаи мутахассисон дар давлатҳои дигар баргузор гардид.

563A8419-1.JPG

Дар оғози машғулияти омӯзишӣ директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ Моҳбону Накатова рӯнамоии худро аз семинари байналмилалии “Стратегияи дастрасии молиявӣ”, ки доир ба татбиқ ва андозагирии стратегияи миллии фарогирии молиявӣ бо истифода аз таҷрибаи давлатҳои дигари узви Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ (AFI) мураттаб шудааст, пешниҳоди аҳли нишаст гардонид.

Дар ҷараёни рӯнамоӣ пеш аз ҳама дар бораи дастрасии молиявӣ ва фарогирии молиявӣ сухан рафта, қайд гардид, ки Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ чор самти афзалиятнок, аз ҷумла, саводнокии молиявӣ, навоварии молиявӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва маблағгузории хурдро дар бар гирифта, баъд аз ҷамъоварии маълумот, гузаронидани тадқиқот, мониторинг ва баҳодиҳӣ дар амал татбиқ карда мешавад.

563A8452-2.JPG

Моҳбону Накатова дар доираи рӯнамоӣ инчунин, оид ба саҳму вазифаҳои иштирокдорони Стратегияи миллии фарогирии моливӣ (стейкҳолдерон), ки аз вазорату идораҳои блоки иқтисодӣ ва иҷтимоӣ иборат мебошанд, мухтасар қайд карда гузашт.

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев баъди пешниҳодҳои ҷолиб ҷиҳати такмили рӯнамоии мазкур баромад карда, дар маҷмӯъ ба баромади мазкур баҳои баланд дод. Ҷамолиддин Нуралиев таъкид бар он дошт, ки ҳадафи асосии чунин тарзи пешниҳоди муаррифӣ шинос намудани иштирокчиён бо раванди татбиқ ва андозагирии Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар кишварҳои узви Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ (AFI) иборат мебошад. Бо дарназардошти ин, Ҷамолиддин Нуралиев дар оянда таҳия ва дар амал татбиқ намудани Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар Тоҷикистонро барои рушди босуботи низоми молиявии кишвар ва фарогирии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ намуд.

563A8436-3.JPG

Дар идомаи машғулияти омӯзишӣ, корманди Департаменти назорати бонкӣ Муслим Бердиев дар мавзӯи “Рушди бонкдории исломӣ” оид ба бонкдории исломӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва раванди ҷоришавии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти мушаххас манзур намуд. Дар рафти машғулият инчунин, мутахассиси Идораи суботи молиявӣ Шуҳрат Розиев дар мавзӯи “Суботи молиявӣ” рӯнамоии муфассалро манзури ҳозирин гардонид.

563A8424-4.JPG

Дар қисмати ҷамъбастӣ, ки бо муҳокимарониҳои ҷолиб сурат гирифт, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, баъди зикри паҳлуҳои ҷолиби муаррифиҳо, бо назардошти пешниҳоду эродҳо бори дигар таъкид намуд, ки мутахассисон дар баробари шарҳи мавзӯи рӯнамоиҳо, инчунин, барои дар амал татбиқ намудани дониши андӯхтаи хеш кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку