20 - 21 феврали соли 2020 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ва Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотӣ вохӯрии гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба самтҳои афзалиятнок дар раванди омода, коркард ва таҳия намудани Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо коршиносони байналмилалӣ, тарафҳои манфиатдор ва бахши хусусӣ баргузор гардид. Бояд қайд кард, ки Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи Осиёи Марказӣ оид ба Фарогирии молиявӣ таҳия шуда истодааст.
Гурӯҳи кории байниидоравӣ аз ҳисоби мутахассисони вазорату идораҳои асосӣ, ки нақши онҳо дар омода, коркард ва таҳия намудани Стратегия ниҳоят муҳим арзёбӣ гардидааст, ташкил карда шудааст.
Кори чорабинӣ аз рӯи чор самт: саводнокии молиявӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, рушди маҳсулот ва пардохтҳои рақамӣ гузаронида шуд. Самтҳои мазкур ба масъалаҳои баландбардории саводнокии молиявии аҳолӣ, васеъ намудани доираи интихоби хизматрасониҳои молиявӣ аз ҷониби истеъмолкунандагон, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва рушди пардохтҳои ғайринақдӣ ва муосири рақамӣ бахшида шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки дар чорабинии мазкур як қатор роҳбарони воҳидҳои сохтории БМТ ва намояндагони Вазорати адлияи ҶТ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ, БДА ҶТ “Амонатбонк”, Агентии омори назди Президенти ҶТ ва дигар намояндагони бахши хусусӣ иштирок намуда, таклифу пешниҳодҳои худро вобаста ба лоиҳаи Стратегия иброз намуданд.