11.11.2025 Маркази байналмилалии омӯзишӣ-методии мониторинги молиявии Федератсияи Россия довталабонро барои таҳсил ба мактабҳои олии ин кишвар даъват менамояд

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади рушди минбаъдаи низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО), ҳамкориро бо Хадамоти федералии мониторинги молиявии Федератсияи Россия ва Маркази байналмилалии омӯзишӣ - методии мониторинги молиявии ин кишвар баҳри омода намудани мутахассисони ватанӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО дар мактабҳои олии Федератсияи Россия ба роҳ мондааст.

05.11.2025 Семинари амалии омодасозии коршиносони миллӣ ба даври сеюми баҳодиҳии мутақобилаи Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм

Аз 27 то 31 октябри соли 2025 дар Бонки миллии Тоҷикистон семинари амалии омодасозии гурӯҳи коршиносони миллӣ ба даври сеюми баҳодиҳии мутақобилаи Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО) баргузор гардид.

08.10.2025 Ба феҳристе, ки бо қатъномаи ША СММ тасдиқ шудааст тағйирот ворид карда шуд

Комитет учреждённый на основании резолюций Совета Безопасности ООН 1267/1989/2253 утвердил изменения в перечень лиц и учреждений связанных с ИГИЛ (ДАИШ) и “Аль-Каиды”

15.09.2025 Ҷаласаи якуми Гурӯҳи коршиносони миллӣ

12 сентябри соли 2025 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи якуми Гурӯҳи коршиносони миллӣ ҷиҳати омодагӣ ба даври сеюми баҳодиҳии мутақобилаи низоми муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳамаи хабарҳо

Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025,
ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ, 38/1.

Мушаххасоти тамос: тел: +992(44) 600 36 84;
факс: +992(44) 600 36 87; e-mail: dmm@nbt.tj