Ба рӯйхати миллии шахсони воқеӣ, ки бо терроризм алоқамандӣ доранд, тағйирот ворид карда шуд.
Кумитае, ки дар асоси қатъномаҳои Шурои Амнияти СММ 1267/1989/2253 таъсис дода шудааст, тағйиротҳои дар феҳристи шахсон ва ташкилотҳои бо ДИИШ ва “Ал-Қоида” алоқамандро тасдиқ кард.
Ба руйхати миллии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки бо терроризм алоқамандӣ доранд, тағйирот ворид карда шуд.
Рӯзҳои 27-28 феврали соли 2020 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом - Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода ва иштироки Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода, Котиби иҷроияи Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО) Тетеруков С.А. ва шарикони рушд ҷамъомад доир гардид.
Рӯзҳои 25-26 феврали соли 2020 бо ибтикори Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Комплаенс (Мутобиқсозӣ) (ICA) барои намояндагони низоми бонкии кишвар семинари омӯзишӣ дар мавзӯъҳои “Муштарии худро бидон” (KYC) ва “Муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои дар самти молия” доир гардид.
Рӯзҳои 17-21 феврали соли 2020 дар Бонки миллии Тоҷикистон барои кормандони мақоми ваколатдор ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) аз ҷониби дафтари Ташкилоти ихтиёрӣ оид ба хизматрасониҳои молиявӣ (FSVC) дар шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Кумитае, ки дар асоси қатъномаҳои Шурои Амнияти СММ 1267/1989/2253 таъсис дода шудааст, тағйиротҳои дар феҳристи шахсон ва ташкилотҳои бо ДИИШ ва “Ал-Қоида” алоқамандро тасдиқ кард.
Кумитае, ки дар асоси қатъномаҳои Шӯрои Амнияти СММ 1267/1989/2253 таъсис дода шудааст, тағйиротҳои дар феҳристи шахсон ва ташкилотҳои бо ДИИШ ва “Ал-Қоида” алоқамандро тасдиқ кард.
Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади рушди минбаъдаи низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) ва баҳри омода намудани мутахассисони ватанӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО дар макотибҳои олии Федератсияи Русия қайд менамояд, ки айни замон марҳилаи навбатии қабули довталабон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил дар макотибҳои олии Федератсияи Русия барои солҳои 2020-2021 оғоз гардидааст.