Ахбор
28 Декабр 2024 с., Шанбе

26.05.2020 Тағйир ёфтани руйхати миллӣ

Ба руйхати миллии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки бо терроризм алоқамандӣ доранд, тағйирот ворид карда шуд.

06.03.2020 Вохӯрии шарикони рушд оид ба Нақшаи лоиҳавии кӯмаки техникии Гурӯҳи Авросиё оид ба МҚД/МТ

Рӯзҳои 27-28 феврали соли 2020 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом - Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода ва иштироки Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода, Котиби иҷроияи Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО) Тетеруков С.А. ва шарикони рушд ҷамъомад доир гардид.

04.03.2020 Семинари омӯзишӣ барои кормандони ташкилотҳои қарзӣ

Рӯзҳои 25-26 феврали соли 2020 бо ибтикори Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Комплаенс (Мутобиқсозӣ) (ICA) барои намояндагони низоми бонкии кишвар семинари омӯзишӣ дар мавзӯъҳои “Муштарии худро бидон” (KYC) ва “Муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои дар самти молия” доир гардид.

26.02.2020 Баланд бардоштани иқтидори озмоишии кормандони соҳаи МҚД/МТ/МПСҚО

Рӯзҳои 17-21 феврали соли 2020 дар Бонки миллии Тоҷикистон барои кормандони мақоми ваколатдор ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) аз ҷониби дафтари Ташкилоти ихтиёрӣ оид ба хизматрасониҳои молиявӣ (FSVC) дар шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

20.02.2020 Ба феҳристе, ки бо қатъномаи ША СММ тасдиқ шудааст тағйирот ворид карда шуд

Кумитае, ки дар асоси қатъномаҳои Шурои Амнияти СММ 1267/1989/2253 таъсис дода шудааст, тағйиротҳои дар феҳристи шахсон ва ташкилотҳои бо ДИИШ ва “Ал-Қоида” алоқамандро тасдиқ кард.

06.02.2020 Ба феҳристе, ки бо қатъномаи ША СММ тасдиқ шудааст тағйирот ворид карда шуд

Кумитае, ки дар асоси қатъномаҳои Шӯрои Амнияти СММ 1267/1989/2253 таъсис дода шудааст, тағйиротҳои дар феҳристи шахсон ва ташкилотҳои бо ДИИШ ва “Ал-Қоида” алоқамандро тасдиқ кард.

30.01.2020 Маълумот барои довталабон

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади рушди минбаъдаи низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) ва баҳри омода намудани мутахассисони ватанӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО дар макотибҳои олии Федератсияи Русия қайд менамояд, ки айни замон марҳилаи навбатии қабули довталабон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил дар макотибҳои олии Федератсияи Русия барои солҳои 2020-2021 оғоз гардидааст.

22.01.2020 Ба феҳристе, ки бо қатъномаи ША СММ тасдиқ шудааст тағйирот ворид карда шуд

15 январи соли 2020 Кумита дар асоси қатъномаҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфтааст, тағйиротро ба руйхати шахсон ва муассисаҳое, ки ба ДИИШ ва Ал-Қоида алоқаманданд, тасдиқ кард

16.01.2020 Такмили имкониятҳои низоми МҚД/МТ/МПСҚО

Рӯзҳои 13-15 январи соли 2020 дар Бонки миллии Тоҷикистон барои кормандони мақоми ваколатдор дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) бо ташаббуси дафтари Ташкилоти ихтиёрӣ оид ба хизматрасониҳои молиявӣ (FSVC) дар ш.Душанбе ва дар ҳамбастагӣ бо Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

06.01.2020 Кумитаи Шӯрои Амният, оид ба Ироқ, аз Феҳристи Таҳримҳо 15 шахсони ҳуқуқи-ро хориҷ кард

Кумитае, ки дар асоси қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ 1518 (2003) таъсис дода шудааст, истисноро оид ба Рӯйхати шахсони воқеӣ ва ташкилотҳое зерин, ки молу мулкашон манъ карда шаванд тасдиқ кард, тибқи сархатҳои 19 ва 23 Қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ 1483 (2003), ки дар асоси Боби VII Низомномаи СММ қабул гардидааст


Новости 81 - 90 аз 202
Аввал | Пешӣ | 7 8 9 10 11 | Баъдӣ | Охир Ҳамаи саҳифаҳо